01:51:05 03-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: "ҚУДРАТ ҲАДАФИ АСЛИИ МО НЕСТ"

Чанд рӯз пеш Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо як идда донишмандон ва коршиносони тоҷик барои ширкат дар ҳамоиши илмӣ дар Донишгоҳи Окфсфорди Бритониё зери унвони "Тоҷикистон: Мелод ва растохез" ва ширкат дар мизи гирд дар Chatham House - Маркази таҳлилу пажуҳиш дар Ландан буд ва мусоҳибаи зерро бо эшон анҷом додам.

 

Вазоиф ва чолишҳои асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ аз чӣ қарор аст?

 

Рисолати асосии ҳизби мо равшангароӣ ва тавзеҳ ба мардум аст. Албатта ҳар ҳизби сиёсӣ яке аз ҳадафҳояш таъсир расондан ба қарорҳои сиёсӣ аст, ба ҳукумат, ба порлумон ва ғайра. Ҳатто баъзе ҳизбҳо ҳадафи асосиашон расидан ба қудрат аст. Аммо ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ин аҳзоб каме фарқ мекунад. Асар гузоштан ба тасмимгириҳои сиёсӣ аз ҷумлаи аҳдофи мо ҳаст, вале ҳадафи асосии ин ҳизб равшангароӣ аст.

 

Аммо дар замони таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раҳбарони он мегуфтанд ҳадафи ин ҳизб ба даст овардани қудрати сиёсӣ аст?

 

Ҳанӯз ҳам мо мегӯем, ки ҳадафи мо қудрати сиёсӣ аст, ин яке аз ҳадафҳо аст. Такроран мегӯям, ки ҳадафи аслӣ ҳам нест, аз ҳадафҳои муҳим ҳам нест. Агар аҳдофи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо дасти дигарон амалӣ шаванд, ва алъон доранд амалӣ мешаванд, чаро ҳатман мо худамон сари ҳокимият бошем?

 

Вале чолишҳое, ки мо дорем, бузургтарин чолиш ин аст, ки мехоҳанд моро ба унвони як ҳизб аз навъи маъмулӣ ва клосик бубинанд ва мегӯянд агар ҳадафи аслиатон қудрати сиёсӣ нест, чаро ҳизби сиёсӣ ҳастед? Ин мушкил мушкили мо нест, мушкили шинохти дигарон аст ва моро ҳанӯз хуб намешиносанд.

 

Чолиши дигар ин аст, ки бархе доираҳо мехоҳанд моро ҳарчи бештар радикал бубинанд ва мегӯянд шумо чи гуна ҳизби исломӣ ҳастед, ки аз ҳиҷоб ҳамон гуна ки мебояд, дифоъ намекунед?

 

Манзури онҳо ин аст, ки мо ҳатман бояд тазоҳуроти эътирозӣ анҷом диҳем, чанд байрақро ҳам бисӯзем ва чанд шишаву тирезаро бо санг бишканем. Назари онҳо дар бораи як ҳизби мухолифи давлат ҳамин аст.

 

Инҳо аз тарафи рост ҳастанд ва аз тарафи чап онҳое ҳастанд, ки мо ҳарчанд садои эътидолро баланд мекунем, мегӯянд билохира инҳо ҳамон исломиҳое ҳастанд, ки дар тамоми ҷаҳон ҳастанд, онҳо имрӯз дар пӯшиши як ҳизби муътадил фаъолият мекунанд ва ҳадафҳои инҳо аз Алқоъидаву Толибон ҳеҷ фарқе намекунад.

 

Ин ду чолише ҳастанд, ки моро ҳамроҳӣ мекунанд, вале вазифаи як ҳизби ислоҳотхоҳ ин аст, ки бо дарки ин мушкилот қадам ба қадам пеш биравад.

 

Оё равобити шумо бо гурӯҳҳои ғайрирасмии мазҳабӣ, аз қабили гурӯҳи Салафия, Ҷамоъати таблиғ, гурӯҳи “Байъат”, чӣ гуна аст?

 

Мо бо онҳое, ки по фаротар аз қонун мегузоранд, робита надорем ва робита нахоҳем дошт, хоҳ гурӯҳҳои мазҳабӣ бошанд, хоҳ гурӯҳҳои дунявӣ. Аммо равобити мо бо шаҳрвандон хуб аст, ҳатто бо афроде, ки худро салафӣ муъаррифӣ мекунанд, ё худро аз "Ҷамоъати Таблиғ" медонанд, равобити хуб дорем ва онҳоро бародарони худ медонем.

 

Вале ба ҳайси ду гурӯҳ мо ҳеҷ робитае надорем ва ҳамеша даъвати мо аз онон ин аст, ки қонунҳои кишварро риъоят кунанд, ин қонунҳо имкон медиҳанд, ки як нафар дар чорчӯби қонун фаъолияти расмӣ дошта бошад, ҳарчанд ин кор душвор аст.

 

Мунтақидини ҳизби шумо мегӯянд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амалан дар паҳлӯи давлат қарор гирифтааст, зеро дар буҳрони энержии соли 2007, ки мардум ба сутӯҳ омада буд, садои эътирози ҳизби шумо шунида нашуд. Ба онҳо чӣ посух медиҳед?

 

Мо он замон садо баланд накардем ва ин сиёсати огоҳонаи мо буд. Касоне ки садо баланд карданд, чӣ таъсире ба вазъ гузоштанд? Мо талош мекунем, ки воқеъбин бошем. Дар ҳолате ки аз дасти ҳукумат ҳеҷ чиз намеояд, чаро мо ҳукумати дар хиҷолатмондаро бештар дар хиҷолат бигзорем?

 

Билохира, ҳукумат ҳукумати худамон аст. Чаро мо ҳамеша ба онҳо аз диди рақобат нигоҳ кунем, ки имрӯз ҳолати заъфи ҳукумат аст ва айни вақти зарба задан аст? Ин дар ойини ҷавонмардии мо нест.

 

Мо мунтазир шудем, ки ин ҳолати заъф ва хиҷолати ҳукумат ба поён бирасад ва тобистон мо ба онҳо гуфтем, бародарон зимистони дигар дар пеш аст, омодагиатонро бигиред. Сиёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сиёсати огоҳ кардан ва пешгирӣ кардани буҳронҳо аст, на ин ки ташдид кардани буҳронҳо.

 

Баъзеҳо фикр мекунанд, ки хомӯшии мо ба лиҳози наздикӣ бо ҳукумуат аст ё аз тарс аст. Мо аз чизе тарс надорем, аммо ба номи ҷасорат ва шуҷоъат ҳеҷ вақт даст ба иқдомҳое нахоҳем зад, ки ғайримантиқӣ бошанд.

 

Он замон ҳолатҳои душвор барои ҳукумат буд ва бисёре аз доираҳои хориҷӣ шуруъ карданд ба табли шодӣ задан, ки Тоҷикистон дар ҳолати душвор қарор дорад ва худашон ҳам қатъ карданд интиқоли гозу барқро ва мунтазир шуданд, ки кишвар аз дохил ба душвориҳои сиёсӣ ворид хоҳад шуд, вале мо дар чунин ҳолат аз диди манофеъи миллӣ ва давлатимон мавзеъ гирифтем ва гуфтем на, мо дар чунин ҳолат бояд ба ҳама паём бифиристем, ки вориди ин дасисаҳо нахоҳем шуд.

 

Мо мавқеъҳое барои интиқод аз ҳукумат дорем. Магар мо кам бо Вазорати маъориф бар сари ниқоб вориди даргирӣ шудем?

 

Воқеъан ҳизби шумо аз он духтари донишҷӯ (Давлатмо Исмоилова), ки ба хотири пӯшиши ҳиҷоб аз донишгоҳ хориҷ шуда буд, ҳимоят кард ва ҳатто барои дифоъи вай кумаки молӣ низ кард.

 

Оё фикр намекунед, ки чунин як иқдом афроди дорои ҷаҳонбинии секулорро, ки қисмати бонуфузи ҷомеъаро ташкил медиҳанд ва ҳатто қудратро тамсил мекунанд, аз ҳизби шумо дур хоҳад кард ва боъиси коҳиши нуфузи ҳизби шумо хоҳад шуд?

 

Вақте ки мо аз ин хоҳар ва дигар хоҳарон пуштибонӣ кардем, инро на танҳо вазифаи исломӣ, балки имониву исломии худ медонистем. Ҳар каси дигар ҳам ба мо муроҷиъат кардааст, мо талош кардаем, ки барояшон кумак кунем.

 

Имрӯз ҳам агар касе ба мо барои ҳимоят дар додгоҳ, хоҳ дар масоили мазҳабиву иҷтимоъӣ, хоҳ дар масоили иқтисодӣ, муроҷиъа кунад, мо дар паҳлӯяш ҳастем. Масалан, намояндагони бозори "Зарнисор" ба мо муроҷиъа карданд ва мо мавзӯъро дар порлумон матраҳ кардем. Аммо мо танҳо ба касоне кумак карда метавонем, ки ба мо муроҷиъа кунанд. Аз тарафи дигар, фикр намекунам, ки ин иқдоми мо боъиси коҳиши нуфузи мо дар доираҳои дунявӣ мешавад.

 

Мо бо мавзӯъ аз диди ҳуқуқи инсон бархӯрд кардем ва агар фардо як нафар хоҳари бидуни русарӣ ба мо муроҷиъа кунад, ки ба хотири напӯшидани русарӣ мавриди тавҳин ё озор қарор гирифтааст ва аз мо кумак бихоҳад, мо аз ӯ ҳимоят хоҳем кард.

 

Шумо равобити ҳизбатонро бо рӯҳониюни суннатии бонуфуз, мисли эшонҳо, сӯфиҳо ва домуллоҳои бонуфуз, чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Зеро дар замони авҷи фаъолиятҳои ҳизби шумо дар авохири солҳои 1980 ва авоили солҳои 1990 бисёре аз онҳо ё аз ҳукумати кумунистӣ дифоъ карданд, ё нисбат ба шумо хомуширо ихтиёр карданд ва бархеҳо ҳам ҳизби шуморо ба ваҳҳобӣ будан муттаҳам карданд.

 

Воқеъан, равобити мо дар авоили фаъолияти ҳизб ноҳамвор буд, чун аъзои ҳизби наҳзати исломӣ бо он шӯре ки дар сар доштанд, мехостанд ҳарчи зудтар исломи воқеъиро, исломи паёмбариро бишносонанд ва исломеро, ки бо хурофоту бидъату анъанаҳои нолозим олуда шудааст, пок кунанд.

 

Ва ин саросемагӣ боъиси он гашт, ки як гурӯҳи бузурги шахсиятҳои исломии анъанавӣ ин воқеъиятро қабул карда натавонистанд. Он чизеро ки бародарон аз ҳизби мо мехостанд, айнан ҳамон чизе аст, ки имрӯз ҳукумат амалӣ мекунад: кам кардани хароҷоти маросимҳо, даст кашидан аз хурофот.

 

Вале дар мароҳили баъдӣ раҳбарии ҳизб бо дарки бештари масъулият ва шиносоии воқеъият тасмим гирифт, ки равобити худро бо ин гурӯҳ аз рӯҳониюн беҳтар кунад. Ва имрӯз шумори шахсиятҳои мазҳабие, ки бо мо равобиташон ҳамвор нест, хеле кам аст, теъдоди онҳо ангуштшумор аст.

 

Бо дигар ҳама бузургони мазҳабӣ, аз қабили хонаводаи Тураҷонзодаҳо, аз худи эшони Нуриддинҷон шурӯъ карда, то бародарон Ҳоҷӣ Акбар, Маҳмудҷон, домулло Муҳаммадӣ, эшони Абдуқуддус ва ғайраҳо, равобити хубу ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва муҳимтар аз ҳама, ҳеҷ гуна ихтилоф вуҷуд надорад.

 

Вале назокатҳое вуҷуд дорад, ки аз сӯйи онҳо сарчашма мегирад ва мо омодаем ин назокатҳоро ҳал кунем. Ин ки онҳо дар гузашта аз ҳукумати кумунистӣ ҳимоят карданд, навъе урф аст, ки аз қадим вуҷуд дошта, ки руҳониюн аз давлат ҳимоят кардаанд.

 

Ин равиш аз замони Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд оғоз мешавад. Ҷараёни нақшбандия рӯйи ҳукуматҳо таъсири зиёд дошт, вале ҳеҷ гоҳ бо ҳукуматҳои вақт вориди ихтилофу таниш намешуд. Ва ин анъана то имрӯз давом дорад ва бояд гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам идомадиҳандаи ҳамин сиёсатҳо ва ҳамин мактаб аст.

 

Бархеҳо мегӯянд дар дохили ҳизби шумо ба далели ин ки шумо ба унвони раҳбари ҳизб бо зоҳири урупоӣ пеши назарҳо меоед ва андешаатон нисбат ба дигарон бозтар аст, як навъ мухолифат бо шумо вуҷуд дорад ва ин боъиси дудастагӣ дар ҳизби шумо шудааст. Оё ин дуруст аст?

 

Инро набояд ба маънии дудастагӣ дар дохили ҳизб фаҳмид. Бале як идда бародарон ва хоҳарони мо мехоҳанд, ки на танҳо раҳбарият, балки тамоми масъулини ҳизбро дар як зоҳири клосики динӣ бубинанд ва ин назари бародарону хоҳарон бояд эҳтиром шавад.

 

Вале як вежагии раҳбар ин аст, ки ӯ бояд мардумро ба дунболи худ бубарад, мардумро бубарад ба самте, ки худаш мехоҳад. Вагарна ӯ чӣ роҳбарест, ки худ дунболи пайравонаш меравад? Ин гуна дидгоҳҳои мутафовит дар дохили ҳар ҳизб ҳаст ва бахусус дар дохили Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳадафаш пешбурди ислоҳот аст.

 

Вақте мо барои анҷоми ислоҳот бо дигарон вориди баҳс мешавем, чаро ба дигарон иҷоза надиҳем, ки айни чунин бархурдро бо худи мо бикунанд, бахусус он ҳам дар дохили ҳизб. Ман бо камоли эҳтиром бо онҳое рафтор мекунам, ки нисбат ба ман ин андешаҳоро доранд ва хушбахтона, ин андешаҳояшонро пинҳон накарданд ва мо ҳам ошкор барояшон далелҳои худро ироа медорем.

 

Эҳсони Зарвон,

Би-Би-Си, Ландан

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854