12:14:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Узбакҳо ба касе раъй медиҳанд, ки 'равобит бо Тошкандро беҳтар кунад'

Анҷумани узбактаборони вилояти Хатлон мегӯяд, ки сокинони узбактабори ин вилоят дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба номзаде раъй хоҳанд дод, ки битавонад ба муносиботи сарди Тоҷикистону Узбакистон хотима диҳад.

tj tajikelection305445Аъзои ин анҷуман дар мавриди ин тасмим рӯзи шанбеи 28 сентябр дар ҷаласае раъй додаанд, ҳарчанд мушаххасан нагуфтаанд, ки номзади мавриди назари онҳо кӣ хоҳад буд. Бештари аъзои ин анҷуман гуфтаанд, ки ба далели сард будани муносиботи сиёсии ин ду кишвари ҳамсоя онҳо наметавонанд баосонӣ ба дидори пайвандонашон, ки дар қаламрави Узбакистон ба сар мебаранд, бирасанд.

Муҳаммадҷон Турсунов, кафили раёсати Анҷумани узбактаборони Хатлон, гуфт: "Ҳамаи узбакҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд дар Узбакистон хешу табор доранд. Аммо миёни ду кишвар низоми раводид ҳаст ва мушкилоти дигаре низ вуҷуд дорад. Мехоҳем ба номзаде раъй бидиҳем, ки ба мо ваъдаи ҳалли ин мушкилро медиҳад."

Бештари узбакҳои вилояти Хатлон аз мушкилоти дарёфти раводид ва душвориҳои сафар ба Узбакистон шикоят мекунанд. Ӯлмасой, як зани ҳудудан 40-сола аз ҷумлаи сокинони узбактабори ин вилоят, мегӯяд, ки ӯ дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, аммо пайвандонаш дар вилояти Андиҷони Узбакистон ба сар мебаранд. Вай гуфт: "Мехоҳем, ки раиси ҷумҳури оянда барои аз миён бурдани мушкилот байни ду кишвар кӯшиш кунад."

Аз сӯйи дигар, Муҳаммадҷон Турсунов, масъули анҷумани узбактаборон, гуфт узбакҳо хоҳони он ҳастанд, ки ҳар номзаде, ки барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мешавад, барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон талош варзад. Оқои Турсунов ҳамчунин аз нопадид шудани Салим Шамсиддинов, раиси Анҷумани узбактаборҳои вилояти Хатлон ва боздошт шудани Равшан Муталлибов, муъовини ӯ, ёдовар шуд.

Равшан Муталлибов дар фурӯдгоҳи шаҳри Краснодари Русия аз сӯйи кормандони интизомии он кишвар боздошт ва ба ҳамли маводди мухаддир муттаҳам шуда буд. Оқои Турсунов гуфт, ки боздошти оқои Муталлибов "суфоришӣ" буда ва нопадид шудани оқои Шамсиддинов низ як амали фармоишӣ аст. Вале вай мушаххасан нагуфт, ки суфоришгарони ин аъмол чи касоне метавонанд бошанд.

Дар ҳамин ҳол, Хайринисо Ярова, хоҳари Салим Шамсиддинов, мегӯяд, ки нопадид шудани бародараш дар соле, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доир мешавда, ба эҳтимоли зиёд дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Хонуми Ярова мегӯяд, ки бародари ӯ бо ишора ба мушкилоти мавҷуд дар Тоҷикистон аз ҳукумати феълӣ пайваста интиқод мекард, ки масъулин аз ин кораш хушашон намеомад.

Ҷамъияти узбакҳо дар вилояти Хатлон 28 дарсад аз нуфуси ин вилоятро ташкил медиҳад. Дар саросари Тоҷикистон шумори узбакҳо ҳудуди ду милиюн нафар арзёбӣ шудааст. Анҷумани узбакҳо дар Тоҷикистон соли 1991 таъсис шуда ва нашрияи мавсум ба "Ҳақсуз"-ро ба забони узбакӣ мунташир мекунад. Муҳаммадҷон Турсунов мегӯяд, ки бар асоси ойинномаи ин анҷуман, ҳар фарди узбактабор узви анҷумани қавмии узбакҳо ба шумор меравад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди ду милиюн нафар аз аҳолии Тоҷикистон узбактабор ва ҳамаи онҳо аъзои анҷумани қавмии узбакҳо ба шумор мераванд. Муҳаррама Мирзораҳимова, раиси Анҷумани узбактаборони Тоҷикистон, низ ин иддаъоро таъйид кард.

Узбакҳо бузургтарин ақаллияти қавмӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Онҳо дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон аз давлати кумунистии вақт ва ҳамин тур, аз Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мухолифони демукрот ва исломгарои ӯ фаъъолона пуштибонӣ кардаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi