13:49:32 22-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Мурофиаи пушти дарҳои бастаи парвандаи Зайд Саидов

Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи Зайд Саидовро «махфӣ» дониста ва гуфтааст, ки мурофиаи он пушти дарҳои баста сурат мегирад. Масъулони дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 2 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба мо гуфтанд, ки мурофиаи парвандаи Зайд Саидов ба таври «махфӣ» сурат гирфта ва аз ҷараёни баррасӣ ва муҳокимаи он иттилоъ дода намешавад.

zaydulla-saidov-arest55151Ба гуфтаи ин масъулон хабарнигорон низ ҳаққи ширкат дар мурофиаҳои парвандаро нахоҳанд дошт. Аммо ин масъулон далели «махфӣ» будани парвандаи Зайд Саидов ва баррасии пушти дарҳои бастаи онро шарҳ надоданд. Дар ҳамин ҳол Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов гуфт, ки парвандаи Зайд Сатдов ҳанӯз дар Додситонии кулл «махфӣ» карда шуда буд ва ба ҳар саҳифаи парвандаи он муҳри махфӣ ё ба истилоҳ «секретно» зада шудааст.

Ҷаноби Табаров дар мавриди сабаби «махфӣ» шудани парвандаи Зайд Саидов гуфт, ки азбаски аз тарафи шоҳидон ному насаби чанд тан аз мансабдорони воломақом зикр шудааст, мақомот лозим медонад, то парванда «махфӣ» ва баррасии он пушти дарҳои баста сурат бигирад. Бо ин ҳам масъулони Додгоҳи Олӣ, замони оғози мурофиаи парвандаи Зайд Саидовро эълон накарданд.

Зимнан, Додситони кулли Тоҷикистон 5 рӯзи қабл парвандаи Зайд Саидовро барои баррасӣ ба Додгоҳи Олӣ ирсол карда буд. Насим Холмуродов, як масъули дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон  рӯзи панҷшанбеи 29-уми август ба мо гуфт, ки парвандаи Зайд Саидов аз сӯи додситонии кулл дар нимаи дуввуми рӯзи чоршанбе ба Додгоҳи олӣ ирсол шуд.

Зимнан, ҳангоми ирсоли парвандаи Зайд Саидов аз Оҷонсии зидди фасод ба Додситонии кулл вакилони соҳибкори маъруф 22-уми август бо дархостномае ба Додситонии кулл муроҷиат намуда хоҳиш карданд, ки бинобар беасос будани далелҳои ҷониби тафтишот, ҳамаи иттиҳомоти  зерҳимояашонро лағв кунанд.

Оҷонсии зидди фасод ва додситонии шаҳри Душанбе дар нисбати Зайд Саидов аз рӯи 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парванда боз кардааст.

Вакилони дифои Зайд Саидов ошноӣ бо парвандаи 8-ҷилдаи Оҷонсии зидди фасод алайҳи зерҳимояашонро ба анҷом расонида  мегӯянд, ки далелҳои он муътамад нестанд.

Вакилони дифои Зайд Саидов ба унвони мисол «иттиҳоми таҷовуз ба номус»-ро зикр карданд, ки ба иддаои онҳо,  ягон асоси воқеӣ надорад ва бар пояи алелҳои ғайривоқеӣ пешкаш  шудааст: «Оҷонсии зидди фасод, ки ахиран хуни Зайд Саидовро барои ташхис гирифта буд, дар авоили ҳамин ҳафта маълум кардааст, ки гӯё Зайд Саидов дар нисбати кӯдаке, ки исқоти ҳамл шудааст, аз ҳаққи падарӣ истисно набудааст». Ин дар ҳолест, ки мансубияти падарии шахс сад дар сад танҳо тавассути озмоиши ДНК санҷида мешавад. Бо сабаби ин ки дар қаламрави Тоҷикистон анҷоми чунин навъи санҷиши тиббӣ имконнопазир аст, вакилон аз тафтишот хостаанд, ки озмоишро дар кишвари дигар, мисли Олмон аз ҳисоби ҳимоятгарон барпо кунанд.

Зайд Саидов аз 19-уми майи соли ҷорӣ ба ин тараф дар боздошт аст ва мутмаин мебошад, ки  иттиҳомот алайҳи ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, посух ба нияташ оиди таъсиси як ҳизби мухолифи давлат аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi