09:41:54 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Кабирӣ: 'Нахостем ҷомеъа ба урдуи динию дунявӣ тақсим шавад'

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, ки аз таҳаввулоти ахир чандон рӯҳафтода набуда ва талошҳояшро барои тақвияти Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб (ИНИТ), эътилофе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф, афзоиш хоҳад дод.

muhiddin-kabiri-6879Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин мегӯяд, ки Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон, ки танҳо номзади зан барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ буд, бо тақсири қишри ба гуфтаи ӯ дунявӣ сабти ном нашудааст. Вай дар мусоҳиба бо ҳамкорамон Заринаи Хушвақт, мегӯяд, ки ба унвони раҳбари ҲНИТ аз номзади занон дар интихоботҳои оянда низ ҳимоят хоҳад кард:

-Шумо ба унвони раҳбари як ҳизби умда ва мухолифи давлати Тоҷикистон марҳалаи аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, яъне ҷамъоварии имзоҳо барои ҳимоят аз номзадҳоро, ки ахиран пушти сар шуд, чи гуна арзёбӣ мекунед?

-Агар мо марҳилаи аввали интихоботро баррасӣ кунем, аз нигоҳи ман, ин марҳила нуқтаҳои заъф ва қуввати ҷомеъаи моро нишон дод. Мутааассифона, бояд эътироф кунем, ки нуқтаҳои заъфи ҷомеъаамон аз нуқтаҳои қувваташ бештар будааст.

Ва ман барои худ инро кашф кардам, ки бояд ҷомеъаи мо тамоми ин нуқтаҳои заъфро канори ҳам бигузорад ва ҳам президент, ҳам ҳукумат, ҳам ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам сиёсатшиносон, ин нуқтаҳои заъфро ҳар чи қадаре ки имкон дорад, дар оянда камтар кунем ва бигузорем, то иҷтимоъи худро як ҷомеъаи босубот ва рӯ ба тараққӣ (рушд) бигардонем.

Чун ин марҳила нишон дод, ки ҳам ҳукумати заъиф дорем ва ҳам ҳизбҳои сиёсии мо начандон қавӣ ҳастанд. Табиъист, ки ҳукумати заъиф наметавонад аҳзоби сиёсии мухолифи қавиро қабул кунад ва ба онҳо имкони рушд бидиҳад.

Ин марҳила нишон дод, ки ҷомеъаи шаҳрвандии мо низ хеле заъиф аст ва хулоса, заъфҳои зиёдеро мо дар ин марҳила ошкор кардем, ки аз нигоҳи ман, бузургтарин дастовардамон шояд ҳамин буд, ки мо камбудиҳои худро кашф кардем. Агар воқеъан, самимона, холисона дунболи ҳалли мушкилот бошем, ҳоло маводди зиёде дар даст дорем.

Ҳукумат бояд дар оянда сиёсатҳоеро роҳандозӣ кунад, ки чигуна як давлати воқеъан мардумӣ ва қавӣ бошад. Қавӣ на аз аз рӯйи доштани аслиҳаву пулису нерӯҳи саркӯбкунанда, балки қавӣ аз рӯйи он ки чи қадар маҳбубият дар миёни мардум дорад ва пояҳои ҷомеъа чи қадар устувор аст ва аз мухолифонаш наметарсад ва иҷоза медиҳад, ки мухолифонаш фаъъолият кунанд.

Вале замоне ки аз як хонум битарсад ва ё аз камтарин вокуниши як намозгузор, ки мегӯяд поямонро сард заду мардум мунтазири намозгузорӣ аст ва таърифу тавсифи шахсиятҳоро бас кунеду биёед намоз бихонем, меҳаросанд ва ӯро билофосила ба зиндон мебаранд, ин маънии онро дорад, ки ин ҳокимият (давлат) дар заъифтарин нуқтаи худ қарор дорад.

Аз ҳама чиз метарсад ва вақте, ки ҳукумат заъиф ва тарсончак аст, маънои онро дорад, ки ҷомеъа бояд фикр кунад, ки бо ин ҳукумат чи кор кунад? Ҳукуматро бояд қавӣ кунад.

Ҳукумат дар сурате метавонад қавӣ бошад, ки мухолифонаш қавӣ бошанд, ҷомеъаи шаҳрвандии қавӣ дар он фаъъол бошад ва ҳамчунин матбӯъоти қавӣ дар он вуҷуд дошта бошад.

-Аммо пешниҳоди номзадии як зан барои интихобот аз сӯйи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб (ИНИТ), ки ҳизби Шумо аз аъзои фаъъоли он аст, оё маҳбубияти Шумо дар миёни ҷонибдорони ҳизб ва сокинони марди ин кишварро коҳиш надодааст? Дар ҷомеъаи падарсолори Тоҷикистон, шумори зиёде аз сокинон зоҳиран ҷонибдори ин пешниҳод набуданд. Ба ҳар ҳол, чунин ақида дар рӯзҳои ҷамъоварии имзо аз сӯйи иддае садо дода буд, на?

-Сиёсатмадоре, ки ҳамеша дунболи популисм (авомписандӣ) аст ё мехоҳад, ки ҳамеша дар матбӯъот, дар ҷомеъа ӯро таъриф кунад, ҳатман тасмимҳое мегирад, ки барои мардум бояд мақбул бошад, мардум ӯро дӯст доранд, таъриф кунанд, гӯянд, ки қаҳрамону нотарс аст. Агар мо дунболи ин ҳарфҳо мебудем, ҳатман бояд ё худам номзад мешудам ва ё тасмиме мегирифтам, ки ба ин гурӯҳҳо хуш меомад. Ҳоло ҷудо аз он ки чи гуна арзёбӣ мекунанд. Ҳатман ман бовар дорам, ки моро дар ин кӯтоҳмуддат танқиди зиёде мекунанд.

Ва ҳар кас аз дидигоҳи худаш ин масъаларо арзёбӣ мекунад. Яке мегӯяд, ки фурӯхт, яке мегӯяд харид, яке дигар шояд гӯяд, ки манфиъатҳои шахсию ҳизбияшро болотар гузошт. Мо аз ин таҳлилҳо чандон нигарон нестем, зеро ба дурустии тасмими хеш бовар дорем, ки дар дарозмуддат мо кореро кардем, ки таърих онро арзёбии мусбат хоҳад кард. Ман ба ин чандин далел меорам, аввалин коре, ки кардем, иҷоза надодем, ки ҷомеъаи Тоҷикистон ба ду урдуи идиулужик, яъне мазҳабӣ ва дунявӣ, ҷудо шавад.

Агар номзадии худам ё касе дигар аз аъзои ҳизб ва ё яке дигар аз афроди мазҳабиро барои интихобот пешниҳод мекардем, мо мехостем ва ё намехостем, ҷомеъаи Тоҷикистон ба ду урдуи динӣ ва дунявӣ тақсим мешуд, ки инро мо қотеъона намехоҳем. Чунки Тоҷикистони мо дар ин шабу рӯз ниёз ба ваҳдат дорад. Агар номзади дигар ё ғайримазҳабиро барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод мекардем, шояд ҷомеъаи мо ба ду урдуи қавмӣ, минтақаӣ ва нажодӣ тақсим мешуд, ки ин ҳам дар ваҳдати миллии мо таъсири манфӣ мегузошт.

Вале пешниҳоди як зан ҳам ваҳдати моро ба вуҷуд овард, иҷоза надод, ки Тоҷикистон ба урдуҳо тақсим шавад, аммо қолабҳоро шикастем, зеҳниятҳоро шикастем, зеҳниятҳои хеле манфии иртиҷоъӣ, ки ҳам дар зеҳни доираҳои мазҳабӣ ва ҳам дар доираҳои дунявӣ вуҷуд дошт. Ва он чизе ки ман барои худам имрӯз ошкор кардам, ин буд, ки аксари мухолифони пешниҳоди номзадии зан ба мансаби раиси ҷумҳурӣ ва раҳбарии зан дар Тоҷикистон на аз миёни қишри мазҳабӣ, балки аз ҷумлаи қишри дунявии ҷомеъа буданд.

Ва ақабмондатарин қишри ҷомеъаи мо ин қишри дунявӣ будааст. Ман аслан ба ин натиҷа расидам, ки дар ҷомеъаи мо қишри дунявӣ вуҷуд надорад. Гурӯҳе ҳаст, ки галстук ва пӯшиши замонавӣ ба бар мекунанд, ҳамарӯза риш мегиранд ва дигаронро барои пӯшишҳояшон маҳкум мекунанд, ки ақабмонда ҳастанд. Вале ошкор шуд, ки зеҳнияти онҳо аз ҳама ақабмонда аст.

Ин дастоварди бузурги мо буд, ки дар марҳилаи аввали интихобот барои мо ошкор шуд. Дигар ҳоло ба ман чи мегӯянд, танқид мекунанд ва мегӯянд, ки маҳбубияти ман коҳиш ёфтааст, инҳо масъалаҳое хеле ҷузъӣ ва муваққатӣ ҳастанд.

-Оқои Кабирӣ, агар то андозае аз фаъъолиятҳои Шумо дар чорчӯби ҳизб дур равем, Шумо қазияи сабти ном нашудани Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталабро ба унвони як шаҳрванди одӣ чи тавр арзёбӣ мекунед?

-Бибинед, ман аз қишри авом нороҳат нестам, онҳо ки ба далели мазҳабӣ ё ба далели он ки "зан наметавонад ҷомеъаи падарсолори моро идора кунад" хеле нороҳат буданд ва ин масъаларо қабул надоштанд, онҳо авом ҳастанд. Ман нороҳат ҳастам аз қишри ба ном зиёӣ ва равшанфикр ва ҳатто аз уламое, ки шариъатро хеле хуб медонанд ва хеле аз андешаҳои муъосири исломӣ огоҳ ҳастанд, ман аз онҳо каме нороҳат ҳастам.

Шахсан ман ба ин натиҷа расидам, ки бо сабти ном нашудани Ойниҳол Бобоназарова ҳамчун номзад, ҳам миллати мо бохт, ҳам ҳукумат хеле зиёд бохт ва ҳам нерӯҳои мухолиф бохтанд, мо ҳам бохтем, чун натавонистем номзади худро сабт кунем. Ва яқин дорам, ки агар худи ман ҳам бо ин равиш номзад мебудам ва ё Раҳматилло Зойиров ва ё оқои Тӯраҷонзода номзад мебуданд, оқибат ин сиёсатҳои ҳукумат ба ҳамин оварда мерасонд, ки номзади мо сабти ном нашавад.

Як моҳ пеш ман тақрибан бовар доштам, ки номзади моро сабти ном хоҳанд кард. Ва ҳатто чаро хонуми Бобоназарова пешниҳод шуд, яке аз омилҳо ҳамин буд, ки осонтар ва сабуктар сабти ном шавад. Чун фикр мекардем, ки давлат бо он сиёсатҳои эъломкардааш, ки боло бурдани мақоми зан ва зан модар аст, шояд ки ҳатто гузашт ҳам кунад, ки номзади моро сабти ном кунад.

Ва агар ҳукумат ҳатто дар сурати нарасидани 8 ҳазор аз имзои ҷонибдорони мо бояд чашм мепӯшид ва гузашт мекард ва мегуфт, ки ин рақам каме болотар буд ва биёед бо он 202 ҳазор имзо мо номзади шуморо сабти ном кунем. Ва давлат воқеъан исбот мекард, ки нисбат ба зан ва модар эҳтиром дорад ва он қарорҳои (мусаввабаҳои) қабулкардаи (тасвибшудаи) давлат дар бораи боло бурдани ҷойгоҳи зан дар ҷомеъа, барномаҳои самимона ва содиқона ҳастанд ва ин барои дурӯғ ва фиреб набудааст.

Аз ҳама муҳиммтар барои мо, агар зан-модар барои муддате ҷомеъаи моро раҳбарӣ мекард, бо он лутф ва меҳрубоние, ки ба ҳама фарзандонаш модар дорад, тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва тамоми қишрҳои ҷомеъаро ҳамчун зан ва модар шомили лутфу раҳмати худ қарор медод. Вале бибинед, ки ҷомеъае, ки ҷанги дохилиро сипарӣ кард, ин ҳама нороҳатиҳоро пушти сар кард, як марҳила ниёз ба меҳри модарона дошт.

Яъне, бо иҷозаи Шумо, як қадар дағалона ҳам бошад, дар ин ватан мо мардҳо он қадар расвоӣ кардем ва он қадар харобаш кардем, ки ниёз ба як кадбону, як модар дорем, ки ин ҳамаро рӯбучин кунад ва ба тартиб биёрад ва ин ҳама расвоиҳоро пок кунад ва боз ба дасти наслҳои баъдӣ бисупорад. Ман назарам ин аст, ки мо дар як марҳила ҳануз ҳам дар оянда ниёз ба он дорем, ки як муддат зан Тоҷикистонро раҳбарӣ кунад. Ин бор нашуд, бигузор дафъаи дигар шавад.

-Хуб, дар пеш ҳафт соли дигар аст. Ба назари Шумо фишорҳо ва таъқибҳое, ки ахиран ба бархе аз аъзои ҳизби Шумо ва аҳзоби дигари мулхолиф аз сӯйи давлат ворид мешавад, маҳбубияти ҲНИТ-ро дар миёни ҷонибдорон ва аъзои он коҳиш надодааст?

Ва ҳамчунин Шумо гумон намекунед дар сурате ки номзади ҳизби ҳоким дар ин интихобот пирӯз шавад, имкон дорад давлат таъқиби мухолифонро афзоиш бидиҳаду нуфуз ва маҳбубияти ҳизб ва иттиҳодияро комилан коҳиш диҳад ва ҳатто аз миён бибарад? Ва ё Шумо имкони қавӣ кардани ин иттиҳодияро дар назар доред, то дар баробари давлат як ниҳоди пурзӯре вуҷуд дошта бошад?

-Ҳатман мо ин иттиҳодияро қавитар хоҳем кард, ҳадди ақал ин ниятро дорем. Чи мешавад, баъдан вақт нишон хоҳад дод. Аммо фикр мекунам, ки худи давлат низ манфиъатдор бояд бошад, ки як опозисиюни (мухолифони) қавӣ дошта бошад ва як тараф бошад, ки бо ӯ суҳбат кунад, аз он ки бо намояндагони аҳзоби мухолифи сиёсии мухталиф ва қишрҳои гуногун гуфтугӯ кунад.

Барояш осонтар аст, ки як мухотаб, мухотаби қавӣ, мантиқӣ ва ватандӯсту миллатдӯст дошта бошад. Ман фикр мекунам, ки дар чеҳраи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб инро пайдо хоҳад кард, агар бихоҳад. Вале агар давлат бихоҳад сиёсатҳои имрӯзаи худро идома диҳад, метавонам бигӯям, ки тақрибан ҳукми худро содир кардааст. Ҳеҷ як ҳукумати худкома ва диктотурӣ дер давом накардааст, метавонад як муддат идома пайдо кунад, вале ниҳоятан ин омил бар зарари худаш тамом мешавад.

Ва мо дар оянда ду сенорию хоҳем дошт, яке ин ки ҳукумат воқеъияти имрӯза, яъне заъфи худро дарк мекунад ва эътироф мекунад, ки нерӯҳои дигари сиёсӣ низ ҷонибдорон доранд, бигузор кам бошанд, бигузор ба он ҳадде, ки онҳо доранд, нест, вале инро эътироф мекунад ва бо ҳама ба муколама, гуфтугӯ ва ҳамкориро шурӯъ мекунад ва аз сиёсатҳои саркӯбгарона ва мағруронаи худ даст мекашад.

Агар давлат ин сенориюро дар оянда мехоҳад амалӣ кунад, бояд аз ин тиме, ки имрӯз дорад, даст бикашад. Чунки ин тим тими хеле заъиф аст ва ҳамеша манфиъатдор аст, ки оқои Раҳмон ва ё ҳар касе, ки раиси ҷумҳурӣ аст, дар ҷомеъа ҳам душмани дохилӣ ва ҳам душмани хориҷӣ дошта бошад. Инҳо танҳо дар вазъияти буҳронӣ метавонанд фаъъолият кунанд. Дар сурати оромӣ, субот ва рушд инҳо (тими Раҳмон) наметавонанд кор кунанд.

Беҳдуа нест, ки гаҳ-гоҳе дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон ҳамеша низоъ ба вуҷуд меояд. Инаш хомӯш мешавад, дувуминаш ба вуҷуд меояд. Агар Бадахшон набошад, инҳо дар чеҳраи Ҳизби Наҳзат ва ё ҳизби дигаре душмани дохилӣҷустуҷӯ мекунанд.

Инро ман "тими замони буҳрон" медонам, агар Тоҷикистон хоҳад, ки ҳамеша дар ҳолати буҳронии идомадор қарор дошта бошад, ҳамин тимро ҳифз мекунад. Вале агар ин кишвар бихоҳад, ки дар вазъи субот қарор бигирад ва рушд дошта бошад, бояд ин тим иваз шавад ва шахсоне биёянд, ки онҳо ба ҳамаи қишрҳои ҷомеъа муносибати ҳирфаӣ ва ҳамватанӣ доранд ва дар асоси қонун фаъъолият ва муносибат бо ҳама мекунанд ва қонунро эътироф ва эҳтиром мекунанд.

Мо аз ин ду сенорию бештар роҳ надорем, вақт нишон медиҳад, ки президент кадоме аз ин сенориюро ихтиёр мекунад? Ҳануз ҳам ки ин ҳамаро арзёбӣ кардан барвақт аст. Ман агарчӣ ҳамеша хушбин будам ва мемонам, вале ошкор бояд бигӯям, ки ин хушбинии ман дар муқоиса бо солҳои қаблӣ камтар шудааст.

-Ҷамъоварии беш аз 200 ҳазор имзо ба ҷонибдорӣ аз номзади шумо ҳокист, ки шуморе аз мардум дар Тоҷикистон ҷонибдори ҳизби шумо ҳастанд. Ҳоло ки номзади шумо сабт нашуд, бо ин шумори мардум чи хоҳад шуд? Яъне ҷонибдорони номзади шумо дар рӯзи раъйдиҳӣ ба кӣ раъй хоҳанд дод?

-Биёед ин масоилро воқеъбинона ва берун аз эҳсосот арзёбӣ кунем. Қисме аз мардум мегӯянд, ки барои ҲНИТ, ки 40 ҳазор узв дорад, ҷамъоварии 210 ҳазор имзо мушкил нахоҳад буд ва ҳатто баъзеҳо гуфтанд, ки ин имзоҳо ҷамъ шудаанд, вале нахостанд ба кумисиюн пешниҳод кунанд, зеро намехоҳанд, ки номзадашон сабти ном шавад.

Гурӯҳи дигаре мегӯянд, ки на, ҲНИТ бо вуҷуди он ки ҳизби дувум буд, натавонист ин имзоҳоро ҷамъоварӣ кунад. Воқеъият чизи дигар аст, на ба ҳарфи якум рост меояду на ба суҳбати дувум. Воқеъият ин аст, ки мо даҳ рӯзи аввалро аз даст додем.

Дувум ин ки аз ҳамин чиҳил ҳазор нафар аз аъзои ҳизб, ки як қисматаш дар хориҷ, дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд, онҳо амалан наметавонистанд дар ҷараёни ҷамъоварии имзо ба унвони ҷамъкунанда ва имзогузор ширкат кунанд.

Ҳоло ки мо такяи асосиро ба онҳо доштем, вақте ки мо мегуфтем, ки имзоҳоро ҷамъ хоҳем кард, мо бештар ҷонибдории муҳоҷиронро дар назар доштем ва фикр мекардем, ки ҳадди ақал нисфи имзоҳо аз муҳоҷиронро ба суди номзадамон хоҳем дошт.

Шояд яке аз сабабҳое, ки масъулони Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон пеши роҳи ҷамъоварии имзоҳо дар миёни муҳоҷиронро гирифт, ҳамин буд, ки аксари муҳоҷирон ҷонибдори ҳизби мо ҳастанд ва ё ҳадди ақал тарафдори ҳизби ҳоким нестанд.

Аз сӯйи дигар, ҳатто бархе аз аъзои ҲНИТ, ки дар дохили кишвар буданд, хеле ҳам талош мекарданд ва ба мо ошкор мегуфтанд ва мо ҳам қабул кардем, ки ширкати як қисме аз онҳо дар ҷамъоварии имзо онҳоро дар муқобили фишорҳо қарор хоҳад дод. Чунки бархе аз онҳо ширкатҳои кишоварзӣ доранд ва ё фарзандонашон дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд.

Бархе аз онҳо мегуфтанд, ки бо роҳи ғайримустақим ба шумо кумак мекунем, вале дар ҷамъоварии имзои ҷонибдорон ва гузоштани имзо зери номзади мо худдорӣ мекунанд. Зеро онҳо мегуфтанд, ки имзоҳои мо баъдан ба дасти мақомот хоҳанд рафт ва барои мо дарди сар эҷод мекунанд ва мо низ ин мушкили онҳоро пазируфтем ва дарк мекунем.

Мо ки сиёсатмадори ошкор ҳастем ва мушкили зиёд нахоҳем дошт, вале он мардуми бечора, донишҷӯ ва ё кишоварзи оддӣ метавонад бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шавад ва инҳо сабаб шуд, ки мо ҳар ду ҳизб ва бахусус ҲНИТ натавонист аз зарфияти мавҷуда дар дохили кишвар барои ҷамъоварии имзоҳо истифода кунад.

Аммо биёед ба ин масъала аз сӯйи дигар назар кунем, ҷамъоварии 202 ҳазор имзои ҷонибдорон дар шароити феълии Тоҷикистонро ман шахсан қаҳрамонӣ ҳисоб мекунам. Аввал, ин ки агар мо тамоми имзоҳои ҷамъовардаро ҳисоб кунем, мо аз ҳисоби чаҳор милюн на, балки аз миёни ду милюн сокини раъйдиҳанда имзо ҷамъ кардем. Чун барои ду милюни дигари раъйдиҳанда гузоштани имзоҳоро зери номзади дилхоҳашон манъ карданд.

Агар ҳоло имзоҳои ҷамъшудаи ҷонибдорони шаш номзадро бо имзоҳои ҷамъовардаи номзади мо ҷамъ кунем, бештар аз як милюну 500 ҳазор нафар сокини Тоҷикистон мешаванд. Ҳамаги 500 ҳазор аз сокинони Тоҷикистон дар дохили кишвар буда, дар ҷамъоварии имзо ширкат накардаанд.

Оё ин воқеъӣ ҳаст, ки 75 дарсади сокинони Тоҷикистон зери варақаҳои ҷонибдорони номзадҳо имзо гузоштанд ва шумо ба ин бовар доред? Ман ба ин бовар надорам. Агар 202 ҳазор имзои воқеъӣҷамъ карда бошанд, он ҳам аз ҷумлаи он имзоҳо ҳастанд, ки ситоди мо барои номзадаш ҷамъ кард. Дигарон ин имзоҳоро аслан ҷамъ накарданд.

Ман чаро пешниҳоди таъсиси як кумисиюни мустақилро дорам ва ин кумисиюн ҳадди ақал даҳ хиёбони Душанберо интихоб кунад ва бираванду шаҳрвандон бипурсанд, ки ба ҷонибдорӣ аз ҳеч номзаде имзо гузоштаанд ё на?

Ман бовар дорам, ки 50 дарсади шаҳрвандони Душанбе мегӯянд, ки дар имзогузорӣ ширкат надоштанд. Чун ман шахсан дар рӯзи охирини имзоҷамъкунӣ ширкат доштам ва дар ин рӯз намояндагони номзадҳои дигар ҷамоварии имзоҳоро қатъ карда буданд. Ва ман ба беш аз панҷоҳ манзили шаҳрвандон дар хиёбонҳои Душанбе сар задам ва ҳеҷ кадоме аз онҳо нагуфт, ки ба ҷонибдории яке аз намзадҳо имзо гузошта бошад.

-Вале Шумо нагуфтед, ки ҷонибдорони Шумо ба кадоме аз номзадҳои мавҷуда дар интихобот раъйи худро хоҳанд дод?

-Ин масъалаи дигар аст, мо дар ин замина бо намояндагони Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб машварат мекунем ва мавзеъи мо бо мавзеъи ИНИТ рост хоҳад омад. Ҳоло бояд мо дар ИНИТ тасмим бигирем, ки муносибатамон бо ин интихобот чи хоҳад буд.

-Бисёриҳо мегуфтанд, ки дар замони ҷамъоварии имзо имкон дошт ситоди шумо низ даст ба тақаллуб занад ва ҳадди ақал 20 ҳазор имзоро аз ин роҳ ҷамъоварӣ кунад? Зеро тавре ки Шумо гуфтед, масъулони давлатӣ даҳ рӯзи шуморо бар ҳадар доданд?

-Ман ошкор мегӯям, ки чунин пешниҳод низ ба мо буд. Чунин суҳбатҳое буд, ки мегуфтанд, ки чаро дигарон дар ин замина тақаллуб мекунанд ва ин имзоҳоро сохтанд ва масалан панҷ ё даҳ дарсади имзоҳои мо тақаллубӣ бошанд, мушкил нест. Вале ҷавоби мо ин буд, ки дар ин сурат мо аз дигарон чи фарқ хоҳем дошт?

Вақте ки мо даъвои ислоҳотхоӣ дорем, шаффофият дорем, қонунмеҳварӣ дорем, адолат дорем, худамон фақат бо далели он ки дигарон тақаллуб карданд, мо ҳам мекунем, пас фарқе миёни мо нахоҳад монд. Ба ин хотир, ҳам мо ва ҳам Ойниҳол Бобоназарова, номзади мо, тасмим гирифтем, ки танҳо имзоҳоеро пешниҳод мекунем, ки имзоҳои воқеъӣ ҳастанд.

Ва ман дар ин масъала мехоҳам бигӯям, ки мавзеъи Ойниҳол Бобоназарова ҳамчун шахси арзанда ва ва инсони воқеъан ҳам муносиб ҳамин буд. Замоне ки бархеҳо хаста шуда, ҳамин пешниҳодро аз дохил ба изои ҷуброни даҳ рӯзи аздастрафта мекарданд, зеро мегуфтанд, ки дар шароити имрӯзӣ, ки дар ҳама ҷо тақаллубу қонуншиканӣ ва фишор болои мардум аст, агар мо танҳо дунболи қонун бигардем, ин мантиқӣ нест ва ба пирӯзӣ нахоҳем расид.

Вале боз ҳам ҳам номзад ва ҳам гурӯҳи кории ИНИТ, ҳам фаъъолони аҳзоби сиёсии узви ин иттиҳодия ба ин натиҷа расидем, ки мо бояд то охир ба арзишҳои пешгузоштаи худ содиқ бимонем.

-Аммо баъд аз пешниҳоди номзадии як зан барои интихобот бисёре аз мухолифони ҳизби шумо мегуфтанд, ки бо ин пешниҳод Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад дар миёни занон ва духтарон, ки беш аз 50 дарсади ҷамъиятро ташкил медиҳанд, маҳбубияти бештаре касб кунад? Дар ин бора чи назар доред?

-Агар бонувони тоҷик мардеро дӯст доранд, танҳо барои сиёсат ва ё пешниҳоди номзад дӯст нахоҳанд дошт. Чандин авомили дигаре ҳастанд, ки дар зан таъсир мегузорад, ки ба марде эҳтиром дошта бошад ё на? Инҷо сифатҳои дигаре лозим аст.

Вале воқеъият ин аст, ки на танҳо дар кишвари мо, балки дар аксари кишварҳои ҷаҳон занҳо тарафдори номзади зан нестанд ва бештар ба тарафдорӣ аз номзади мард раъй медиҳанд. Агар мо аз ин нигоҳ номзад пешниҳод мекардем, бояд номзади мардро пешниҳод мекардем, ва он ҳам марде, ки занҳо қабулаш дошта бошанд.

Аммо замоне ки мо занро номзад кардем, албатта умедамон ба бонувон буд, вале боз умедамон ба мардони асил буд, ки ҳадди ақал як маротиба зан ва модарро эҳтиром мекунанд ва иҷоза медиҳанд, ки дар интихобот ширкат кунад. Агарчи ин шӯхӣ ҳам бошад, вале аслаш он аст, ки мо ин омилро меъёр қарор надода будем.

-Ба ҳар ҳол, хонуми Бобоназарова ба унвони номзад сабт нашуд ва баъид аст, ки кумисиюн дар мавриди ӯ таҷдиди назар кунад. Пас фаъъолиятҳои баъдии шумо дар чорчӯби ҳизб ва ИНИТ дар робита бо интихобот чӣ хоҳад буд?

-Бибинед, дар ин ки Ойниҳол Бобоназарова рақиби қавӣ ва сазовор (барои Эмомалӣ Раҳмон) буд ва ҳаст, шакке нест. Ман ҳатто фикр мекунам, он назарсанҷиҳое, ки рӯзҳои ахир дар ҳамаи шабакаҳо ва расонаҳо пахш шуд, нишон дод, ки дар ҳамааш хонум Бобоназарова пешсаф буд. Шояд он ҳам таъсир расонд, ки номзадии ӯро сабт накунанд ва ин ҳама монеъаҳо ба вуҷуд биёяд.

Вале ҳоло чанд марҳилаи дигар аст, марҳилаи сулҳ аст ва мо муроҷеъа хоҳем кард ва шикоят хоҳем бурд. Ва агар билфарз номзади мо дар ниҳояти кор сабти ном нашавад, дар он сурат мо инро ба унвони ниҳояти таърих қабул нахоҳем кард, ин аз ҷумлаи марҳилаҳо аст ва мо муборизаи худро идома хоҳем дод.

Аз ҷумла, омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ, омода кардани ҳизб ва ҷомеъа. Ва ман фикр мекунам, ки дар ин интихобот ҷомеъа хеле пешрафт кард. Бисёре аз нуқтаҳои заъфи ҷомеъа ошкор шуд ва мо ҳатто нуқтаҳои заъфи дохилии худро ҳамчун мухолифон дарк кардем.

Шояд дигар дар интихоботи оянда мунтазир нашавем, ки чанд моҳ пеш аз интихобот эътилоф таъсис кунем. Худи ҳифзи ин иттиҳодия (ИНИТ) ва идомаи фаъъолияташ то интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон хеле муҳим аст. Барои ҳамин, ман шахсан чандон рӯҳафтода нестам ва ҳатман муборизаро идома хоҳем дод.

Бибинед, ҳатман идея, кунсепсиюни мо ба пирӯзӣ хоҳад расид, чунки ин як фикри ҷадид аст, аз батни хостаҳои миллат берун омадааст. Фақат вазифаи мо ин аст, ки ин идея ва кунсепсиюнро аз идеяи як гурӯҳ ва як иттиҳодия ба идея ва кунсепсиюни миллӣ табдил кунем.

Миллат онро бишиносад ва бипазирад. Ҳукумат, ҳар ҳукумате, ки бошад, хоҳад-нахоҳад, маҷбур бошад, ки аз ин идея ва кунсепсиюни мо ҷонибдорӣ кунад. Вагарна наметавонад ҳамеша дар рӯбарӯи миллат қарор бигирад.

-Аммо бисёре аз коршиносон бо таваҷҷуҳ ба фишорҳо ва таъқибҳо бар аъзои ҳизби шумо мегӯянд, ки дар ду-се соли ахир ҳузур ва маҳбубияти ҲНИТ дар дохил ва хориҷ коҳиш ёфтааст? Шумо ба ин чи мегӯед?

-Ман фикр намекунам, ки ҷойгоҳи ҳизби мо дар миёни мардуми, бавижа маҳбубияти ҳизб, коҳиш ёфта бошад. Фишорҳо таъсир расонданд, мардум боэҳтиёт шуданд, шояд баъзеҳо фосила мегиранд. Вале он идда аз мардуме, ки аз ҳизб фосила гирафтаанд, қалбан бо мо ҳастанд ва ман бовар дорам, ки рӯзе, ки воқеъан номзади мо, чи номзади президентӣ ва чи номзадҳои порлумонӣ барои ширкат дар интихобот пешниҳод шаванд, ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои мо раъй хоҳанд дод.

-Чаро номзадии худи Шумо барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод нашуд? Бархеҳо ба ин назаранд, ки Шумо аз фишорҳои давлат бим доштед ва аз ин рӯ, аз пешниҳоди номзадии худ барои ин интихобот худдорӣ кардед?

-Ман борҳо ба ин суол посух додам ва ҳоло ҳам мехоҳам бигӯям, ки намехостам, ки ҷомеъаи Тоҷикистон ба ду урдуи мазҳабӣ ва дунявӣҷудо шавад.

-Оқои Кабирӣ, бархеҳо бар ин назаранд, ки агар Шумо раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ набудед, ба эҳтимоли зиёд вориди кобинеи давлати феълӣ мешудед, чун давлат ба зарфият ва тавоноиҳои касоне чун Шумо ниёз дорад. Оё омодаед ба хотири касби мақоме аз раҳбарии ҳизб ё узвияти он даст кашед?

-Ман ин таҳлилҳоро борҳо шунидам ва пеш аз раҳбари ҳизб шуданам, борҳо ин пешниҳодҳоро гирифта будам. Баъд аз раҳбарии ҳизбро бар уҳда гирифтанам низ чунин пешниҳодҳо буданд. Вале ин роҳро ман худам интихоб кардам ва худам беҳтар медонам, ки ҷойи ман куҷост ва дар куҷо ман метавонам ба миллат ва мардумам беҳтар хидмат кунам.

Ман ба ҳеҷ ваҳҷ омода нестам, ки ба хотири кадом мансабе фаъъолияти ҳизбиямро тарк кунам. Дар кадом мансабе, ки набошам, хоҳ раҳбари ҳизб ва хоҳ узви қатории он, ҳизбро тарк нахоҳам кард. Ин ҳизб ҳаст, ки Муҳиддин Кабирӣ Кабирӣ шуд. Ҳизбро Кабирӣ ҳизб насохтааст, ин ҳизб буд, ки Кабириро сохтааст ва ин ҷо тафовути зиёде ҳаст.

Аз сӯйи дигар, мансаби давлатӣ ин мансабе ҳаст, ки аз раъйи як шахс бастагӣ дорад. Бо имзои як нафар таъйин мешавед ва бо имзои як нафар аз кор меравед. Даҳҳо нафар аз дӯстонамро медонам, ки чунин сарнавиштро доштанд, яъне бо як имзо омаданд ва ҳамон тур рафтанд. Вале масъулияти ҳизбӣ фарқ мекунад, шумо бевосита бо мардум кор доред, қалби мардум ва интихоби мардум шуморо раҳбар мекунад ва ё аз раҳбарӣ мегирад.

-Яъне Шумо бештар ба раъйи воқеъии мардум эътимод доред?

-Дар ҳар мансаби давлатӣ ҳам бошам, агар раъйи мардум дар пасам набошад, ман онро қабул нахоҳам кард. Болои мардум чи зарурат аст, ки худро таҳмил кунӣ?

Имрӯз руасо ва мансабдороне, ки даҳсолаҳо бо як имзо ба мансаб менишинанд ва ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт интихоб нашудаанд, онҳо худро намояндаи мардум намедонанд, худро намояндаи раиси ҷумҳурӣ медонанд, вале мансабдор бояд, ки намояндаи мардум бошад.

-Сипос барои суҳбат.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi