17:36:04 15-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

FP: "Чин дар пушти парда бо Толибон доду гирифт дошт"

Маҷаллаи Foreign Policy дар иртибот ба равобити пушти пардаи Чин бо Толибон матлаберо ба нашр расонидааст. Ба навишта маҷалла, ҳатто дар 11-уми сентябри соли 2001, дар лаҳзаҳое, ки Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк мавриди ҳамла қарор гирифт, як ҳайати Чин барои имзои қарордоди тиҷоратӣ дар Кобул бо Толибон нишаста буд.

china 22062013Баъд аз суқути режими Толибон боз ҳам Чин робитаҳои пинҳонии худро бо Шӯрои Кувайта ҳифз кард. Як мақоми пешини Чин дар суҳбат бо ин маҷалла гуфтааст, дар паҳлӯи Покистон, Чин ягона кишваре ба шумор меравад, ки тамоси худро бо Толибон идома дод. Тибқи иттилои манобеи огоҳ, дар 18 моҳи гузашта мақомоти Чин дар суҳбат ба амрикоиҳо рӯшан сохтаанд, ки онҳо бо Толибон дар тамос ҳастанд. Робитаи Чин бо Толибон дар солҳои 1990 бештар банигаронии Пекин дар мавриди ҳаракатҳои ҷудоихоҳи мусалмонони уйғур дар Чин рабт мегирифт. Чин нигарон буд, ки ҳукумати Толибон дар Кобул аз ин гуруҳ ҳимоят кунад.

Дар як мулоқот дар моҳи сентябри соли 2000 дар Қандаҳор, раҳбари Толибон Мулло Умар ба сафири Чин дар Исломобод итминон дода буд, ки ба ҳеҷ гуруҳе иҷозат нахоҳанд дод, ки аз хоки Афғонистон алайҳи кишвари дигар амалиёт анҷом диҳад. Дар муқобил Мулло Муҳаммад Умар аз Чин хост ки ҳукуматашро ба расмият бишносад ва дар баробари таҳримҳои СММ алайҳи Толибон, аз ҳаққи ветои худ истифода кунад.

Аммо ба навиштаи Foreign Policy, ҳеҷ яке аз тарафҳо хостаҳои якдигарро амалӣ накарданд. Аммо ду тараф ба ин натиҷа расиданд, ки метавонанд доду гирифти тиҷоратӣ дошта бошанд. Сафири Толибон дар Исломобод дар он вақт гуфта буд, ки сафири Чин дар инҷо ягона шарики хуб мебошад, ки равобити наздикро бо онҳо ҳифз кардааст.

Баъд аз суқути ҳукумати Толибон, манобеъ дар Покистон мегӯянд, ки раҳбарони Толибон ба ин назаранд, ки бе ин ҳам душманони зиёд доранд ва набояд муносибати худ бо Чинро вайрон созанд. Чин ҳам ба хотири он, ки шаҳрвандон ва сармоягузориҳои он дар хориҷ мавриди ҳамла қарор нагирад, ба гунае тамос бо Толибонро ҳифз кард.

Ба навиштаи Foreign Policy, ҳамакнун Чин барои сармоягузориҳои бузург дар Афғонистон омодагӣ дорад ва намехоҳад, ки бо ба саҳна баргаштани Толибон, дар ин бахш манофеи худро аз даст диҳад. Бузургтарин тарҳи сармоягузории Чин дар Афғонистон кони «Миси Айнак» мебошад. Кони «Миси Айнак» дар минтақае ҷойгир аст, ки шабакаи Ҳаққонӣ, яке аз ҷиноҳҳои Толибон аз нуфузи зиёд бархӯрдор аст.

Нашрияи Foreign Policy меафзояд, дар даҳаи 1990 вақте, ки Афғонистон ба гирдоби ҷанги дохилӣ афтод, Чин ба ин кишвар таваҷҷуҳи зиёд надошт. Аммо акнун, ки манофеи бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва амнияӣ дар минтақа ва Афғонистон дорад, Пекин намехоҳад, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф дар соли 2014, ин кишвар дубора ба ботлоқи ҷанги дохили биафтад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi