05:28:44 03-уми Июни 2025 сол

КМИРТ дархости тамдиди замони ҷамъоварии имзоҳоро баҳс мекунад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дархости баъзе аз аҳзоби сиёсӣ дар мавриди тамдид кардани замони ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳоро баррасӣ мекунад.

varaqai-intikhobot-485214Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи душанбеи 7-уми октябяр зимни тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки "соати 10.00 ҷаласаи ҳайати КМИРТ баргузор мешавад, ки дархости баъзе аз аҳзоб дар мавриди тамдид кардани замони ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад."

Қаблан аҳзоби демократ ва коммунисти Тоҷикистон аз КМИРТ хоста буданд, ки ба далели эҷоди шароити мусоид барои ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳои интихоботӣ, замони ин раванд тамдид карда шавад.

Бар асоси тасмими КМИРТ, раванди ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳои интихоботӣ аз замони пешбарии номзад тавассути анҷумани ҳизб шурӯъ мешавад. Ба ин тартиб нахустин номзадҳо, ба таърихи 17-уми сентябр аз сӯи аҳзоби наҳзати исломӣ, демократ ва агарарӣ ё кишоварзӣ мушаххас шуда буданд.

Аммо дар ин раванд, бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои интихоботӣ, ба хусус Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони саршинос, номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ гардид ва аз фишору маҳдудиятҳо дар ин раванд ибрози нигаронӣ дорад.

Бо он, ки аҳзоби демократ ва коммунист хостори тамдиди замони ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳои интихоботӣ шуданд, ҳамакнун ба тарафдорӣ аз номзади демократҳо - Саъидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизб 194 ҳазор имзо ва ба тарафдорӣ аз Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунист ва вакили порлумон, 206 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст. Ин номзадҳо мегӯянд, то кунун имзоҳо аз вилояти Бадахшону, қисме Суғд ва Хатлон ҳисоб нашудаанд ва бо расидани куллияи ин имзоҳо, талаботи интихобоии ҷамъоварии имзоҳо иҷро хоҳад шуд.

Аммо ситоди интихоботии номзад Ойниҳол Бобоназарова, аз эълони куллияи имзоҳои ҷамъоварӣ шуда ба тарафдорӣ аз ин номзад худдорӣ мекунад ва мегӯянд, танҳо соати 11.00 маълумот пахш хоҳад кард. Аммо як манбаи наздик ба ИНИТ гуфт, ки аҳзоби шомили ИНИТ теъдоди 210 ҳазор имзо барои номзади худ ҷамъовар овардаанд ва имрӯз дар назар аст пас аз ҷаласа ба КМИР пешниҳод кунанд.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон низ мегӯяд, ба ҷонибдории номзади худ 230 ҳазор имзо ҷамъ оварда ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешинҳод карданд. Усмон Солеҳ , мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон рӯзи 7 октябри ба радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон ҲХДТ 210 ҳазор имзо барои пешинҳоди номзади худ Эмомалӣ Раҳмон ба курсии раёсати ҷумҳуриро ҷамъ оварда ба КМИР супорид.

Аммо номзади Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ба мо гуфт, ки то кунун натавонистааст 210 ҳазор имзо ҷамъ кунад. Вай афзуд, ки то кунун тарафдоронаш 198 ҳазор имзо ҷамъ кардаанд ва мӯҳлати ҷамъоварии имзоҳо барои пешниҳоди номзад ба КМИР низ ба охир расидааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар назар аст дар ҳамин рӯз ба КМИР дар мавриди тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ариза пешинҳод кунад.

Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854