17:44:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Бо рафтани Бобоназарова "интрига"-и интихобот ҳам аз байн рафт"

Коршиносон мегӯянд, ки бо берун шудани Ойниҳол Бобоназарова аз сабқати президентӣ, рақобати интихоботӣ аз байн рафт. Ҳуринисо Ғаффорзода, раиси созмони "Оштии миллӣ ва соҳибназари тоҷик мегӯяд, "бо берун шудани Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз ҲНИТ, интихоботи президентӣ зери суол рафт."

bobonazarova-proigral-45454Зеро ба таъкиди хонум Ғаффорзода, "Ойниҳол Бобоназарова, танҳо номзаде буд, ки метавонист ба интихоботи президентӣ шукӯҳи рақобат, демократия ва шафофиятро бубахшад". Вай мегӯяд, "чанд номзади дигаре, ки пешниҳод шудааст ва ҳамакнун давлат мегӯяд, ширкати онҳо интихоботи озоду демократиро ба намоиш хоҳанд гузошт, дастпарвари ҳукуматанд ва "лухтак" -ҳоеро мемонанд."

Хонум Ғаффорзода меафзояд, ҳамакнун "дигар ҳама омолу армоне, ки барои фардо як чароғи умед буд, барбод рафт, беҳтар аст, интихобот баргузор нашавад ва раиси ҷумҳур боз фаъолияташро идома диҳад."

 

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки бо берун шудани Ойниҳол Бобоназарова, рақобати интихоботӣ низ аз байн рафт. Ҷаноби Муллоҷонов мегӯяд, "албатта маълум буд, ки агар Ойниҳол Бобоназарова низ номзад бошад, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз мешавад, вале вуҷуди хонум Бобоназарова дар интихобот омили рақобати созанда ва фазои ҷолиби ин маърака мегардид.

Вай меафязояд, "аслан иинтизор надоштем, ки ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова имзоҳои даркориро ҷамъ оварда наметавонад, чун ҳизбҳои дигар, ки тоза ба майдон омадаанд, тавонистанд миқдори кофиро ҷамъ кунанд, пас ҷи гуна Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар миёни ҷомеа маъруф аст, наметавонистааст, имзоҳоро ҷамъ кунад."

С.Шарифов: "Афсӯс, ки номзади ҲНИТ аз сабқат берун шуд"

Суҳроб Шарифов, вакили МН аз берун шудани номзади ҲНИТ аз сабқати интихоботӣ изҳори таассуф кард ва гуфт, Бобоназарова бояд иштирок мекард, то ҷомеа медонист, ки ӯ чӣ қадар тарафдор дорад.

Суҳроб Шарифов, вакили порлумон ва собиқ раиси Маркази мутолеоти стратегӣ вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз берун шудани Ойниҳол Бобоназарова, номзади ИНИТ аз сабқати интихоботи президентӣ изҳори таассуф кард ва гуфт, ки "хуб мебуд, то номзади ҲНИТ дар интихобот ширкат мекард ва ҷомеа ва коршиносону таҳлилгарон мефаҳмиданд, ки ин номзад чӣ теъдод раъй ба даст меорад ва тарафдор дорад."

Бо ин ҳам ҷаноби Шарифов бар ин назар аст, ки "аз сабқат берун шудани Ойниҳол Бобоназарова ба руҳия ва раванди баргузории интихобот таъсире нахоҳад гузошт ва интихобо дар ин чорчӯба ҳам шавқовар мегузарад."

Ҳамзамон ин вакили порлумон гуфт, ки берун шудани номзади ҲНИТ аз интихобот "ин бозии худи ИНИТ буд ва мумкин аст, ки ин як тактикаи сиёсӣ ва стратегияи ин ҳизбҳо аст". Зеро ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, "ИНИТ мақсад, маром, хатару таҳдидҳо ва воқеиятҳои сиёсиеро ҷиддӣ нагирифт".

Аз сӯи дигар ҷаноби Шарифов мегӯяд, "қаблан низ гуфтам, аз аввал маълум буд, ки ин тактикаи ИНИТ, ки номзади интихоботиро аз ҳисоби намояндагони ҳизбҳо пешниҳод накарданд ва он зиддиятҳое, ки дар ҳизб ва дар шахсиятҳое, ки дар ИНИТ аст, намегузоранд, то аз маъракаи сиёсӣ истифода кунанд."

Ҷаноби Шарифов ҳамчунин мегӯяд, бо омӯзиши ин тиҷрибаҳо шояд дар оянда ба низоми қонунгузорӣ, муқаррароти қонун дар мавриди ҷамъоварии имзоҳо ва сабти номи номзадҳо тағйирот ворид гардад.

"Ширкат накардани Бобоназарова ба интихобот таъсире намегузорад"

Комиссияи марказии интихобот ва раъйрпурсии Тоҷикистон мегӯяд, "дар интихоботи президентии ин кишвар 6 номзад, ба ҷуз Ойниҳол Бобоназарова ширкат мекунад".

Абдуманон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИРТ дар вокуниш ба иқдоми Ойниҳол Бобоназарова, ки аз сабқати интихоботӣ берун шудааст, гуфт, ки "ин хоҳиши худи номзад аст ва чун имзои тарафдоронро дар замони таъйиншуда пешниҳод накардааст, ин ба маънии он аст, ки дар интихобти навбатӣ шаш номзад ширкат мекунад."

Ҷаноби Додоев афзуд, ки "КМИРТ тамоми талошро ба харҷ дод ва дар чорчӯби қонун муқарарот бо дархости бархе аз аҳзоби сиёсӣ раванди ҷамъоварии имзоҳоро тамдид кард. Мо интизор доштем, ки ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова имзоҳои тарафдорони худро то нимарӯз ба КМИР пешниҳод мекунад, аммо дар ниҳоят маълум гардид, ки онҳо теъдоди кофии имзоҳоро ҷамъ оварда натавонистанд."

Бо ин ҳам раҳбари дастгоҳи КМИРТ мегӯяд, "ин амр ба интихобот ягон хел таъсире нахоҳад гузошт ва интихобот демократӣ, шаффоф, озод ва ба таври алтернативӣ бо ширкати шаш номзад аз ҳизбҳои мухталиф баргузор мешавад".

Субҳи имрӯз Ойниҳол Бобоназарова, номзади ИНИТ бурун шуданаш аз сабқат барои курсии раёсати ҷуҳмурро эълон кард. Барои ворид шудани Ойниҳол Бобоназарова ба сабқати курсии раёсати ҷуҳмур камтар аз 9 ҳазор имзо нарасид. Ойниҳол Бобоназарова дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, хаёл мекард, рақиби ӯ дар интихобот танҳо Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд, аммо дар асл тамоми сохторҳои тавонои давлатӣ ба ӯ мухолифат нишон доданд ва дар роҳи ҷамъоварии имзоҳо монеа эъҷод карданд.

Бобоназарова аз Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ки бори сангини маъракаи интихоботро бар дӯш гирифт, изҳори сипос кард. Ӯ ҳамчунин аз ҷонибдоронаш узр пурсид ва гуфт, "мутмаъин бошед, ки ман то лаҳзаи охир барои имзоҳои шумо мубориза бурдам.”

Ӯ гуфт аз оғоз бовар дошт, ки Иттиҳоди Нирӯҳои Ислоҳотхоҳ тавони инро дорад, ки 350 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кунад, аммо бинобар фишори ҳукумат ҳар имзо бо заҳмат дастрас мешуд. "Танҳо панҷ рӯз пеш Вазорати дохилӣ ба кормандонаш дастур дод, ки ба раванди ҷамъоварии имзоҳо ба мо халал нарасонанд"- гуфт Ойниҳол Бобоназарова. "Ман бо дарки ин воқеъият, ки сабқат барои курсии раёсати ҷуҳмур осон нахоҳад буд, вориди корзор шудам. Аммо тасаввур намекардам, ки ин маърака ба ин ҳад пурмонеа ва мушкилсоз мешавад"- афзуд Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова ба хабарнигорон гуфт, ҳеҷ як аз номзадҳое, ки то ҳол сабти ном шудаанд, тавони рақобат бо Раҳмонро надорнад ва танҳо ӯ буд, ки метавонист президентро ба чолиш бикашад. "Ҳукумат аз рақиби ҷиддӣ тарсид"- гуфт Ойниҳол Бобоназарова.

Қабл аз ин нишаст хонум Бобоназарова дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба мо гуфт, ки имзоҳои аз Бадахшон ба дасти онҳо расида, натавонистааст теъдоди имзоҳоро ба 210 расонад ва бо ин сабаб имкони давом додани муборизаро надоранд.

Фирдавс Табаров, сухангӯи Комиссия марказии интихобот субҳи рӯзи ҷумъа ба "Озодӣ" гуфт, ки Ойниҳол Бобоназарова мебоист субҳи ҷумъа 210 ҳазор имзоро пешниҳод мекард, вале имзоҳои ваъдагӣ то ҳанӯз ба камисиюн ворид нашудаанд.

Рӯзи 10 октябр Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) номзадии Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист ва Саъидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократро сабти ном кард.Маросими сабти номи ин се номзади интихоботӣ дар КМИРТ ба раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси ин ниҳоди интихоботӣ рӯзи 10-уми октябр баргузор гардид. Ҷаноби Шоҳиён гуфт, ки Исмоил Талбаков, Абдуҳалим Ғаффоров ва Саъидҷаъфар Исмонов бар асоси моддаи 25 Қонуни Асосӣ ва тасмими КМИРТ ҳамчун номзад ба интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр расман сабти ном шуданд.

Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, теъдоде аз имзои тарафдорони ин номзадҳо беэътибор дониста шуд, вале чун номзадҳо имзои бештар пешниҳод карда буданд, ин ба номнависи онҳо монеъ нагашт: «Ҳизби сотсиалисти  Тоҷикистон  дар маҷмӯъ 215 ҳазору 761 имзо ба унвонии мо пешниҳод карда буд. Дар натиҷаи омӯзиш маълум гардид, ки дар 496 ҳолат бе нишон додани рақами шиноснома, дар 19  маврид бе қади соли таввалуд, дар 12 ҳолат афроди, ки соли таваллудашон 1996 ва ҳатто 1998 ҳастанд дар имзоварақа саб шуданд. Ҳамчунин дар панҷ бланк 583 имзо бе муҳри мақормоти маҳҳалӣҷамъ оварда шудааст. Дар маҷмуъ 1 ҳазору 110 имзо аз эътибор соқит дониста шуданд».  

Ҷаноби Шоҳиён афзуд, аз 217 ҳазору 850 имзои ҷамъовардаи Ҳизби демократ 818 ва аз 218 ҳазору 706 имзои пешниҳодкардаи ҳизби коммунист 119 имзо беэътибор эълон шуд.

Дар ҳамин ҷаласа ҳамчунин рӯйхати 15 шахси боэътимоди ҳар як номзад низ тасдиқ гардид. Ҳангоми эълони исми шахсони боэътимоди Сайидҷаъфар Исмонов, намояндагони ҳизби коммунисти Тоҷикистон эътироз карданд, ки Бурҳон Раҳмонов наметавонад шахси  боэътимоди раҳбари ҳизби демократ бошад, чунки вай узви Кумитаи марказии ҳизби коммунист аст. Ба ин сабаб номи ин нафар аз рӯйхати шахсони боэътимоди Исмонов ихтисор ва ба ҷои ӯ шахси дигар пешниҳод шуд.   

Рӯзи 9 октябр Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмон, Толиббек Бухориев ва Олим Бобоевро низ барои ширкат дар интихоботи президентии 6 ноябр сабти ном карда буд.

Дар бораи шеваи озмоиши имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо раиси дастгоҳи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев гуфта буд, барои 210 ҳазор имзоро ба пуррагӣ санҷидан имкон надоранд. аз инрӯ дар гурӯҳи корӣ аксарияташ ҳуқуқшиносонанд ва ба зудӣ дуруст ва ё сохта будани имзоҳоро муайян карда метавонанд.

Ҳамчунин ҷаноби Додоев таъкид кард, ки дар сурати шубҳанок будани варақаи имзо, гурӯҳи корӣ, ки аз 11 нафар иборат аст, ба ноҳияи марбута муроҷит карда, аслӣ ё сохта будани имзоро мушаххас менамоянд.

Ин дар ҳолест, дар муддати кӯтоҳ 210 000 имзо ҷамъ овардани ҳизбҳои начандон маъруф пешниҳодеро ба миён овардааст, ки имзои тарафдорони онҳо аз тарафи намояндагони ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандон аудит ё санҷида шаванд.

Аммо ҷаноби Додоев мегӯяд: «Дар қарори махсуси Комиссияи марказии интихобот оварда шудааст, ки санҷиши овозҳо танҳо аз ҷониби гуруҳи кории ин комиссия сурат мегирад. Яъне ин ба он маъност, ҳеҷ каси дигар, на намояндаи аҳзоб, шахсони алоҳида ва ё ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаққи дахолат кардан ба кори ин гурӯҳро надорад.»

Интихоботи рӯзи 6 ноябр шашумин интихоботи президентӣ дар таърихи Тоҷикистон аст. САҲА аз соли 2000 интихоботҳои Тоҷикистонро назорат мекунад, вале то кунун ягон интихоботи баргузоршуда дар ин кишвари пасошӯравиро ҷавобгӯи меъёрҳои интихоботи озоду демократӣ эътироф накардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi