10:44:16 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 26
27 28 29 30 31    

Барканории Мурсӣ. Идомаи "баҳори араб" ё кудатои низомӣ?

Артиши Миср шомгоҳи чаҳоршанбе Муҳаммад Мурсиро аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кард ва эътибори Қонуни асосии он кишварро муваққатан боздошт.

generali-misr 04072013Абдулфаттоҳ Сийсӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср бо хондани баёнияе, тасмими артишро ба иттилои мардум расонд. Ин баёния пас аз поёни зарбулаҷали 48 соатаи артиш ба раёсати ҷумҳурӣ ва гуруҳҳои сиёсӣ барои дастёбӣ ба тавофуқе ба манзури поён додан ба буҳрони Миср содир шудааст.

Шомгоҳи рӯзи душанбе пас аз ду рӯзи тазоҳурои даҳҳо ҳазор нафар аз мухолифони Мурсӣ бо талаби барканории ӯ аз қудрат, артиш бо эъломи зарбулаҷали худ ҳушдор дода буд, ки дар сурати поёни ин мӯҳлат, «нақшаи роҳе» барои ояндаи кишвар амалӣ хоҳад кард. Аммо Муҳаммад Мурсӣ ин зарбулаҷалро напазируфт ва хостори сарфи назар кардани артиш аз он шуд.

Мухолифони Мурсӣ ӯро ба зери по гузоштани аҳдофи инқилоб ва истифода аз қудрат ба фоидаи ҳизби худаш муттаҳам мекунанд.

Бар пояи баёнияе, ки онро вазири дифоъ ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср хонд, эътибори Қонуни асосии Миср ба таври муваққат боздошта шуд. Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Миср эълом кард, ки Адли Мансур, раиси Додгоҳи олии Қонуни асосӣ дар ҷамъи умумии ин додгоҳ савганд ёд карда ва то замони баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ, идораи муваққати Мисрро бар ӯҳда мегирад.

Бар пояи ин баёния, давлати муваққат бо ихтиёроти комил бо ҳузури шахсиятҳои текнократ барои идораи марҳилаи интиқолии Миср ташкил хоҳад шуд. Ҳамчунин кумитае бо ҳузури коршиносон барои баррасии ислоҳоти пешниҳодии Қонуни асосӣ ташкил мешавад. Додгоҳи олии Қонуни асосӣ ҳам муваззаф аст, қонуни интихоботи парлумониро тасвиб карда то ин интихобот баргузор шавад.

Ин баёния пас аз он содир шуд, ки Абдулфаттоҳ Сийсӣ, нишасте машваратӣ бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла Шайхи Ал-Азҳар, попи қибтиҳо (масеҳиҳои Миср), Муҳаммад Ал-Бародаӣ, намояндаи Ҷунбиши «Тамарруд», ки эътирозҳои ахирро ташкил кард, намояндагони ҳизби салафии «Нур» ва шумори дигаре аз аҳзоб доир кард. Оқои Сийсӣ намояндагони Ҳизби озодӣ ва адолат, бозуи сиёсии гуруҳи «Ихвонулмуслимин»-ро ҳам барои ҳузур дар ин нишаст даъват карда буд, аммо ин ҳизб иштирок дар ин ҷаласаро радд кард.

Сийсӣ дар баёнияи худ таъкид кард, ки артиш пеш аз он тарҳеро барои гуфтугӯ ва оштии миллӣ ироа карда буд, ки ин тарҳ бо истиқболи ҳама гуруҳҳо, аммо мухолифати раёсати ҷумҳурӣ рӯбарӯ шуд. Ӯ таъкид кардааст, ки артиш қасди наздик шудан ба сиёсатро надорад, аммо ба садои мардум, ки хоҳони ҳимоят аз ватан ва инқилоби худ ҳастанд, гӯш додааст.

Шайх Ал-Азҳар дар баёнияе эълом кард, бар пояи хости мардум бо баргузории интихоботи зудҳангом, мувофиқат кардааст. Ӯ таъкид кард, ки ин иқдом барои пешгирӣ аз рехтани хуни шаҳрвандон гирифта шудааст. Попи калисои қибтиҳо низ гуфтааст, «нақшаи роҳ»-и эълоншуда, ҳифзи якпорчагии ватан ва шаҳрвандонро таъмин мекунад. Ҳизби салафии «Нур», Ҷунбиши «Тамарруд» ва Муҳаммад Ал-Бародаӣ ҳимояти худро аз «нақшаи роҳ» эълом кардаанд.

Пас аз ин баёния артиш ҳазорон муътаризе, ки дар хиёбонҳои Миср ҳузур доштанд, ба ҷашн ва пойкӯбӣ пардохтанд. Аммо дар муқобил ин тасмим хашми ҳаводорони Муҳаммад Мурсиро ба дунбол дошт, ки дар шуморе аз майдонҳои шаҳрҳои гуногуни Миср ҷамъ омада буданд.

Муҳаммад Мурсӣ дар саҳифаи расмии «Фейсбук»-и худ, он чиро, ки рӯй дод, «кудатои низомии тамом аёр» хонд ва аз мисриҳо хост аз Қонуни асосӣ посдорӣ карда ва дар муқобили «ин кудато» биистанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi