07:13:36 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон густариш меёбанд

21-уми октябр Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олимақомро дар назди Қасри  Миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

karzay-va-rahmon 8778789Дар рафти мулоқот ва музокирот доираи васеи мавзуъҳои аҳамияти тарафайн дошта, азҷумла масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод, савдо, нақлиёт, нирӯи барқ, маориф ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳҳои ҳалли татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва хатти барқии баландшиддати CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон дар маркази таваҷҷӯҳи тарафҳои гуфтушунидкунанда буд. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар чаҳор санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расид:

- Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай ба имзо расонданд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи безараргардонии башардӯстонаи минаҳо» аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Иршод Аҳмадӣ ба имзо расонида шуд.

«Протокол дар бораи ворид намудани илова ба «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ»-ро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуддин Ятимов ва сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Иршод Аҳмадӣ имзо карданд.

Созишнома миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳакори дар соҳаи суғурта аз сӯи  вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазратумар Зоҳирвол ба имзо расид.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi