17:06:42 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Агар КМИР ба истиқбол мешитофт…

Маъракаи ҷамъовари имзо ба анҷом расид. Номзади ягонаи ИНИТ аз сабқат хориҷ шуд. Акнун ҳамагон дида ба он рӯзанд, ки қасамёдкунии Эмомалӣ Раҳмонро дигарбора тамошо кунанд...

hizbhoi-siyosi-488799Аз ин ҳафта марҳилаи нави интихоботӣ барои Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Соате, ки ин шарҳ навишта мешуд, аллакай эълон шуда буд, ки номзади асосии мухолифон ва шахсе, ки алтернативаи воқеъӣ барои президенти амалкунанда ба шумор мерафт, сабти ном нашуд. Сабаби он нарасидани 9 ҳазор имзо барои сабти номи номзад буд. ИНИТ бо сафарбаркунии ҳама нерӯҳои солими худ ва бо истифода аз тамдиди мӯҳлати ҷамъоварӣ каме бештар аз имзо 201 ҳазор гирд овард.

Ойниҳол Бобоназарова дар сӯҳбат бо хабарнигорон ҳарчанд инро шикаст надонист, вале гуфт, ки як системаи томи сохторҳои давлатӣ муқобилаш буданд. Ва ӯ ягона шахсе буд, ки дар баробари Эмомалӣ Раҳмон метавонист чун номзади арзанда сабқат кунад.

Ойниҳол Бобоназарова ҳамчунин гуфт, ки барномаи пешазинтихоботии ҳамаи 6 номзади дигарро омӯхтааст ва ба натиҷа расидааст, ки ин барномаҳо куллан шабеҳи якдигаранд ва барномаҳои пешазинтихоботии президент Раҳмонро такрор мекунанд. Ва баъди он ки раиси ситоди интихоботии мухолифон Маҳмадалӣ Ҳайит шумори умумии имзоҳоро 201 ҳазору 236 эълон кард, Бобоназарова онро баробар ба як миллион донист. Ба гуфтаи номзади ягонаи ИНИТ "бо назардошти он ҳама фишору монеъа нисбати гурӯҳҳои ташаббускор аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, муяcсар шуд, ки 201 ҳазору 236 адад имзо ҷамъоварӣ намоем, ки ин худ як дастоварди бузург аст".

Аммо аз сӯи дигар ИНИТ бар ин назар аст, ки тибқи шумори эълоншудаи интихобкунандагон (4 миллиону 20 ҳазор нафар) эълони ҷамъоварии 210 ҳазор имзо зиёда аз 5 фоизи имзои интихобкунандагон аст. Пас пурсида мешавад, ки агар шумори умумии интихобкуннадагон тавре КМИР эълон кардааст, 4 миллиони 20 ҳазор бошанд, чаро номзадҳо бояд ҳатман 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намоянд. Ин дар ҳолест, ки дар сурати 5 фоиз эълон шудани ҷамъоварии имзо ба ҳеҷ ваҷҳ 210 ҳазор намешавад.

Раиси КМИР ҳам дар охирин нишасти матбуотии ниҳод дар ҳафтаи гузашта ба ин масъала дахл кард, шояд медонист, ки атрофи ин 210 ҳазору он 5 фоиз гӯмагӯҳо зиёданд. Ва хост аз назари худ инро шарҳ диҳад. Аммо ҷаноби Шоҳиён як бори дигар ҳамон андешаи қаблиро дар миён гузошт, ки то 6 ноябр бештари муҳоҷирони корӣ ба Ватан бармегарданд ва теъдоди интихобкунандагон аз ин ҳисоб меафзояд.

"Мо дар бораи теъдоди интихобкунандагон танҳо маълумоти пешакиро дар даст доштем. Вақте мо 210 ҳазор имзои ҳатмиро эълон кардем, шумораи интихобкунандагони кишвар 4 миллиону 22 ҳазор нафар рақам зада мешуд. Инҳо танҳо шаҳрвандони дохили кишвар ва бидуни назардошти муҳоҷирони корӣ буданд. Зеро шумораи умумии муҳоҷирон мушаххас набуд. Тибқи иттилои ахиран ба дастомада теъдоди интихобкунандагон 4 миллиону 34 ҳазор нафар аст, зеро то интихобот бисёре аз муҳоҷирон ба ватан бармегарданд",- шарҳ дод Шермуҳаммади Шоҳиён.

Мушкилот роҳи ҳал надошт

Вақте дар мавриди интихобот гап меравад, хабаргузориҳо аксар маврид атрофи ду номзад баҳс мекунанд. Яке Эмомалӣ Раҳмон, ки имкони комили пирӯзӣ дорад ва дигар Ойниҳол Бобоназарова, ки ҳоло дигар номзад ҳам нест. Аз миёни ин ду дар раванди ҷамъоварии имзо танҳо номзади ИНИТ мушкил дошт. Вале ба муҷарради ба поён расидани мӯҳлати аввал таъиншуда КМИР тибқи дархости ҳизби демократ ва ҳизби коммунист муҳлати ҷамъоварии имзоро се рӯз тамдид кард.

ИНИТ бо ин гуна дархост муроҷиат накард, чун шояд медонист, ки КМИР ба истиқбол намеояд. Аммо ИНИТ ин фурсатро ҳам истифода бурд ва зарфи се рӯз имзоҳоро аз 185 ҳазор ба 201 ҳазор расонд. Вале мушкилот тавре буд, боқӣ монд ва касе маъмур ҳам нашуд, ки онро ҳалл намояд. Ойниҳол Бобоназарова ҳам дар нишасти матбуотии ҳафтаи гузашта гуфт, ки мушкили ҷамъоварии имзо барояш аз қабл ҳам маълум буд, вале ба ин ҳад тасаввур намекард.

"Фикр намекардам, ки ин қадр монеъаву мушкилӣ эҷод мешавад. Шурӯъ аз бандномкунии ҲНИТ тавассути телевизионҳои давлатӣ ва сипас, то ба дарозо кашидани тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ монеъаҳои зиёд эҷод шуданд ва ҳамаи ин кори ҷамъоварии имзоҳоро барои моро хеле мушкил намуд", - гуфт ӯ.

Агар КМИР ба истиқбол мешитофт...

Дар низоми имрӯзаи ҳокимият дар кишвар имкон дошт, ки вазъ ба гунаи дигар ҷараён гирад ва тасмим шавад, ки дар шумори имзоҳо таҷдиди назар кунад. Дар охирин рӯзи сабти номи номзадҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) хабар дод, ки ҳозир буд  ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Ситоди Бобоназароваро омӯзад ва мавриди баррасӣ қарор диҳад. Вале Ситоди мухолифони давлат асноди лозимиро пешниҳод накард, чун медонист, ки барои сабти номи қонунии номзад имзои ҷамъоваришуда кам аст. Дар ин бора охири ҳафтаи гузашта Раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён зимни як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 

Яъне, эҳтимолияти он ҳам вуҷуд дошт, ки КМИР номзадии Бобоназароваро чун истисно ба ҳамин шумори имзоҳои ҷамъшуда низ сабти ном кунад, вале номзади ягонаи мухолифон ба хабарнигорон гуфт, ки аз ин гуна иқдоми КМИР пуштибонӣ намекунад. Вай бар ин назар аст, ки ҳоло яқинан раванди ҷамъоварии имзоҳо қолабҳои қадимиро шикаст.

"Пешбарии номзадии зан аз ҳизбе чун ҲНИТ барои бисёр касон ҳамчун андешаи ивазнашаванда будани Раҳмон ғайривоқеӣ менамуд. Ин қадамаи аввале буд, ки ба мавҷудияти беш аз 201 ҳазор нафари ҷасуру омода ба тағйирот гувоҳӣ дод, зеро мо маълумоте дар даст дорем, ки бозгӯи фишори равонӣ болои одамон аз ҷониби баъзе сохтори давлатӣ мебошанд, то ки онҳо бо имзояшон минбаъд мавриди назорати ин сохторҳо қарор нагиранд", - гуфт ӯ дар нишасти ёдшуда.

Таҷрибаи Кабирӣ

Ҳамчуноне ишора шуд, маъракаи ҷамъоварии имзо воқеиятҳои дигареро ҳам рӯи об баровард. Аз ҷумла сарвари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ худ вориди амал шуд ва муддати як соат дар кӯчаҳои ба номи Турақул Зеҳнӣ ва Репини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз шаҳрвандон имзо ҷамъоварӣ намуд. Дар ин як соат вай тавонист ҳамагӣ 10 имзо ба тарафдории номзади ИНИТ гирд оварад. "Дар раванди ҷамъоварии имзо муайян шуд, ки мардум ба ин  масъала хеле эҳтиёткорона муносибат мекунанд. Ва боз ин дар сурате, ки агар сухан аз мушаххасоти шиноснома равад. Биёриҳо мегуфтанд, ки шиносномаҳояшон дар дасти раиси маҳаллаанд, дигарон мегуфтанд, ки онҳо меҳмонанд ва ғайра",-гуфт ҷаноби Кабирӣ дар поёни ин иқдомаш ба хабарнигорон.

Ҳамзамон бо ин Муҳиддин Кабирӣ теъдоди имзоҳои ҷамъоварикардаи баъзе аз  аҳзобро зери шубҳа бурд. "Ман маслиҳат медодам ба ононе, ки иддио доранд муддати 3 ё 4 рӯз 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд, барои изҳори назар чандон саросема нашаванд ва ба сарваронашон маслиҳат медодам, ки худашон инро амалан таҷриба кунанд. 10 имзо ин қатрае аз баҳра аст, вале муддати ин як соат ман таҷрибаи бузург гирифтам ва ба бисёр чизҳо сарфаҳм рафтам", - гуфт ӯ.

Акнун марҳилаи таблиғ аст

Ба ҳамин сурат дар охирин рӯзи сабти номи номзадҳо аз 7 номзади пешниҳодшуда КМИР ба 6 номзад шаҳодатномаи номзадӣ дод. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Албатта, андешаҳо дар мавриди роҳу усул ва шеваҳои имзоҷамъкунӣ барои номзадҳо гуногунанд ва имрӯз аксарият  бар ин бовар нестанд, ки  барои мисол ҳизби демократе, ки ҳатто раёсаташ парешон асту, дар сатҳи роҳбарӣ ихтилофи назарҳои гушношунид дорад, зарфи чанд рӯз миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда бошад. Аммо факт он аст, ки номзади ин ҳизб сабти ном шуд ва дар интихобот шоистаи чанд фоизи овозҳо ҳам хоҳад гардид.

Маъракаи ипешазинтихоботӣ ба марҳилаи ҳассоси худ ворид шуд. Алтернативаи воқеъӣ ва ягона аз сабқат хориҷ гардид ва акнун ин 6 номзад, ки дар миёни онҳо касе ҳамсанги Президент Раҳмон буда наметавонад, оғоз хоҳад гардид. Агар нек бингарем рангорангии интихоботӣ дигар ба назар намерасад, изҳори назарҳои гуногунқолиба дида намешаванд. 

Ҳоло, ки ин сатрҳо навишта мешуданд, Ситоди Бобоназарова аз тасмими ниҳоии худ эълон накарда буд. Тасмими бойкоти интихобот имконпазир нест, аммо дар кадом сурат ширкат кардани ҲНИТ низ мушаххас нест. Сухангӯи номзад Бобоназарова Абдуқаюми Қаюмзод бегоҳии якшанбе дар тамоси телефонӣ бо "Рӯзгор" гуфт, ки "ҳоло аз иқдоми мушаххасе ҳарф задан бармаҳал аст. Дар пеш ҷаласаи ИНИТ ҳаст, ки тасмим мегирад".

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi