10:58:45 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Усмон Солеҳ: "Гузориши HRW якҷониба аст"

Масъулини ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ гузориши созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар мавриди интихоботи президентӣ дар Тоҷикистонро якҷониба медонанд.

rhw tajikistan-25255Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ рӯзи 22-юми октябр дар сӯҳбат ба мо гузориши созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) дар мавриди интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро якҷониба ва ноодилона хонд.

Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи 22-юми октябр бо нашри як баёния нигаронӣ кардааст, ки дар фазои қабл аз интихоботии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо нақз шуда ва он хилофи меъёрҳо байналмилалӣҷараён дорад.

Дар ин гузориш аз ҷумла ба берун шудани номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова ишора шудааст, ки бинобар монеасозии мақомот натавонист имзоҳои матлубро ҷамъ орад ва дар ниҳоят аз сабқат берун монд. Ин созмон дар ин замина аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки ба ваъдаи додааш дар Бруссел дар бораи баргузории интихоботи шаффофу демократӣ, вафо намояд.

Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин аз боздошти Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкор, баъд аз эълони таъсиси ҳизби сиёсӣ бо номи Тоҷикистони нав, интиқод кардааст. Дар ин замина мактубҳои таҳдидкунанда барои аз сиёсат бурун шудани Зайд Саидов ишора карда, ин ҳамаро аз ҷониби ҳукумат «фишороварӣ» нисбати мухолифон номидааст.

Дар давоми гузориш Дидбони ҳуқуқи башар ҳамла ва латукуби Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 40-солагии ин ҳизб ва ба 14 соли зиндон равона кардани раиси дар Бадахшонбудаи ҲНИТ Шерик Карамхудоевро мисол оварда гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон барои фишороварӣ ба мухолифон аз ҳар усуле кор мегирад.

Human Rights Watch бо дархости Тоҷикистон боздошт шудани Умаралӣ Қуватов, дар Аморати муттаҳидаи араб ва нопадид шудани Салимбой Шамсиддинов, рӯзноманигор ва роҳбари ҷамъияти узбекони Тоҷикистонро натиҷаи нақзи қонун дар ин кишвар донистааст.

Аммо ҷаноби Усмон Солеҳ мегӯяд, гузориши ин созмон бар пояи назари як ҷониб ва ё ҳизб таҳия шудааст, ҳол он ки дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби расмии сиёсӣ аст ва ҳар яке аз онҳо назарҳои гуногун доранд. Ин масъули ҲХДТ бар ин назар аст, ки ҳоло раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи президентӣ бар пояи қонун ва меъёрҳои демократӣҷараён дорад ва интихобот низ ба таври демократӣ, шаффоф ва озод баргузор хоҳад шуд.

Усмон Солеҳ аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки «мутассифона, як таҳаввуле миёни созмонҳои байналмилалӣ роиҷ аст, ки онҳо танҳо камбудиро мекобанд ва дастовардҳоро нодида мегиранд.» Вай мегӯяд, «дар Афғонистоне, ки ноором аст ва зери тиру туфанг, интихобот барпо мешавад, магар дар Тоҷикистон, ки фазои сулҳу суббот ва ваҳдат танинандоз аст, оё интихобот шафофу демократӣ нахоҳад гузашт?»

Амнияти Абдуназзар, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: "Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳама дарк мекунем, ки қонун вуҷуд надорад. Хусусан мансабдорон аз қонун дида, мартабаи болотар доранд."

Ҷаноби Абдуназар мегӯяд, дар ҷараёни интихобот "ҳизбҳое, ки воқеан ҷонибдор доранд, натавонистанд имзоҳои лозимро ҷамъ биоранд. Вале ҳизбҳое, ки аслан «вуҷуд» надоранд, дар як муддати кӯтоҳ, бе ягон мушкилот тамоми имзоҳои лозимро ҷамъ карданд."

Амнияти Абдуназар бар он бовар аст, ки ягон ҳизб ба ҷуз ҳизби халқӣ- демократӣ наметавонад он теъдоди имзоҳоро дар ин муддат бе мушкилӣҷамъ кунад. "Чунки ин ҳизб зӯран он имзоҳоро ҷамъ мекунанд, хоҳанд ё нахоҳанд. Дигар ин, ки дар дили мардум барои ҳизбҳои мухолиф имзо гузоштан тарсу ҳарос аст, ба он хотир, ки он шахсе имзо мемонад, метавонад аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ маҳрум шавад," - гуфт Абдуназар.

Ба ҳамин хотир, Амният Абдуназзар ин баҳогузориро дуруст мешуморад ва мегӯяд, мардум ҳам бояд чунин камбудиҳоро бигӯянд то роҳбарият пайи ислоҳи он камбудиҳо шавад.

Аммо Усмони Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқии демократӣ мегӯяд, "дар Тоҷикистон ҳама идораҳо фаъоланд ва дар сурати қонуншиканӣ додгоҳ аст, ки онро ҳаллу фасл мекунад ва дар раванди интихобот низ агар нақзи қонун пеш ояд, ҳар ҳизби сиёсӣ метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад ва дар чорчӯби қонун мушкилашонро ҳал намояд."

Интихоботи раёсти ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад ва дар он шаш номзад бо ҳам рақобат мекунанд. Бисёре аз коршиносон ба ин назар ҳастанд, ки бо берун мондани номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ Ойниҳол Бобоназарова, "интрига"-и интихоботӣ аз байн рафт ва Эмомалӣ Раҳмон бидуни рақиби ҷиддӣ монд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi