17:51:18 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Панҷ рӯзи ҳабси шаш ҷонибдори Зайд Саидов

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 4 писар ва як домоди Зайд Саидовро бо 5 шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ маҳкум кард ва Мавҷуда Соҳибназарова узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав"-ро ба 7 баробари ҳадди ақали маош ҷарима баст.

new-tajikistan 5866333Темур Ҳафизов, муовини раиси додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар нимаи дувуми рӯи панҷшанбеи 29-уми август нисбати 4 писар ва як домоди Зайд Саидов дар иртибот ба баргузории флеш моби рӯзи сешанбе ҳабси панҷшабонарӯзаро содир кард. Тибқи ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ 4 писар ва як домоди Зайд Саидовро бо 5 шабонарӯз, ҳукм кардааст. Мавҷуда Соҳибназарова 7 баробари музди ҳаққи ақалро ҳамчун ҷарима пардохт хоҳад кард.

Темур Ҳафизов, муовини раиси додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи панҷшанбеи 29-уми август нисбати Маҳмудҷон Қосимов дар иртибот ба баргузории флеш моби рӯзи сешанбе ҳабси панҷшабонарӯзаро низ содир карда буд. Тибқи ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ Маҳмудҷон Қосимов ин муҳлатро дар ИВС ё боздоштгоҳи мувақати пулис пушти сар хоҳад кард.

Додгоҳ иинҳоро аз рӯи моддаи 460 Кодекси маъмурӣ, яъне майдаавбошӣ донистааст. Ин модда марбут ба боби 26 ин кодекс буда, дар он аз ҷумла гуфта мешавад: "Барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, - ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарўз ҷазо таъйин карда мешавад".

Даъвати баргузоркунандагони флеш моб барои суҳбат бо пулис

Субҳи имрӯз Маҳмудҷон Қосимов ва Мавҷуда Соҳибназарова, ду тан аз узви гурӯҳи ташабускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" ва панҷ тан аз фарзандони Зайд Саидов, вазири пешин ва соҳибкори муваффақи тоҷик, ки ҳоло дар боздоштгоҳ аст барои суҳбат ба идораи пулиси ноҳии Исмоили Сомонӣ даъват шуданд.

Яке аз сарони кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов ва ҳам узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав" Маҳмудҷон Қосимов зимни таъйиди ин хабар дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки "онҳо бо даъвати мақомоти шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ин идора ҳузур ёфтанд ва қарор аст, масъулони пулис бо онҳо дар робита ба флеш моби рӯзи сешанбе сӯҳбат кунанд."

Ин ҳам дар ҳоле, рӯзи гузашта танҳо Маҳмудҷон Қосимов ба сӯҳбати мақомоти пулис даъват шуда буд. Ба гуфтаи ҷаноби Қосимов, "сӯҳбат дар идораи пулиси Исмоили Сомонӣ ҳудуди се соат идома пайдо кард ва гуфтугӯ нахуст бо муовини раиси ин идора ҷараён гирифт ва баъдан ба он сардорони яке аз бахшҳои шаҳрӣ ҳамроҳ гардид".

Ба таъкиди Маҳмудҷон Қосимов ин сӯҳбат чун сӯҳбати рӯзи сешанбе, ки бо мақомоти амниятӣ сурат гирифта буд, бо риояи ҳама талаботи қонун ва ахлоқу одоб ҷараён гирифт, ки бештар паҳлӯҳои ҳуқуқии баргузории флеш моб баҳс шуд.

Ҷаноби Қосимов гуфт, ки аз сӯҳбат ин нигаронӣ буд, ки "дар мавриди барпои флешмоб оё масъулияте дарк мешуд, ки коре кунем, ки ҳадалимкон тартиботи ҷамъиятӣ халалдор нашавад, мардум нороҳат нашавад, мардум иқдоми моро нодуруст шарҳ надиҳанд."

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷаноби Қосимов мақомотро мутмаин сохтааст, ки фаъолияти онҳо дар чорчуби талаботи қонун ва одобу ахлоқ будааст.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки мақомот иқдоми рӯзи гузаштаи ҳаводорони Зайд Саидовро чӣ гуна арзёбӣ мекунад? Дар ҳамин ҳол Маҳмудҷон Қосимов, мегӯяд, фардо панҷшанбеи 29-уми август соати 9.00 вақти маҳаллӣ вай ва Мавҷуда Соҳибназарова, яке дигар аз аъзои гурӯҳи ташабускори ҳизби "Тоҷикистони нав" ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ боз даъват шудан ва имкон дорад, мақомот назари худро шарҳ диҳанд.

Рӯзи сешанбеи 27-уми август дар иртибот ба 100 рӯзи боздошти Зайд Саидов дар шаҳри Душанбе флешмоб ё маъракаи ҳамраъйӣ баргузор шуд. Ширкаткунандагони ин намоиш  ба ҳаво 100 кабӯтар сар доданд ва бори дигар шиори “Озодӣ ба З.Саидов”-ро ба забон оварданд. Ин ҳамоиш дар боми Маҷмаи тиҷоратии «Пойтахт» бо ҳузури ҳудуди 50 тан аз ҷонибдорони Зайд Саидов сурат гирифт.

Маҳмудҷон Қосимов, дар шарҳи  ин иқдом  гуфт, ки бо ин роҳ мехоҳад бори дигар таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба қазияи Зайд Саидов ҷалб кунад. Вай гуфт, ки кабутари сафед рамзи озодист ва бо сар додани сад кабутари сафед  ба осмон, мехоҳанд дубора ба озод шудани вай даъват кунанд.

Зайд Саидов аз рӯзи 19 май инҷониб дар боздошт аст. Мақомоти тафтишотӣӯро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла, тамаъҷӯӣ, гирифтани пул, таҷовуз ба номус, водор кардани ноболиғ ба исқоти ҳамл ва бисёрҳамсарӣ муттаҳам мекунанд. Вале худи соҳибкор ин иттиҳомотро қабул надорад ва мегӯяд, ки фишору таъқиби ӯ бо нияти ташкили ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" иртибот дорад, ки дар борааш як моҳ пеш аз боздошташ расман эълон карда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi