00:52:25 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Путин аз занаш ҷудо шуд


Шоми гузашта, 6 июни соли равон Президенти Русия Владимир Путин расман эълон кард, ки ба ҳаёти муштараки хонаводагии сисолаи худ бо Людмила Путина поён бахшид ва аз ҳамин лаҳзаҳо онҳо дигар зану шавҳар нестанд.

razvod-president-070613Бино ба гузориши ВАО-и ин кишвар шоми панҷшанбе сарвари давлати Русия бо ҳамсараш якҷо ба тамошои балети «Эсмералда" рафтанд, ки дар Кохи давлатии Кремл барои ашрофзодагон намоиш дода мешуд. Зарфи як соли охир ин аввалин бор буд, ки ҷомеаи Русия президент ва ҳамсарашро якҷо дар маҳзари ом медид. Аксҳои ин ду тан ва вурудашон ба тамошо ҳатто аз тариқи дафтари матбуотии президент расонаӣ гардид. Зеро ба назар мерасид тарроҳони таблиғоти ҳузури муштараки Путин бо ҳамсараш дар балет мехостанд овозаҳо атрофи ҷудоии зану шавҳар Путинҳоро бо ин амал такзиб намоянд. 

Аммо тибқи гузориши  "Интерфакс"  баъди анҷоми бахши аввал Путинҳо толорро тарк карданд. Аммо онҳо на, ки хона рафта бошанд, балки аз тариқи шабакаи сартосарии телевизионии  "Россия-24" расман эълон карданд, ки аз ин лаҳза ба баъд дигар зану шавҳар нестанд. Путин дар сӯҳбат бо ин телевизион ҷудоиро тасмими муштарак номид ва эълон кард, ки «акнун зиндагии якҷояи мо ба поён расид». 

Путинҳо аз ҳаёти муштарак соҳиби ду духтар бо номҳои  Мария ва Катерина мебошанд. Вале зиндагии хонаводагии онҳо ҳамеша ба мушкиле рӯ ба рӯ буд, ки аз назари гузоришгарони матбуот ҳам дур намемонд. Путин ҳамеша дар посух ба саволҳо дар бораи оилааш мекӯшид кӯтоҳ посух диҳад. Ҳатто борҳо дар матубот бо Алина Кабаева ҳамсар будани президенти Русия мақолаҳо интишор меёфтанд, вале расман на такзиб мешуданд ва на тайид.

Боре дар хориҷ аз кишвар мақолае ҳам ба нашр расид, ки гӯё замони корманди КГБ будан Людмила аз осори латукӯб шуданаш аз ҷониби шавҳар дар Олмон шикоят крада будааст. Агар ин хабар сиҳат дошта бошад, пас метавон гуфт, ки ҳаёти муштарак барои хонаводаи президенти Русия на ҳамеша ҳамвору бидуни мушкилот будааст.

Фирӯзи МУҲАММАД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi