23:04:31 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2042 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Раиси Думаи давлатии Русия ба Душанбе омад

Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия шоми рӯзи якшанбе бо сафари расмӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

narishkin_65852.jpgМуҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 7-уми октябр зимни тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки "сафари расмии Сергей Наришкин, бо гулгузорӣ дар пойи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе шурӯъ шуда, дар нимаи аввали рӯз дидору гуфтугуҳои вай бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва Муҳаммадсаид Убайдулоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ дидори Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро таъид карда ва гуфтанд, ки ин мулоқот соати 15.00 -и имрӯз ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳарчанд хабарнигорон ба дидору гуфтугуҳои Наришкин бо мақомоти парлумони Тоҷикистон даъват нашудаанд, аммо ин гуна имкон дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Кохи Миллат вуҷуд дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русияро, дар сафар ба Тоҷикистон Константин Ромодановский, раиси Хадамоти муҳофирати Русия ҳамроҳӣ мекунад, мулоқоти алоҳида бо раҳбари Хадмоти муҳоҷирати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев низ сурат мегирад. Ҳамчунин дар ҳайъати Русия дар раёси Сергей Наришкин аз Донишгоҳи славянӣ ва пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Душанбе низ дидан хоҳад кард.

Сергей Наришкин то 8 октябр дар Осиёи Марказӣ хоҳад монд ва қарор аст, ба Қирғизистон низ сафари расмӣ анҷом диҳад. Ӯро дар ин сафар раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ҳамроҳӣ мекунад ва зоҳиран баррасии масоили муҳоҷират бо мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз кишварҳои умдаи муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар дидору гуфтугӯҳои ҳайъати баландпояи Русия бо мақомоти Душанбеву Бишкек хоҳад шуд.

НАРИШКИН БА ДУШАНБЕ ОМАД. ВАЛЕ ЧАРО НАРИШКИН?

Сафари Сергей Наришкин ба Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 1 октябр Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон – билохира созишномаи ҳанӯз як сол пеш, дар тъарихи 5 октябри соли 2012 имзошуда дар бораи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русияро дар Тоҷикистонро тасвиб кард. Тӯл кашидани раванди тасвиби ин созишнома яке аз мояҳои аслии таниши мудавом байни Душанбеву Маскав шуда буд.

Ҷониби Русия, ки раванди тасвиби ин созишномаро ҳанӯз моҳи апрел  ниҳоӣ кард, аз Душанбе дилгир буд, ки дар ин амр беш аз ҳадд маътал мекунад. Ҷониби Тоҷикистон баръакс домангири “шарики стратегӣ”-аш буд, ки мехоҳад созишномаи пойгоҳро алоҳида аз ваъдаҳои дигараш иҷро кунад. Он ваъдаҳои дигар, ки пиромунаш дар ҳамон дидори “таърихӣ”-и руасои ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе тавофуқ шуда буд, аз ҷумла ироаи кумакҳои фанниву низомӣ барои таҷдиди артиши Тоҷикистон, фурӯши бидуни боҷи гумрукии 1 миллион тонна маводи сӯхт ба Душанбе дар соли 2013 ва аз 3 рӯзи феълӣ то 15 рӯз зиёд кардани замони ҳузури бидуни сабти номи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро дар бар мегирифт.

Дар мавриди фурӯши маводи сӯхт ва шароити ҳузури муҳоҷирони тоҷик моҳи феврал ва ин бор дар Маскав байни ду кишвар созишномаҳо низ имзо шуда буд, вале ба фарқ аз созишномаи пойгоҳи 201, ҷониби Русия дар амри тасвиби ин қарордодҳо чандон шитоб нишон намедиҳад. Ва инак, эъзоми Сергей Наришкин ва Константин Ромодановский ба Душанбе зоҳиран ба ин маъност, ки яке ба унвони раиси маҷлиси поёнии парлумони Русия ва дигарӣ ба унвони масъули сиёсати муҳоҷирати Русия ҷониби Душанберо итминони хотир бидиҳанд, ки Маскав ба ваъдаҳои дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201 додааш содиқ аст ва акнун ба тасвиби қарордодҳои марбут ба иҷрои ин тааҳҳудот камар хоҳад баст.

Ибтидо қарор буд, ки Сергей Наришкин дар моҳи сентябр ба Тоҷикистон биояд, вале ин сафар то моҳи октябр ақиб андохта шуд. Дар расонаҳо инро боз ҳам ба мавзӯъи тӯл кашидани раванди тасвиби қарордоди пойгоҳи 201 дар Душанбе рабт дода, мегуфтанд, баъид нест, агар Наришкин тасвиби ин паймонро шарти сафараш ба Тоҷикистон кунад. Акнун ва он ҳам дуруст баъди тасвиби созишномаи пойгоҳи 201 азми Душанбе кардани Наришкин, ба бовари таҳлилгарон, нишон медиҳад, ки як санги умда аз роҳи муносибати ду кишваре, ки дар санадҳои дуҷониба якдигарро ҳамчун “шарики стратегӣ” таъриф мекунанд, бардошта шуд.

Наришкин - "хоҷаи хориҷӣ"-и мухолифини тоҷик?

Наришкин дар доираҳои сиёсии Маскав як намояндаи аршади қутбе шинохта мешуд, ки агар малеҳтар таъбир шавад, дар ҷумлаи ҳаводорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон нест. Дар моҳи апрел, ки доираҳои рӯ ба ҳукумат дар Тоҷикистон аз эҳтимоли пешбарии раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Раҳматулло Зоиров ба унвони номзади ягонаи мухолифин дар интихоботи моҳи ноябри раёсати ин ҷумҳурӣ хафв доштанд ва бо истифода аз тамоми васоилу имконот устухони ӯро дар матбуот мебехтанд, Зоиров аз ҷумла ба он айбдор мешуд, ки зимни як сафараш дар Санкт-Петербург мулоқоти пинҳоние маҳз бо Наришкин дошта ва ба ӯ гуфтааст, ки даъвои боз як давраи ҳафтсолаи раёсат кардани президент Раҳмон амре мақбул нест. Ва Наришкин ҳам гӯё ваъда додааст, ки ин назари Зоировро ба сарони кишвараш хоҳад расонд.

Ҳарчанд худи Раҳматулло Зоиров баъдан вуқӯъи чунин мулоқотеро бо Наришкин рад кард, вале  расонаӣ кардани исми мақоми баландпояе, чун раиси Думаи давлатии Русия ва он ҳам ба сурати ҳомии пушти парда ё ба истилоҳи маъмултар дар забони доираҳои ҳокими Душанбе, ба унвони “хоҷаи хориҷӣ”-и мухолифини тоҷик нороҳатии мақомоти тоҷик аз мавзеъгирии  Наришкин ва атрофиёни ӯ дар қиболи масоили Тоҷикистон бармало мекард.

Ва ҳоло эъзоми маҳз Наришкин ба Душанбе ва он ҳам дуруст як моҳ қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ба назари нозирони умур, нишон медиҳад, ки савдои байни Маскаву Душанбе дар масъалаи интихоботи рӯзи 6 ноябр пухтааст ва маълум шуда, ки ҳама қутбҳои мавҷуда дар курраи сиёсати Маскав дар ин маърака аз кӣ пуштибонӣ хоҳанд кард? Аз ҷумла дар ивази тамдиди бидуни чуну чарои замони ҳузури ҳудуди 7000 афсару аскари пойгоҳи 201 – бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди  Русия – дастикам то соли 2042, ки роҳро барои боздиди Наришкин аз Душанбе ҳамвор кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi