01:43:00 03-уми Июни 2025 сол

ПЕШНИҲОДИ ЛОИҲАИ ҚОНУНИ АФВ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумони ин кишвар лоиҳаи қонун “Дар бораи афв”-ро пешниҳод кардааст. Интизор меравад, баъд аз тасвиби ин санад аз сӯйи порлумон, ҳудуди даҳ ҳазор зиндониён озод ва ё мӯҳлати ҳукми онҳо коҳиш ёбад.

 

Гуфта мешавад, ин иқдом ба манзури таҷлил аз 15-мин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон ва бузургдошти соли Имоми Аъзам гирифта шудааст. Дар матни хабари расмӣ, ки дар сойти интернетии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шудааст, омадааст, ки ин тасмим ба манзури “амалӣ намудани принсипҳои инсонпарварӣ – мадорою муросо, раҳму шафқат, таҳаммулпазирӣ, ки аз таълимоти ин фақеҳи бузурги олами ислом бармеояд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

 

Дар ин хабар омадааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» нисбати шахсоне татбиқ мешавад, ки то мавриди амал қарор гирифтани ин санад ҷиноят содир кардаанд.

 

Лоиҳаи ин қонун аз 25 модда иборат буда, ба навиштаи сойти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, “нисбати гурӯҳи муайяни ашхоси маҳкумшуда ва шахсоне, ки парвандаи ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ ва судҳо қарор дорад, татбиқ мегардад.”

 

Интизор меравад, порлумони Тоҷикистон дар ҳафтаи ҷорӣ лоиҳаи ин қонунро тасвиб карда, дубора барои имзо ба раиси ҷумҳур ироа кунад. Зеро, ин қонун бояд то 6 ноябр, рӯзи таҷлил аз 15-мин солгарди қабули Қонуни Асосӣ мавриди иҷро қарор бигирад.

 

Ба ин далел, Шӯрои Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон рӯзи 26 октябр лоиҳаи ин қонунро баррасӣ ва ба ҷаласаи навбатии худ пешниҳод кард. Тибқи иттилоъи раёсати умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, ҳоло дар зиндонҳои ин кишвар ҳудуди 11 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

 

Зимнан, ин барои дувозаҳумин бор аст, ки Президент Раҳмон қонуни мушобеҳи афвро имзо мекунад. Маъмулан, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зиндониёнро дар соли таҷлил аз солгарди касби истиқлол ё поёни ҷанги дохилӣ афв мекунад. Барои охирин бор оқои Раҳмон дар соли 2007 ба манзури ҷашни даҳумин солгарди имзои Созишномаи сулҳи миёни Тоҷикистон, қонуни афвро имзо карда буд.

 

Дар тирамоҳи соли 2006 ба манзури таҷлил аз 15-мин солгарди касби истиқлол низ қонуни мушобеҳе ба тасвиб расида буд, ки мақомот гуфтаанд тибқи муфодди он беш аз шашу ним ҳазор зиндониён озод шуда, мӯҳлати ҳабси чаҳоруним ҳазор нафари дигар коҳиш ёфт.

 

Вале, бузургтарин мавриди афв дар Тоҷикистон соли 2001 сурат гирфта буд. Он замон тибқи иттллоъи расмӣ ҳудуди даҳ ҳазор зиндониён озод шуда буданд. Вале ба гуфтаи коршиносон, зимни иҷрои муффоди чанд қонуни афви ахир, мӯҳлати зиндони афроди марбут ба мухолифини пешини давлат тағйир наёфтааст.

 

Ҳарчанд ҳанӯз рӯшан нест, ки қонуни афви феълӣ дар қиболи чунин афрод ба чӣ наҳвае мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт, вале соҳибназарон бо эҳтимоли зиёд ҳадс мезананд, ки ин даъфа низ афроде, ки "барои хиёнат ба ватан ва қасди анҷоми кудето" зиндонӣ шудаанд, афв нахоҳанд шуд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854