14:38:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Сабти номи се номзади аввал - Раҳмон, Бухориев ва Бобоев

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба дунболи сабти номзадии Эмомалӣ Раҳмон номзадии Толиббек Бухориев ва Олим Бобоевро низ барои ширкат дар интихоботи президентии 6 ноябр сабти ном кард.

kmir-5544545Инҳо номзадҳое буданд, ки ду рӯз пеш шумораи кофии имзои тарафдорони худро ба комиссия супурданд ва гуфта мешавад, ин имзоҳо санҷида ва тасвиб шудаанд. Дар бораи шеваи озмоиши ин 630 000 имзо раиси дастгоҳи Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) Абдуманнон Додоев гуфт:

«Имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзад аз тарафи гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот, интихобан санҷида мешавад. Аммо дар мӯҳлати се рӯзе, ки мо дорем, ҳайати гурӯҳ қариб ҳамаи варақаҳоро санҷида истодаанд. Он ҷое, ки соли таваллуд нодуруст аст, ё ин ки рақаму силсилаи шиноснома нишон дода нашудааст ва ё дар графаи имзо имзо нест, ҳамаи инро аз ҳисоби умуми мо бароварда истодаем. Вале 210 ҳазор имзоро ба пуррагӣ санҷидан мо имкон надорем. Дар гурӯҳи корӣ аксарияташ ҳуқуқшиносонанд ва ба зудӣ дуруст ва ё сохта будани имзоҳоро муайян карда метавонанд.»

Ҳамчунин ҷаноби Додоев таъкид кард, ки дар сурати шубҳанок будани варақаи имзо, гурӯҳи корӣ, ки аз 11 нафар иборат аст, ба ноҳияи марбута муроҷит карда, аслӣ ё сохта будани имзоро мушаххас менамоянд.

Ин дар ҳолест, дар муддати кӯтоҳ 210 000 имзо ҷамъ овардани ҳизбҳои начандон маъруф пешниҳодеро ба миён овардааст, ки имзои тарафдорони онҳо аз тарафи намояндагони ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандон аудит ё санҷида шаванд.

Аммо ҷаноби Додоев мегӯяд: «Дар қарори махсуси Комиссияи марказии интихобот оварда шудааст, ки санҷиши овозҳо танҳо аз ҷониби гуруҳи кории ин комиссия сурат мегирад. Яъне ин ба он маъност, ҳеҷ каси дигар, на намояндаи аҳзоб, шахсони алоҳида ва ё ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаққи дахолат кардан ба кори ин гурӯҳро надорад.»

Масъулони КМИРТ мегӯянд, ба ҷуз аз Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳамаи номзадҳои дигар аз аҳзоби  коммунист, демократ, сотсиалистӣ теъдоди зарурии имзоҳоро ҷамъ оварда, ба комиссия пешниҳод кардаанд ва ҳоло санҷиши ин имзоҳо идома дорад.

Сарони ситоди номзад Бобоназарова гуфтанд, то кунун тавонистаанд ба ҷонибдории номзади худ 181 хазору 343 имзо гирд оваранд ва ҳанӯз намедонанд, ки то поёни мӯҳлат шумораи зарурии имзоҳоро ҷамъ меоранд ё не. Комиссияи марказии интихобот мӯҳлати охирини ҷамъоварии имзоҳоро то соати шаши шоми 10-уми октябр муқаррар кардааст.

Ба ақидаи коршиносон, маъракаи ҷамъоварии имзо қишрҳои гуногуни аҳолиро ба маҷрои маъракаи интихоботӣ ворид кардааст. Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов бар ин аст, ки аз ҳоло нишонаҳои фарқкунандаи интихоботи 6-уми ноябр ба мушҳоида мерасанд, аммо шаффофияти фаъолиятҳо ҳамоно боқӣ мондааст:

«Яъне имсол фарқиятҳои назаррас зиёд ба чашм мерасанд. Аз ҷумла дар интихоботҳои президентии гузашта сатҳи мубоҳисаҳову гуногунандешии пешазинтихоботӣ то ин дараҷа набуд. Ва ҳатто масъалаи имзоҷамъкуниву сабти номзад ҳатто баррасӣ намешуд. Аммо ҳоло вазъият тамоман дигар аст. Аммо дар нисбати шаффофият хеле аҷиб аст, ки ҳизбҳои хурд дар як муҳлати хеле кӯтоҳ имзоҳоро ҷамъ карда тавонистанд. Яъне ин баёнгари он аст, ки аҳзоби мазкур захираи маъмуриро ба кор бурданд ва аз тарафи ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба онҳо кӯмак расонида шуд.»

Дар ҳоле ки се номзад - раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби аграрӣ Толиббек Бухориев ва Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ расман вориди корзори интихоботӣ шуданд, чаҳор номзади дигар - Ойниҳол Бобоназарова аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист, Саъидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократ ва Абдуҳаллим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист низ барои ширкат дар ин сабқат пешбарӣ гаштаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi