17:35:39 04-уми Июни 2025 сол

НИШАСТИ ХАБАРИИ РАҲМОН ВА МЕДВЕДЕВ

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия, пас аз мулоқот дар Кохи Кремл як нишасти хабарӣ баргузор карданд.

 

Раҳбарони ду кишвар таъкид карданд, ки ҳар ду ҷониб ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикӣ таваҷҷӯҳ қоиланд ва ин барномаҳоро бо назар дошти манофеи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ раҳандозӣ хоҳанд кард. Раҳбарони ду кишвар бунёд ва истифодаи нерӯгоҳи обиву барқии Сангтӯда-1-ро ҳамчун намунаи рӯшани ин гуна ҳамкориҳо зикр намуданд. Дар изҳороти муштараки президентҳои Русияву Тоҷикистон таъкид шудааст, ки онҳо ҳамоно ҷонибдори иҷрои бидуни шартгузории лоиҳаҳои дигари соҳаи ҳидро-энергетика мебошанд.

 

Дмитрий Медведев дар ин нишаст гуфт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон авзои Афғонистонро баррасӣ кардааст, ки ҳоло назар ба гузашта печидатар шудааст.

 

Дар баёнияи муштараки раисони ҷумҳур омадааст, ки ду тараф ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи фанниву низомӣ таъкид варзидаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди мақоми забони рӯсӣ дар Тоҷикистон таъкид кард, аз “ҳаёҳуи” матбуоти Русия дар иртибот бо қабули қонуни нави забони давлатӣ дар Тоҷикистон ба “тааҷҷуб” афтодааст.

 

Ба гуфтаи вай, он чӣ баъзе аз расонаҳои Русия доир ба маҳдудшавии ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистон мехонанд, дуруст нест, зеро ба гуфтаи вай, Қонуни Асосии кишвар забони русиро ҳамчунон “забони муоширати байни миллатҳо” эътироф мекунад.

 

Пазироии Медведев аз Раҳмон дар Барвиха

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия шоми дирӯз бо як мулоқоти ғайрирасмӣ бо раисиҷумҳури Русия дар қароргоҳи ӯ оғоз ёфт.

 

Раисиҷумҳури Русия ҳини қабули Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи худ дар минтақаи Барвиха - яке аз гӯшаҳои зебоманзари вилояти Маскав ӯро хеле хуш пазироӣ кардааст ва гуфтааст, «ман хушҳолам, ки сафари давлатии шумо ба Русия сурат мегирад ва мо метавонем тамоми масоили ҳамкории ду давлатро баррасӣ кунем».

 

Эмомалӣ Раҳмон аз даъвати ҳамтои русаш барои анҷоми ин сафари давлатӣ изҳори ташаккур кард ва гуфт, "ман итминон дорам, ки ин сафар равобити моро тақвият хоҳад бахшид". Тибқи барномаи сафари президенти Тоҷикистон, имрӯз дидору гуфтугӯҳои ӯ бо намояндагони олирутбаи Русия ва ҳамчунин мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар баргузор мешавад.

 

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Русия иттилоъ додааст, ки яке аз мавзӯъҳои меҳвари гуфтугӯҳои имрӯз тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон, ба вижа бахши энержии он мебошад. Ин сарчашма нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро бузургтарин тарҳи пиёдашуда бо сармояи Русия дар паҳнои кишварҳои Муштаракулманофеъ унвон карда, ҳамчунин ба дигар тарҳҳои энержии Маскав дар Тоҷикистон ишора кардааст.

 

Вале дар мавриди сарнавишти нерӯгоҳи Роғун, ки Маскав борҳо омодагии худро барои эҳдоси он эълон кардааст, ишорае нашудааст ва ҳоло равшан нест, ки ин мавзӯъ дар чаҳорчӯби музокироти дурӯза дар Маскав матраҳ хоҳад шуд ё на.

 

Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар баробари масоили равобити иқтисодӣ мавзӯъҳои мухталиф, азҷумла сарнавишти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва муҳоҷирати корӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

 

Дафтари матбуотии президенти Русия дар байни мавзӯъҳои аслии мулоқотҳо аз ҳамкориҳои Маскав ва Душанбе дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва муборизаи муштарак бо таҳдидҳои терроризм ном бурдааст.

 

Дар поёни гуфтугӯҳои Раҳмон ва Медведев қабули Изҳороти муштараки президентҳо дар назар аст. Ҳамчунин фардо дар рӯзи дуввуми сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон ӯ аз як қатор марказҳои бузурги илмии Русия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишкадаи шарқшиносии Фарҳангистони ин кишвар, дидан хоҳад кард. Дар ин рӯз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмону ҷамъиятҳои тоҷикони Русия баргузор хоҳад шуд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854