00:55:56 03-уми Июни 2025 сол

ШӮРОИ НИГАҲБОНИ ИНҚИЛОБИ ИСЛОМӢ ТЕРРОРИСТОНРО МЕҶӮЯД

Ҷавобгарии амали террористии 18 октябр дар қисмати ҷанубу шарқии вилояти Сиистон ва Балуҷистони Эрон рӯй додаро, гурӯҳи ифротгарои «Ҷанговарони Аллоҳ» (Jundallah) ба ӯҳдаи худ гирифт. Дар ин бора шабакаи телевизиони давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон Press TV иттилоъ дод. Мувофиқи хабари шабакаи телевизионии Press TV гурӯҳи мазкур бо хадамоти махсуси англисӣ ва америкоӣ, инчунин бо созмони террористии «Алқоида» алоқа дорад.

 

Қабл аз ин низ Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ (КСИР) изҳорот дода буд, ки дар амали террористӣ унсурҳои хориҷӣ даст доранд. Ҳамчунин роҳбари парлумони Эрон Алӣ Лариҷонӣ амали террористӣ дар қисмати ҷанубу шарқии мамлакатро натиҷаи фаъолияти ИМА дониста қайд карда буд, ки: - «Ин нишонаи муносибати душманонаи Амрико ба Эрон мебошад».

 

«Бо ин амали худ душманон кӯшиш мекунанд, ки ваҳдат ва ягонагии суннимазҳабон ва шиаҳоро барҳам зананд, – изҳор карда буданд намояндагони Шӯрои нигаҳбонони инқилоби исломӣ.

 

Дар навбати худ ИМА амали террористиро маҳкум карда, ба он муносибат надоштани Амрикоро таъкид сохтанд. Котиби матбуотии департаменти давлатии ИМА Иэн Келли арз кард, ки «Маълумот дар бораи даст доштани ИМА ба амали террористӣ нодуруст мебошад». Ҳамчунин, роҳбарияти вазорати корҳои хориҷаи Британияи Кабир низ амали террористиро маҳкум карда буданд.

 

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи амали террористии 18 октябри соли ҷорӣ дар Эрон рӯидода 29 нафар ҳалок, 28 нафар захмдор шуданд. Аз ҷумла, 6 нафар афсарони олирутбаи Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ генерал Нур Алӣ ва генерал Раҷаб Алӣ Муҳаммадзода ба ҳалокат расиданд.

 

Бояд қайд кард, ки дар манотиқи Сиистон ва Балуҷистон, ки бо Афғонистон ва Покистон ҳамсарҳад мебошад, миёни ниҳодҳои амниятии Эрон ва гурӯҳҳои нашъаҷаллоб, инчунин гурӯҳҳои суннимазҳаби тундрав мунтазам задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад.

 

АМИТ «Ховар» - top.rbk.ru

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854