19:42:44 18-уми Январи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Январ 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Дархости ҲНИТ аз Додгоҳи Қонуни асосӣ барои тазмини ҳуқуқи муҳоҷирон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Додгоҳи Қонуни асосии ин кишвар хостааст, ки муқаррароти марбут ба ҷамъоварии имзо дар қисми дувуми моддаи 25-и қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳуриро "ғайриконститутсионӣ" эълом кунад.

bobonazarova kabiri 548989Ин банди қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, ки баргаҳои имзо барои тарафдорӣ аз номзадҳоро танҳо раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳои ин кишвар метавонанд таъйид кунанд. Дар ҳоле ки бар асоси арзёбиҳои мухталиф беш аз якуним милюн нафар аз шаҳрвандони воҷиди шароити раъйи Тоҷикистон дар берун аз ин кишвар ба сар мебаранд.

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ (КМИҲ) пештар эълом карда буд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар баргаҳо барои ҷамъоварии имзоро танҳо раисони шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон муҳри таъйид мегузоранд, имкони ҷамъоварии имзо дар миёни муҳоҷирон вуҷуд надорад.

Аммо Ҳизби наҳзати исломӣ, ки умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ин амро ноқизи ҳуқуқи шаҳрвандоне медонад, ки дар берун аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Бо таваҷҷуҳ ба ихтилофи назари мухолифон бо мавзеъгирии Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ дар ин замина, ҲНИТ рӯзи панҷшанбеи 3 октябр номае ба Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон ирсол карда ва хостори санҷиш ва ибтоли ин муқаррарот шудааст.

Дар номаи ин ҳизб аз ҷумла омадааст: "Талаботи зикршудаи моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" моҳиятан табъиз буда, ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, аз ҷумла ихтиёрдорӣ аз ин ҳуқуқро тавассути фаъъолият дар ҳизбҳои сиёсӣ мамониъат мекунад ва аз ин рў, бархилофи муқаррароти моддаҳои 5-6, 10, 14, 24 ва 27-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад."

ҲНИТ мегӯяд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон ва мавозини байналмилалии ҳуқуқи башар барои ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ ва имконоти баробарро тазмин кардаанд, вале тасмими КМИҲ дар мавриди роҳ надодани муҳоҷирон ба корзори ҷамъоварии имзо барои тарафдорӣ аз номзадҳо дар ҷараёни тадорукот ба интихобот ин аслро зери по мегузорад.

Ин ҳизб ҳамчунин бо ишора ба моддаҳои гуногуни Қонуни асосӣ аз ҷумла истидлол мекунад, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон "дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат" аст ва "ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд". ҲНИТ меафзояд, ки ҳар шаҳрванде бар асоси Қонуни асосӣ "ҳаққи ба мусофират рафтан, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт" ба онро дорад.

Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчунин мегӯяд, ки муқаррароти марбут ба ҷамъоварии имзо дар моддаи 25-и қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо асноди ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар, Паймонаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи фитрию сиёсӣ ва Кунвонсиюни Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, низ дар тазод аст.

Дар номаи ин ҳизб ба Додгоҳи Қонуни асосӣ бо ишора ба кунвонсиюни кишварҳои ҳамсуд омадааст: "Ҳар як шаҳрванд, ки дар давраи гузаронидани интихоботҳои миллӣ берун аз қаламрави давлати худ зиндагӣ мекунад ё буду бош дорад, бо шаҳрвандони дигари давлаташ ҳуқуқҳои интихоботии баробар дорад. Намояндагиҳои диплумотик ва муассисаҳои кунсулӣ, шахсони мансабдори онҳо ба шаҳрвандон ҷиҳати татбиқи ҳуқуқу озодиҳои интихоботиашон мусоъидат мекунанд."

Ҳизби наҳзати исломӣ муътақид аст, ки давлати Тоҷикистон муқаррароти ин кунвонсиюнро зери по гузоштааст, дар ҳоле ки бар асоси Қонуни асосӣ, дар сурати носозгории қавонини Тоҷикистон бо мавозин ва қарордодҳои байналмилалӣ, мавозини байналмилалӣ бар қавонини дохилии ин кишвар арҷаҳият (бартарӣ) доранд.

Дархости ҲНИТ аз Додгоҳи Қонуни асосӣ барои ибтоли муқаррароти марбут ба ҷамъоварии имзоҳо дар ҳолест, ки то замони сабти номзадҳо ба раёсати ҷумҳурӣ тавассути КМИҲ чаҳор рӯз боқӣ монда, вале номзади мухолифон муваффақ ба ҷамъоварии шумори кофии имзоҳо нашудааст.

Тими Ойниҳол Бобоназарова, номзади ҲНИТ ва аҳзобу гурӯҳҳои дигари мухолиф, ки зери чатри эътилофе ба номи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб (ИНИТ) гирдиҳам омадаанд, аз фишорҳо ва мавонеъи ҷиддӣ тавассути мақомот дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо хабар додаанд.

Ин фишорҳо ва мавонеъ то ҷое буда, ки ҳатто вазири кишвари Тоҷикистон рӯзи гузашта аз кормандони пулис дар саросари кишвар хост, ки дар корзори интихоботии номзадҳо мудохила накунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi