01:51:53 03-уми Июни 2025 сол

Э. РАҲМОН: “БА МЕДВЕДЕВ КАФОЛАТ ДОДАМ”

Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати ахири худ бо Президент Медведев гуфтааст, ки набояд аз афзоиши теъдоди имом хатибони тоҷиктабори масоҷиди ин кишвар нигарон бошад. Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло “ними имом хатибон дар масоҷиди Русия ва Қазоқистон атбои тоҷик ҳастанд ва ман ба Президент Медведев кафолати онҳоро додам.”

 

Оқои Раҳмон дар ин бора дар мулоқоти худ бо ҳамватанон дар шаҳри Маскав дар поёни ҳафтаи гузашта, зимни боздиди худ аз Русия, хабар додааст. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин изҳор доштааст, ки “набояд роҳ дод, ки ин имом хатибон ба гурӯҳҳои тундраве бипайванданд.” Дар робита ба вазъи муҳоҷирон ва тоҷиктаборони Русия президент Раҳмон гуфтааст, ки “ин толеъи мардуми тоҷик аст, ки раҳбарии Русияро шахси оқилу дурбине ба мисли Дмитрий Медведев бар ӯҳда дорад.”

 

Ба эътиқоди оқои Раҳмон, ҳамтои русаш пайваста дар қиболи шаҳрвандони Тоҷикистон тавваҷуҳи вижае дорад. Вай афзудааст: “Президент Медведев ба ман гуфт, ки модараш аз Тоҷикистон хотираҳои неке дорад, зеро, дар замони ҷанги зидди Олмони нозӣ ба кишвари мо муҳоҷират кардааст.”

 

Дар маҷмуъ, ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, “ҳеч кишвари абарқудрате дар ҷаҳон дар қиболи Тоҷикистон чунин меҳру муҳаббати зиёде мисли Русия надорад.” Вай афзудааст, ки “русҳо ва тоҷикон як ҳастанд ва насли як нажод, яъне ориёиҳо мебошанд.”

 

Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯи худ бо ҳамватанони муқими Русия аз фаъолияти бархе аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар интиқод карда гуфтааст, ки ҳоло дар Русия 68 созмони тоҷикон сабти ном шудааст.

 

Ба эътиқоди вай, шарти муҳими фаъолияти онҳо дар мутттаҳидӣ аст. Оқои Раҳмон афзудааст: “Мо медонем, ки бархе аз ин созмонҳо чӣ аҳдоферо думбол мекунанд. Бигзор аз давлати Тоҷикистон ва президент интиқод кунанд, мо қабул дорем. Вале муҳим ин аст, ки ба ватан хиёнат накунанд.”

 

Оқои Раҳмон ҳамчунин аз собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Русия ба сар мебаранд, даъват кардааст, ки “барои ободӣ ва рушди Тоҷикистон ба ватан баргарданд.”

 

Аз ҷумла, дар муроҷиъа ба асотиди забони русӣ, ки дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар даҳаи 1990 ин кишварро тарк кардаанд, оқои Раҳмон гуфтааст, омода аст барои онҳо дар Душанбе манозили маскунӣ бисозад.

 

Дар сӯҳбат бо Темур Зулфиқоров, нависандаи тоҷиктабор ва русзабони Русия, президенти Тоҷикистон гуфт, ки “барояш як оппортуомни сеҳуҷрагӣ медиҳад, вале шарт ин аст, ки бояд ба Душанбе бикучад.”

 

Оқои Раҳмон ҳамчунин аз асотиди тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия машғули тадрис ҳастанд, хоҳиш кардааст, ки талош кунанд, то теъдоди бештари ҷавонони тоҷикро бо омӯзиш фаро бигиранд. Ҳамчунин аз пизишкҳои тоҷиктабори Русия даъват шудааст, ки “барои ватани худ кодрҳои ҷавонеро тарбият кунанд.”

 

Президенти Тоҷикистон афзудааст, ки бо мақомоти рус мавзӯъи ташкили синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои мутаввасит дар бархе аз маноиқи Русия, ки дар он маҳаллот теъдоди зиёди тоҷиктаборон ба сар мебаранд, матраҳ хоҳад кард. Зимнан, дар ду соли ахир ин чаҳорумин дидори Президент Раҳмон бо ҳамватанон дар Русия аст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854