16:22:47 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Надя Ҳардман аз Лондон барои дифоъ аз Зайд Саидов омадааст

Надя Ҳардман аз Иттиҳодияи Байналмилалии Ҳуқуқшиносон аз додгоҳ хост, ки барои ҳимояти ҳуқуқи Зайд Саидов иҷозат диҳанд.

nadya-hardman 214589Рӯзи 20 сентябр вакилони дифои соҳибкор Зайд Саидов дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ аз додраси парванда дархост кардаанд, ки ба Надя Ҳардман, корманди Иттиҳодияи Байналмилалии Ҳуқуқшиносон (International Bar Association) иҷоза дода шавад, то вай ба унвони вакил аз ҳуқуқи Зайд Саидов ҳимоят кунад. Мақоми Надя Ҳардман дар International Bar Association (IBA) чун вакили мудофеъи барномаҳо дар Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсони ин созмони байналмилалии адвокатҳо (Programme Lawyer, International Bar Association Human Rights Institute) зикр шудааст. Надя Ҳартмен, узви  моҳи июн ба хотири кӯмак барои тақвияти Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст.

Ба иттилои Шӯҳрат Қудратов, як узви тими вакилони дифои соҳибкори маъруф, додрас дархости хаттии вакилонро дарёфт кард ва интизор меравад ки посухашро  дар мурофиаи баъдӣ, ки соати 9:00 рӯзи душанбеи 23 сентябр дар назар аст, бидиҳад.

Ба таъкиди Шуҳрат Қудратов, Анна Ҳедман, аз Иттиҳодияи Байналмилалии Ҳуқуқшиносон бо даъвати гурӯҳи дифоии Зайд Саидов бо ризоияти пайвандону фарзандон ва худи Зайд Саидов ба Тоҷикистон омадааст ва қасд дорад, барои тақвияти тими дифоии соҳибкори муттаҳам ба нақши ҳашт модааи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла таҷовуз ба номуси ноболиғ, сафарбар шавад. Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, вакили хориҷӣ ҳафтаи ҷорӣ вориди Душанбе шудааст.  

Айни замон, ба иттилои вакили дифоъ Фахриддин Зокиров, ду рӯз аст, ки гурӯҳи тафтишотии Оҷонсии зиддифасод як посбони бӯстонсарои Зайд Саидовро ба оҷонсӣ даъват мекунанд. Посбон Субҳон Холмуродов аз ҷониби муфаттишон “истинтоқ шуда аз ӯ тақозо шудааст, ки дар мавриди гӯё ба бӯстонсаро оварда шудани занони бегона аз тарафи Зайд Саидов шоҳидӣ диҳад.

Аммо ин кас то имрӯз ягон шоҳидӣ надодаанд ва онҳо талош доранд, ки бо ҳар роҳ аз ин кас дар ин бора ягон далел ё нишондод гиранд”. Фахриддин Зокиров гуфт, ки ин амали тафтишот ғайриқонунӣ аст ва бар асоси изҳороти посбон Холмуродов гурӯҳи дифоъ аризае ба номи додситонии кулли Тоҷикистон омода мекунад. Ба иттилои ӯ, дар ин бора дар мурофиаи рӯзи 20 сентябр ба раисикунандаи парванда Абулхайров дархост пешниҳод шудааст.

“Холмуродовро имрӯз ҳам наздашон даъват карда буданд. Аммо ҳеҷ натиҷа надодааст. Мақсадашон ҷамъоварии далелҳои иловагӣ барои гунаҳгор кардани Зайд Саидов аст”, гуфт дар сӯҳбат бо Озодӣ Фахриддин Зокиров. Ба бовари вакили дифоъ, тафтишот “ба далелҳои то ҳол пешниҳодкардаашон дар парвандаи ҷиноятӣ эътимод надоранд, аз ин лиҳоз мехоҳанд бо роҳҳои ғайриқонунӣ далелҳои иловагӣ ба даст оранд”.

Илова ба ин, ба гуфтаи Зокиров, як сабаби даст ба ҷустуҷӯи далелҳои иловагӣ задани тафтишот ин аст, ки дар давоми мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти марбут ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ “пош хӯрда истодааст”. Вай гуфт, дар ҳангоми пешниҳоди далелҳо аз рӯи иттиҳоми таҷовуз ба номус “далелҳое нав аз хориҷи кишвар” ба даст омадаанд, ки бепоя будани ин айбмониҳоро собит мекунанд ва ин далелҳо дар мурофиаҳои баъдӣ пешниҳод мешаванд.  

Дар баробари ин, дар идомаи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов рӯзи 20 сентябр Серикбол Окушев, соҳибкори қазоқ алайҳи ҷаноби Саидов шоҳидӣ дод. Окушев Саидовро дар тамаъҷӯӣ муттаҳам мекунад. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Зайд Саидов дар суҳат бо мо гуфт, ки "соҳибкори қазоқ Окушев нишондоди қаблан дар раванди тафтишоти пешакӣ додаашро алайҳи Зайд Саидов  бори дигар дар додгоҳ такрор кард, аммо ин иттиҳомот аз сӯи Саидов рад шуд".

Ҷаноби Қудратов гуфт, ки вакилони дифоъ низ санадҳоеро (мактуб ва посух ба он)-ро ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, ки нишондоди соҳибкори қазоқ нисбат ба мувақкиллашонро беасос медонад. Аммо вакили мудофеъ аз ироаи ҷузъиёти ин санадҳо ба хотири "махфӣ" будани баррасии парванда худдорӣ кард.

Зимнан, Серикбол Окушев, аз ҷумлаи афроде аст, ки қаблан дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфта буд, ки вай ба Зайд Саидов, дар замони вазири саноат буданаш ба маблағи 1,5 миллион доллар пора додааст. Ба гуфтаи вай, ин маблағро вай ба хотири дарёфти иҷозатнома барои истихроҷи кони тиллои "Чоре" дар ноҳияи Айнӣ ба Саидов дода будааст.

Мурофиаи пурсарусадои Зайд Саидов рӯзи 12 сентябр  дар бинои боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пушти дарҳои баста шурӯъ шуд. Ба ин далел танҳо ба ду тан аз пайвандонаш - писари калониаш Хайрулло Саидов ва бародараш Файзиддин Шеров - ва он ҳам аз рӯзи 16 сентябр иҷозати ширкат дар ин мурофиаро додаанд.

Алайҳи Зайд Саидов дар маҷмӯъ бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Зайд Саидов ин иттиҳомотро радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси  Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сипас аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ширкатҳояш дар соҳоте, чун саноати мармар, ҷавоҳирот ва сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон пешгом буданд.

Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо моҳе баъд мақомот аз шурӯъи чандин парванда алайҳи ин соҳибкор хабар доданд ва ӯ рӯзи 19 май дар фурудгоҳи Душанбе, ба муҷарради бозгашташ аз сафари Фаронса дастгир шуд.

Радиои Озодӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi