18:54:26 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Олим Бобоев: «Ҳадафи ман аз ширкат дар интихобот президент шудан нест»

Олим Бобоев, раҳбар ва номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва раиси Пажуҳишгоҳи иқтисодии кишвар мегӯяд, ки ҳадафи ӯ аз ширкат дар интихобот раиси ҷумҳур шудан набуда, балки ӯ аз ин роҳ дар раванди демукросӣ саҳмгузорӣ мекунад. Оқои Бобоев ба ин робита ва доир ба масоили дигари марбут ба интихобот ва барномаи интихоботиаш дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шамсияи Қосим сӯҳбат кардааст, ки матни зер фишурдаи он аст.

olim boboev 304444-Чандин ҳизбу иттиҳодияҳо номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълиро ба унвони номзад ба давраи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кардаанд. Чун ҳизби Шумо номзадии шуморо гузошта, пас аз сиёсат ва кори ҳукумати феълӣ ва Раҳмон норозӣ ҳастед ва бовар доред, ки беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон кишварро идора кунед?

-Беҳтар будан набуданашро фақат ҷомеъа гуфта метавонад. Аз лиҳози марҳилабандии инкишоф бинем, кишвари мо марҳилаи аввал - марҳилаи табдилдиҳиро паси сар кардааст. Марҳилаи дуввумӣ, ин марҳилаи мутобиқкунӣ аст. Мо манфиъатҳои миллии худро бо манофеъи дерунӣ бояд мувофиқа кунем ва сохтори дохилии иқтисодиятро аз лиҳози бехатарии миллат ва кишвар устувор кунем. Марҳилаи баъдӣ - модернкунонӣ ё имрӯзикунонӣ мешавад - яъне дастрасӣ ба технологияиҳои нав ва баъдан марҳилаи технологияҳои постмодерн ва ҷомеъаи илмӣ.

Мо ҳоло дар марҳилаи мутобиқкунӣ қарор дорем. Мутобиқ кардан аз лиҳози ду омил - ин як намуди ислоҳот аст, мутобиқ кардани ҳуқуқи моликият ва ҳокимият. Агар ин мутобиқат ба нафъи гурӯҳ бошад, қавамӣ, авлодӣ ё ҳизбӣ, ин капитализм аст. Агар ба манфиъати умумӣ мутобиқ кунем ин сотсиялизм аст, агар мо ҳамин моликиятро ба ҳар фарде ки кор карда метавонад, диҳем, озодии фаъъолияти ӯро таъмин кунем ва ҷомеъаи иҷтимоъӣ бояд ҳамин гуна бошад ва мо пас аз таҳлилҳо ба ҳамин хулоса омадем, ки бояд ҳамин гуна ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, як модернзатсияи фарогир пешниҳод шавад ва мо ин корро дар барномаи худ кардаем.

Мо дар барномаи худ самтҳои асосии модернкунонии сиёсат, ҳуқуқ, судҳо, соҳаи иҷтимоъӣ ва дар охир соҳаи иқтисодиро пешниҳод кардаем. Агар дигар соҳаҳоро аввал ислоҳот ворид накунем, пулҳое, ки ба иқтисодиёт ворид мешавад, нест шуда рафтан мегирад. Мо бояд истиқлолияти судиро фароҳам кунем, фазои соҳибкориро комил кунем, андозро баррасӣ кунем, гардиши пулро дида бароем. Барои ҳамаи ин мо як барномаи васеъ дорем.

-Чанд соли охир давлати кунунӣ ҳам дар бораи ислоҳотҳои мухталиф сӯҳбат мекунад ва хуб ё бад ислоҳоти иқтисодиву, додгоҳиву қонунгузорӣ ва идорӣ дар кишвар ҷараён дорад. Ба ин хотир, ончи Шумо мегӯед ошно ба гуш мерасад...

-Ҷумҳурии мо дар як ҳолати ибтидоӣ буд, мо инро ҳама медонем. Мо як кишвари дотатсионӣ будем ва пас аз фурӯпошии шуравӣ пастравии истеҳсолот оғоз шуд ва болои ин ҳама ҷанги шаҳрвандӣ буд...

-Аммо аз ин корҳо хеле вақт гузашт...

-Бале, аммо ин замина буд. Дар марҳилаи аввал масъалаи ғайридавлатӣ кардани моликияти давлат шурӯъ шуд, танҳо ба мақсади он ки дар буҷет каме пул пайдо шавад. Имрӯз моликияти давлатӣ вуҷуд надорад. Ё саҳҳомӣ шуданд ё хусусӣ ва дигару дигар. Давлат иқтисодиёти худро аз ҳисоби фоидае пеш мебарад, ки ба буҷет мерасад. Аммо ин функсияҳо дар мо аз байн рафт, чаро ки мо дигар моликияти давлатӣ надорем, ин мафҳум аз байн рафт. Бинобар ҳамин то мо заминаро барои тағйироти иқтисодӣ фароҳам накунем, ислоҳот натиҷа намедиҳад, фақат як орзу мешаваду халос.

Ғайр аз ин як таҷрибаи сиёсӣ ва демукротӣ надоштем. Мо бояд демократия месохтем, аммо тафаккури демукротиро надоштем. Барои ҳамин созмонҳои байналмилалӣ дар ивази кумакҳо омада, гуфтанд, ки ин хел кунед он хел кунед ва албата онҳо ба манфиъати худашон мегуфтанд.

Дастурҳои онҳо кумак мекарданд, аммо онҳо ҳадафҳои худро доштанд. Баъзе дастурҳо кумаке ҳам накарданд, на ба манфиъати мо шуд, на ба манфиъати онҳо. Ҳоло бубинед, моликияти давлатӣ вуҷуд надорад, фасод густариш ёфтааст. Дар ин муддат маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ масалан агар 3.2 аз соли 2002 ин тараф зиёд шуда бошад, хароҷоти мақомоти идоракунии ҳокимияти давлатӣ 7.8 дарсад зиёд шудааст. Мо дар идоракунии давлатӣ тағйироти сохторӣ ва ихтисор мехоҳем.

Ғайр аз ин дар барнома аз назари манофеъи дохилӣ мо таҳлил кардем, ки кадом самтҳоро бояд такмил диҳем ва ё ислоҳот кунем. Масалан барои такмили унсурҳои демукросӣ мақомоти иҷроия, судӣ ва қонунгузор боят ислоҳот паси сар кунанд. Расонаҳо ҳам бояд озод бошад. Зеро расонаҳо бояд мушкилоти мавҷударо дар маркази таваҷҷӯҳ биёранд, ба таваҷҷӯҳи қонунгузорон, мақомоти судӣ ва мақомоти иҷроия - ин ба нафъи кор аст. Ин муҳитро агар фароҳам накунем, иқтисодиёт пеш намеравад. Сармоягузор бояд эҳсоси амният кунад. Адолати судӣ бошад бояд.

-Бо ин ҳама таҳлилҳое ки доред, пас арзёбии Шумо аз кори блуки иқтисодии ҳукумати Раҳмон чӣ гуна аст?

Бояд гӯём, ки блуки иқтисодӣ аз рӯйи он санаду меъёрҳое, ки вуҷуд доранд кор карда метавонад, берун аз он коре карда наметавонад. Аз рӯйи қорорҳо ва супоришҳои ҳукумат амал мекунад. Барои ҳамин онҳо то андозае озодона фаъъолият карда наметавонистанд. Мо бояд бинем, ки қарорҳо супоришҳо бо қонунгузорӣ мухолиф набошанд. Барои ҳамин мегӯям, ки ислоҳот бояд аз боло сар шавад, баъдан мо метавонем дар бораи ислоҳоти иқтисодӣ ҳарф занем.

-Яъне агар мушкиле ҳаст, айби блуки иқтисодӣ нест, айби қонунгузорӣ будааст?

-Бале. Ҳар касе дар блуки иқтисодӣ набошад, бештар аз ончи дар доираи қонунгузорӣ омадааст, коре карда наметавонист.

-Бигзарем. Назари Шумо ба эътилофи ду ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, ки номзади муштараки худро ба интихобот пешниҳод карданд, чист? Шумо хабари таъсиси ин иттиҳодияро чи гуна дарёфтед?

-Мо роҳи эволютсиониро бояд пеш гирем, на револютсиониро. Вақте мо барнома месозем, мо бояд дар бораи ислоҳот фикр кунем. Баъзан револютсия натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, чизе ба бор меорад, ки на демократия аст ва на чизе дигар. Мумкин аст, ки ба истилоҳ "иностранное управление" (идораи хориҷӣ) пайдо шавад дар ҷомеъа.

Аз дигар тараф ман эҳсос мекунам, ки ҳизби сусиол-демукротӣ теъдоди зиёди тарафдор надоранд, яъне қудрати сиёсӣ дар ҷомеъаро надорад ва барои ҳамин ба дигар қудратҳо пайваст мешавад, аммо чунин эътилоф ҳичи намедиҳад, рости гап.

Албато онҳо номзади ягона пешниҳод карданд, шояд ин яке аз роҳҳалҳо буд, аммо ман тарафдори он ҳастам, ки аз лиҳози барномавӣ ба ҳам пайваст шаванд. Фикр намекунам ин эътилоф барои интихобот натиҷаи хеле назаргир бидиҳад, аммо заминаи сиёсиро барои равандҳои сиёсӣ фароҳам мекунад ва ин хуб аст.

-Шояд эътилоф бо ҳизбе, ки муддаъии дифоъ аз ҳуқуқи мазҳабии 90 дарсади ҷомеъа ҳастанд, хеле кори ғайримантиқӣ набошад...

-Дуруст аст, ки ҳизби наҳзат дар ҳақиқат дар байни мардум тарафдор дорад. Мо масалан дар бораи дину давлат пешниҳодҳои мушаххас дар барнома дорем. Эйнштейн як гапи хушрӯй гуфтааст: “Илм бе дин ланг аст. Дин бе илм кӯр аст.” Агар динро мо бо илму ақл дарёфт накунем, имрӯз ҳар ҷараёнҳо ва мазҳабҳову равияҳо ворид шуда мазмуни динро нест мекунанд.

-Пас барои он ки барномаатон ланг набарояд, чи чизро аз дин дарёфтед ва дар барномаатон ҷой додед?

-Бисёр мафҳумҳои иқтисодие дар дини ислом ва ҳам дар яҳудиҳову насрониҳо вуҷуд доранд, ки бисёр қавӣ ҳастанд. Масалан, ҳамин бӯҳрони иқтисодӣ ва ҷаҳоние, ки мо мегӯем, дар воқеъият бӯҳрони иқтисодӣ нест, бӯҳрони ахлоқӣ аст. Пулҳоро дузида, корзорҳои нархбандии дурӯғин баргузор мекарданд ва маблағгузории мардум самти худро гум кард. Яъне асоси ҳамаи бӯҳрон, бӯҳрони маънавӣ аст.

Моделҳое, ки то ҳоло дар ҷаҳон истифода мебурданд, имрӯз ҷомеъаи Ғарбро ба нестшавӣ бурда истодааст. Бо ин динамика шояд баъд аз сад сол се дарсади аҳолии таҳҷоиаш мемонад ё не, маълум нест. Баъзе олимон мегӯянд, чаро Ғарб медонад ин денамикаро, вале боз ҳам ҳамин муделро ба мусалмонон бор карда истодааст? Ҳадаф чист? Бинобар ҳамин мо бояд дар фикри манофеъи миллӣ ва андешаи миллӣ бошем.

Моликияти даромад-оваранда бояд ба ҳар фарде, ки қобили истифодаи он моликият ва фоида гирифтан аз он бошад, фароҳам шавад. Бонкҳои исломӣ, ки берибо кор мекунанд дар ин самт хеле хубанд. Мо бояд ин моделҳоро ба нафъи ҷомеъа истифода барем.

-Дар бораи номзадҳои интихоботии имсол чӣ фикр мекунед? Киро рақиб медонед, киро не?

-Ҳамаашон шахсиятҳои арзанда ҳастанд, дар майдони сиёсат ҳиссагузор ҳастанд. Мо дар ибтидои демукротикунонии ҷомеъа ҳастем ва ҳизбҳо ин як унсури демукросӣ аст ва барои ҳамин, ин чиз хуб аст. Ин имконият медиҳад мардум муквофиқи дили худ интихоб кунад, ба ҳар ҳол интихоб пешниҳод шудааст.

Ҳизби кишоварзӣ академикро пешниҳод карданд, ҳарчанд дар сиёсат таҷриба надорад, аммо хуб аст, ки донишмандон ба сиёсат бештар ҷалб шаванд, зеро мо гуфтем, ки марҳилаи охирини инкишоф ин ташкили ҷомеъаи илмӣ аст. Ҳамаи номзадҳоро арзанда мешуморам, вале интихоб аз мардум аст.

-Аз рақобат бо Раҳмон наметарсед? Зеро ончи дар гузоришҳои мухталиф иддаъо доранд, ки оқои Раҳмон рақибонашро саркуб мекунад ва мисоли Зайд Саидовро пеш меоранд.

-Умуман, фикр ва сухан як энергия доранд ва таъсири энергияи сухан аз таъсири энергияи мода баландтар аст ва ин энергия дар фазо ба вуҷуд меояд ва ба воқеъият таъсиргузор аст. Агар бадбиниро партоем ва барои манфиъати миллӣ фикр кунем, кор дигар хел пеш меравад.

-Яъне Шумо мегӯед, ки рақобат бо Раҳмон он қадар ҳам тарснок нест, ки мегӯянд?

-Не, не. Ман дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳам ҳамроҳашон сӯҳбат кардаам. Фақат бо далел, илмӣ, объективӣ сухан гуфтан лозим. Аслан дар бораи парвандаи Зайд Саидов фикр мекунам, ин на қазияи сиёсӣ аст ва на иқтисодӣ, балки як қазияи шахсӣ аст.

-Агар ба расонаҳо нигоҳи сарсарӣ андохтаед, медонед, ки ҳама ҳадс мезананд интихоботи қарибулвуқуъ набарди Раҳмон ва Бобоназарова ё набарди ҳукумат ва мухолифон бошад. Зеро аҳзоби дигарро ё нодида мегиранд ва ё мегӯянд, аҳзоби кисагӣ ҳастанд ва ин ҳама саҳнасозӣ чаро?

-Ин як фикр, як тасаввурест, ки шахсе ё гурӯҳе дорад. Ягон ташкилоти илмӣ ба чунин натиҷа намеояд. Зеро мо дар шароите қарор дорем, ки ҳукумат вазифадор аст, унсурҳои демократиро созмон диҳад, дастгирӣ кунад ва ҳизбҳоро созад. Аммо раванди инкишофи ин ҳизбҳоро ҷомеъа муайан мекунад.

-Яъне мегӯед, новобаста аз натиҷаи интихобот ширкати шумо дар интихобот муҳим аст?

-Бале. Имрӯз ҳадафи мо президент шудан нест, ҳадаф демократияро ба роҳ мондан аст. Раванди ҷомеъаро ба маҷрои дуруст ниҳодан аст. Мо мехоҳем ё не, аммо ҷомеъа аз ин тариқ тағйир меёбад, бештар сиёсӣ мешавад. Инро раванди демукротикунонӣ меноманд. Онҳое ки ҳизби кисагӣ мегӯянд, гуфтан гиранд, ин тафаккури онҳост. Аммо бори дигар мегӯям, давлат дастгирӣ кардани ҳизбҳоро бояд ташкил кунад, вазифадор аст аз ҷиҳати молиявӣ онҳоро дастгирӣ кунад. Агар дастгирӣ накунанд, ҳизбҳо метавонанд дунболи манофеъи ғайримиллӣ шаванд.

-Аммо ҳастанд ҳизбҳое, ки мустақилона аз ҳукумат таъсис ёфтанд, яъне ҳукумат онҳоро мисли ҳизби шумо шояд дастгирӣ накардааст...

-Ҳукумат ҳамаи ҳизбҳоро дастгирӣ мекунад. Ягон ҳизб бе дастгирии ҳукумат вуҷуд дошта наметавонад. Дар ягон кишвар, ягон ҳизб бе дастгирии ҳукумат фаъъолият карда наметавнад!

-Ташаккур барои сӯҳбат.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi