10:15:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Қадам ба қадам роҳ ба сӯи интихобот

Рӯзҳои даргузар моро ба ин маъракаи муҳим наздик мекунанд. Ва ин як фурсати басо муносибест, ки мардум бо истифода аз имкону шароит дидгоҳҳои худро дар бораи он ки кишвар ва ҷомеа ба чӣ гуна роҳбар ниёз дорад, дар маҳофили сиёсиву нишастҳои маъмулӣ ва тӯю маъракаҳо баён доранд.

Руҷӯъ ё ҷасорати интихоботӣ

jalasai-init-457855Духтархонуми наҳзатӣ Ҳамида Носирова даҳ рӯз пештар амале аз худ нишон дод, ки ҳатто амниятиҳои кишварро дар ҳайрат гузошт. Вай рӯзи якшанбе, бо он тасаввур, ки президент дар манзилаш истироҳат дорад, роҳ ба сӯи хонаи ӯ пеш гирифт, то назарашро дар мавриди номзади мухолифони давлат ва номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова бигирад. Ва на танҳо назар, балки имзо ва ризояти ӯро чун номзад ба мақоми Раёсати ҷумҳурӣ дарёфт кунад.

Вале дар талошаш ноком монд. Тибқи иттилои сомонаи наҳзат духтархонумро посбонон бо чеҳраи кушода пешвоз гирифтанд ва баъди шунидани арзаш ӯро наронданд, балки аз хадамоти амниятӣ намояндагонашро даъват намуданд. Амниятиҳо низ хеле бомуомилаву боадабона ҳамроҳаш сӯҳбат карданд. Вақте аз мақсадаш огоҳ шуданд, кунҷкобӣ ҳам карданд, ки чаро маҳз  ба ин манзили Сардори давлат омадааст. Ҳамида посух додааст, ки Раҳмон баробари Президент будан ҳамчунин шаҳрванд ҳам ҳаст ва ҳуқуқи имзо гузоштан дорад ва мо хостем, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҳукуқ истифода барад ва дар варақаи ирзоҷамъкунӣ барои номзад Бобоназарова имзо гузорад. 

 Ҳамида муваффақ нашуд, чун Прзедент ва хонумаш дар манзил ҳузур надоштанд ва посбонон ҳам наметавонистанд, ӯро ба ҳавлӣ роҳ диҳанд. Вале баъдан ин амал як ҷасорат унвон шуд. Ҳатто вақте аз Ҳамида хостанд, ки худаш ба ҷонибдории Раҳмон овоз диҳад, посух дод, ки на, ӯ Бобоназароваро интихоб хоҳад кард.

Дар таърихи интихоботи кишвар ҳодисае чунин хеле нодир аст ва ин баёнгари болоравии сатҳи биниши сиёсии мардум мебошад, ки Президенташонро аввал шаҳрванд медонанд, баъд сардори давлат. Дар ҷомеаи бузургсолории Тоҷикистон гирифтани имзои Эмомалӣ Раҳмон ҳам имкон надошт, вале Ҳамида бо вуҷуд дари ӯро куфт ва сарварро огоҳ ҳам кард, ки як шаҳрванди оддӣ ҳам ҳуқуқ дорад ба дари ӯ ояд ва назарашро ба номзади аҳзоб ва созмонҳои мухолифаш бигирад.

Аз руҷуъ бигзарем ва ба саҳнаи пешбарии номзадҳо ба интихоботи Раёсати ҷумҳурӣ бингарем, то дарёбем, ки комёбу ноком дар ин талошҳо кист. 

Пешбарии Президент ба президентӣ

Ҳафтаи сипаришуда пешбарии номзадҳо амалан ба анҷом расид. Охирин номзад ин президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дақиқан аз ҷониби ҲХДТ пешбарӣ гардид. Аз ин пеш номзадии ӯро аз Бадахшон, Иттифоқи касаба ва Созмони ҷавонони кишвар дастгирӣ карда буданд.

Анҷумани ҲХДТ бидуни ширкати раиси он Эмомалӣ Раҳмон гузашт ва гуфта шуд, ки бинобар сабаби масруфияти зиёд Ҷаноби Олӣ иштирок карда наметавонад.

Албатта, аз оғоз то ба анҷом касе аз ин анҷуман сюрприз ҳам интизор набуд, зеро пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон як масъалаи аз қабл ҳалшуда ҳисобида мешуд ва дар анҷуман мукарраран таъкид карданд, ки ӯ алтернатива надорад ва дошта ҳам наметавонист. Аксиома ва ҳеҷ кас наметавонад иддио кунад, ки дар ин ҳизб шахсияти маъруфе болотар аз маъруфияти президент вуҷуд дошта бошад.  

То ба имрӯз чуноне ишора рафт, ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, ҲКТ Исмоил Талбаков, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як иттиҳод бо ҲСДТ ва нерӯҳои ислоҳотхоҳ Ойниҳол Бобоназароваро номзад пешбарӣ кардаанд. Ва акнун  маъракаи ҷамъоварии имзо дар авҷ аст.

Тозатарин ҷаласаи ИНИТ то зуҳри рӯзи душанбе 7-уми октябр баргузор шуд. Дар он эълон гардид, ки ба ҷонибдории О.Бобоназарова то кунун 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд. Қарор буд бо ҳамин маъракаи ҷамъоварии имзо ҷамъбаст шавад. Вале дар ин асно хабари тамдиди муҳлати он ба дархости Ҳизби коммунист ва Ҳизби демократ аз ҷониби КМИР расид ва роҳбарияти ИНИТ тасмим гирифт боз се рӯзи дигар ба ҷамъоварии имзо идома диҳад. 

Эроди Зойиров: пешниҳоди ғайриконститутсионӣ?

Раҳматилло Зойиров як бори дигар нишон дод, ки ҳуқуқшиноси борикбин аст. Шояд пайгирӣ мекард ва ё баъди пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба ин натиҷа расид, ки ҳизби ҳоким сарварашро бо қонуншиканӣ ва нақзи муқаррароти Конститутсия вориди сабқати интихоботӣ мекунад. Дар баёнияе, ки расонаӣ шуд, Зойиров навиштааст: «Хабар расид, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат гирифтааст, яъне ҳоло ин амали ғайриконститутсионӣ на аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, балки ҲХДТ содир шуд».

Ҳафтаи гузашта ин аввалину охирин иддаое набуд, ки аз қонуншиканиҳо баҳс мекард. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз бадшавии фазои интихоботӣ дар марҳилаи пешбарии номзадҳо ва ҷамъоварии имзо изҳори нигаронӣ кард. Ин иттиҳод  ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуд, ки бо истифода аз ваколатҳои конститутсионии худ “ҳуқуқҳои интихоботии поймолшуда ва озодиҳои шаҳрвандон”-ро барқарор намояд. Дар изҳороти худ ИНИТ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки “беш аз 1,5 млн. нафар шаҳрвандони муқими хориҷи кишвар, ки 40%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳанд, аз ҳуқуқи одии интихоботӣ – имзогузорӣ ба ҷонибдории номзад маҳрум гардида, вале дар ҳисоби 5%-аи меъёри ҷамъоварии имзоҳо ба инобат гирифта мешаванд”. 

Хеле мутаассифона, ки ИНИТ амалҳои КМИР-ро ғайриқонунӣ медонад ва таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқро ба ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб мекунад.

Аммо КМИР рӯзи шанбеи гузашта бо пахши гузорише теъдоди муҳоҷирони қобили райъро дар хориҷи кишвар камтар аз миллион нафар донист ва иддиои касонеро, ки шумораи ин афродро 1,5 миллион нафар мегуфтанд, рад намуд. Бар замми ин эълон ҳам кард, ки ҳоло кӯшиш мешавад барои ин афрод шароити ширкати фаъолона дар интихобот дода шавад. Аммо то куҷо муваффақ хоҳад буд, вақт нишон медиҳад. 

Аз сӯи дигар дар бораи қонуншиканиҳо дар рафти ҷамъоварии имзоҳо хабар дода мешуд, ки аксаран аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо сурат мегирад. Албатта, наметавон инро дастури боло донист, вале эҳсос мешавад, ки бо ин гуна садгузориҳо роҳбарони зинаҳои мухталифи ҳокимият мехоҳад садоқати худро ба Сардори давлат нишон диҳанд, бехабар аз он ки ба имиҷи сиёсии ӯ дар арсаи байналмилалӣ номаълумакак латма ворид месозанд. Монеъгузориҳои соддалавҳона боиси эътирозҳо мегарданд ва ҳатман ин ҳама ба гӯши нозирони байналмилалӣ ҳам мерасанд, ки аз ҳоло вориди Тоҷикистон шудаву ба фаъолият пардохтаанд.

Номзади мухолифон аз дидгоҳи беруниён

Аммо ба назар мерасад дар арсаи байналмилалӣ ҳам номзади ягонаи мухолифон, ки тавонад бо Президенти амалкунанда мустақилона вориди сабқат шавад, тавре интизор мерафт, пазируфта нашуд. Аҳзобу ҷунбишҳои дохиливу хориҷии зиёде мустақим ва ғайримустақим аз ӯ ҳимоят мекунад. Вале дар таҳлилҳои коршиносонаи хориҷӣ як нукта хеле муҳим ба назар расид.

Аз назари таҳлилгарони беруна Ойниҳол Бобоназарова наметавонад алтернатива ба Раҳмон бошад, чун чеҳраи сиёсии пазируфташуда нест. Як чунин изҳори назар аз ҷониби таҳлилгари рус оид ба Эрон ва Осиёи Марказӣ, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти хориҷӣ ва ташаббусҳо Игор Панкратенко эълон шуд.

Мавсуф дар сӯҳбати ихтисосие бо CA-News гуфт, ки интихоби Ойниҳол Бобоназарова аз ҷониби неруҳои мухолифи давлати Тоҷикистон худ як саҳнаи театрие беш нест ба андешаи ин сиёсатшинос имкони пирӯзии ин номзад ба сифр баробар аст, вале ба иттиҳоди мухолифон имкон медиҳад, ки дар назари Ғарб худро зебо намудор кунанд.

Ин таҳлилгари рус бо овардани иқтибос аз мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ дар радиои Озодӣ мегӯяд, мухолифон ба шикасти худ эътироф мекунанд ва инро пинҳон ҳам намедоранд. “Медонед, хеле осон буд, агар дар иртибот ба ин номзад китф дар ҳам кашидан ва гуфтан, ки “на дузди бозор, на шайхи мазор».

Хонум Бобоназарова як шахсияти матраҳ ва обруманд аст, вале ҳеҷ сиёсатмадоре нест. Аммо агар мухолифон танҳо ҳамин номзадро пайдо карда бошанд, пас, дар Тоҷикистон ҳеҷ неруи мухолиф ҳам вуҷуд надорад». 

 Албатта, ин як таҳлил ё арзёбии ғайримунсифона ҳам буда метавонад. Нерӯҳои мухолифи давлат ба сабқати интихоботӣ бо имкониятҳои худ ворид шудаанд ва ҳарчанд пирӯзии онҳо баъид аст, вале ширкат дар чунин як маъракаи муҳим то кадом ҳад миёни мардум маҳбубият доштани онҳоро ифода хоҳад кард. Аммо ягона чизе, ки имсол ҳам метавонад чун дар интихоботҳои гузашта такрор шавад, тақаллуб дар шумориши оро ва садэҷодкуниҳо дар таблиғоти пешазинтихоботии номзадҳо бошад.

 «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi