05:41:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тӯраҷонзода: 'Худо вазъи ҳеч қавмеро иваз намекунад, магар худ бихоҳанд'

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва аз аъзои аршади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон, мегӯяд, ки ба тарафдорӣ аз ҳеч як аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ раъй нахоҳад дод, зеро онҳо наметавонанд интизороташро бароварда кунанд. Оқои Тӯраҷонзода дар мусоҳибаи зер дар бораи сабабҳои нокомии номзадии Ойниҳол Бобоназарова ва наҳваи баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ изҳори назар карда ва ба суолоти ҳамкорамон Искандари Фирӯз посух додааст:

-Нахуст мехостам аз Шумо дар бораи омилҳои ҷамъ нашудани имзоҳо барои пуштибонӣ аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), суол кунам?

hochiakbar 55656-Барои ман сахт (ҷои) афсус аст, ки муъаллима Бобоназарова сабти ном нашуданд. Мо зиёд умедворем будем, ки аз тариқи номзад шудани хонум Бобоназрова барномаи ислоҳоти сиёсии кишварамон, ки мо доштем, ба мардум пешниҳод шавад. Ин орзуи мо буд. Дувум, кӯшиш мекардем, ки билохира дар Тоҷикистон интихоботи то андозае демукротик ва шаффоф баргузор шавад.

Аммо барои сабти номзадии хонум Бобоназарова 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ нашуд. Ҳарчанд хоҳарону бародарон ва шахсан худи ман дар ин замина зиёд талошҳо ҳам кардем. Аммо дар даҳ рӯзи аввал воқеъан монеъагузориҳо зиёд буданд. Ва ин амр боъиси дилсардиву ноумедии бештари бародарҳо шуд.

Дар маҷмӯъ, ба пуштибонии Ойниҳол Бобоназарова ҳудуди 202 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд. Ва бояд аз сӯйи инсоф бигӯем, ки миёни ин имзоҳо ҳеҷ мавриди имзои тақаллубӣ набуд. Мардум воқеъан заҳмат кашида ва дарбадар гашта, имзо ҷамъоварӣ мекарданд.

Ва бояд иқрор бишавем, ки ин афрод мисли номзадҳои дигар ситоди интихоботӣ ҳам надоштанд. Ҳамзамон касе бо итминон гуфта наметавонад, ки намояндаҳои номзадҳои ҳизбҳои сусиёлист, кишоварзӣ, кумунист ва ё ислоҳоти иқтисодӣ барои ҷамъоварии имзо назди онҳо омада бошанд. Касе онҳоро надидааст. Ва ҳатто барои номзади Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон касе дарбадари мардум нагаштааст.

Омили дигаре ҳам вуҷуд дорад. Ҳоло ҳисоб кардаанд, ки аз чаҳор милюну 22 ҳазор раъйдиҳанда ҷамъоварии на 210 ҳазор, балки бештар аз 201 ҳазор имзо кофӣ аст. Ин ҳама камбудиҳое буданд, ки боъиси сабти ном нашудани муъаллима шуд. Ва дар натиҷа, ормони садҳо ҳазор сокинони кишвар, мисли ман, амалӣ нашуд.

-Вале қарор аст дар ин интихобот чанд номзади дигар ширкат кунанд. Оё миёни онҳо номзаде ҳаст, ки тавонад ормонҳои шуморо қонеъ созад?

-Шахсан ман аз миёни номзадҳое, ки сабти ном шудаанд, нафареро, ки тавонад кишварро аз вазъи имрӯза берун оварад, намебинам. Яъне нафаронеро, ки иродаи анҷоми ислоҳоти сиёсиро дошта бошанд, онҳоро намебинам. Нафароне, ки ҳастанд, ҳарчанд барои ҳар яке аз онҳо эҳтиром қоил ҳастем, вале онҳо бо хоҳиши худ ва ё пуштибонии гурӯҳе аз мардум вориди сабқати интихоботӣ нашудаанд.

Қаноъати мо ҳам ин аст, ки онҳо ҳамчун номзад таъйиншуда ҳастанд. Хусусан марҳилаи мулоқот бо раъйдиҳандагон ин мушкилро хуб нишон дод. Рӯзе қабл дар Кохи маданияти шаҳри Ваҳдат чунин суҳбати номзади интихоботӣ бо раъйдиҳинадагон баргузор шуд.

Ва мо шоҳид будем, ки мақомоти маҳаллӣ ҳудуди 500-600 нафарро ном ба ном ба ин дидор даъват мекарданд ва мегуфтанд, ки шумо бояд дар ин суҳбат ширкат кунед. Миёни ин афрод, муъаллимон, пизишкон, кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва низомиҳову амниятиҳо буданд. Ва ҳамаи номзадҳо якҷо бо раъйдиҳандагон дидору суҳбат мекунанд.

Чунин наҳваи дидори номзадҳо бо раъйдиҳандагон дар ягон гӯшаи ҷаҳон мушоҳида намешавад. Ҳукумат бояд барои ҳар яке аз ин номзадҳо шароит фароҳам карда ва аз монеъасозӣ худдорӣ кунад. Ва ҳар номзад бояд батанҳоӣ майдоне, сохтмоне ё варзишгоҳеро барои дидори худ бо раъйдиҳандагон интихоб карда ва бо онҳо мулоқот кунад.

Мардум агар хоҳиши шунидани барномаи ӯро дошта бошанд, даъвати ӯро мепазиранд. Ва дар ин мулоқот номзад бояд барномаи худро муъаррифӣ карда ва аз барномаҳои рақибони худ интиқод кунад.

Ин аст маънии аслии марҳилаи корзори интихоботӣ, ки дар саросари ҷаҳон роиҷ аст. Вале ин бандаҳои худо нахуст шурӯъ мекунанд ба ҳамду санои раиси ҷумҳури феълӣ ва баъд мегӯянд, ки барномаи мо инҷурӣ аст.

Дар ин дидорҳо аслан раъйдиҳандагон нестанд. Миёни ин мардум танҳо аъзои Ҳизби халқи демукрот ва мақомоти маҳаллӣ ҳастанд. Мардуми оддӣ он ҷо аслан нестанд. Бовар дорам, ки ҳар яке аз ин номзадҳо агар дар ҳар гӯшае аз Тоҷикистон барояшон дастур диҳанд, ки равед 300-400 нафар раъйдиҳандагонро худ ҷамъоварӣ кунед, аз уҳдаи ин кор намебароянд.

Агар ҳукуматҳои маҳаллӣ мардумро ҷамъ накунанд, бовар дорам, ки ҳеҷ касе барои шунидани онҳо ҳозир намешавад. Яъне ин номзадҳо мардумӣ ва барои мардум нестанд ва мардум аз онҳо ҳеҷ интизоре ҳам надоранд. Аз ҷумла, ман ҳам ҳеҷ интизоре аз онҳо надорам.

-Вале тасаввур кунед, ки фардо рӯзи раъйдиҳӣ аст ва Шумо ба пои сандуқи раъй меравед. Шумо чӣ кор мекунед, ба кадоме аз номзадҳо раъйи худро медиҳед?

-Ҳамон тавр ки гуфтам, миёни номзадҳо касеро намебинам, ки ормонҳои маро тавонад пиёда кунад. Бино бар ин, бо эҳтимоли зиёд ба раъйдиҳӣ нахоҳам рафт. Ё ҳатто агар равам, алайҳи ҳамаи номзадҳо раъй хоҳам дод.

-Дар мавриди номзади нерӯҳои ислоҳталаб ҳоло баҳсҳо зиёд аст. Бархеҳо бар ин назаранд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ бояд номзади худро муъаррифӣ мекард ва ё баръакс Ҳизби сусиёл-демукрот. Дар ниҳоят, номзадии Ойниҳол Бобоназарова пешниҳод шуд. Ба назари Шумо чаро номзадии оқоён Кабирӣ ё Зойиров пешниҳод нашуд?

-Воқеъан дар ин замина баҳсҳо зиёд буданд ва мо аз нишастҳои дурударози чандрӯза хаста ҳам шуда будем. Паҳлӯҳои мухталифи эҳтимоли пешбарии номзадҳои Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сусиёл-демукрот баррасӣ мешуданд. Билохира, тасмим шуд, ки ҷузъиёти ин суҳбатҳо эълом нашавад. Агарчи номзадии муъаллима дар охир пешниҳод шуда буд.

Номзадии муъаллима аз ҷониби Маҳмудҷон Қосимов пешниҳод шуд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров ин пешниҳодро пуштибонӣ карданд ва сипас, ман ҳам аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кардам. Зеро Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва Ҳизби сусиёл-демукрот ҷаласаи муштарак баргузор карданд ва мо хеле кӯшишҳо кардем, ки ҲНИТ ба номзадии Раҳматулло Зойиров розӣ шавад.

Аммо ҳар як ҳизб сиёсатҳо ва мавқеъи худро дорад ва он рӯзҳо раёсати ҲНИТ бар ин ақида буданд, ки агар Зойиров номзад шавад, ҳукумат алайҳи ин номзад бештар монеъагузорӣ хоҳад кард. Ва шояд аслан номзади моро сабти ном накунанд ва заҳматҳои мо зоеъ шавад.

Мегуфтанд, ки гӯё ҳукумат алайҳи номзадии Зойиров аз қабл омодагии ҷиддӣ гирифтааст. Дар қиболи номзадии Муҳиддин Кабирӣ низ чунин ҳадсҳо зада мешуд.

Вақте номзадии маро баррасӣ мекарданд, гуфтам, ки ман нияти депутат (узви порлумон) шуданро надорам, чӣ расад ба мансаби президентӣ. Ҳарчанд ислоҳотро хоҳанам ва ҳар касе ки барномаи ислоҳоти моро пиёда созад, бигзор ин раиси ҷумҳури феълӣ ҳам бошад, ман аз номзадии вай пуштибонӣ мекунам.

Хулоса, иҷтиҳоди бародарони наҳзатӣ ин буд, ки агар Раҳматулло Зойиров номзад шавад, эҳтимол дорад сабти номи вай бо мушкилиҳо рӯбарӯ шавад. Зеро алайҳи вай дар матбӯъот туҳматҳои зиёде эълом мешавад.

Вале дар ҷаласаҳо касе ин туҳматҳоро ном намегирифт ва касе нагуфтааст, ки гӯё вай ҷосуси Узбакистон мебошад. Дар маҷмӯъ, гуфта мешуд, ки ҳам алайҳи Зойиров ва ҳам алайҳи Кабирӣ туҳмату тавҳинҳои мухталифе паҳн мешаванд.

Суҳбатҳое низ буданд, ки гӯё ҲНИТ номзадҳои дигареро пешниҳод карда, аз ҷумла номзадии Маҳмадалӣ Ҳайит. Вале бародарон аз Ҳизби сусиёл-демукрот изҳор доштанд, ки ё оқои Кабирӣ номзад шавад ва ё ҳеҷ касе. Яъне даъво мешуд, ки вақте раҳбари ҳизб ҳаст, чаро бояд муъовинаш номзад шавад?

Дар ниҳоят тасмим шуд, ки номзадии Ойниҳол Бобоназарова пешниҳод шавад. Он замон мо бар ин назар будем, ки номзадии муъаллима барои ҳукумат ин қадар ҳассосият эҷод нахоҳад кард.

Зеро муъаллима ҳарчанд дар гузашта дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон талошҳои зиёде кардаанд, вале феълан мавзеъи зиддиҳукуматӣ надоранд. Тарафдори адолат ва хостори ислоҳот дар Тоҷикистон ҳастанд. Дар маҷмӯъ, шахсияте нестанд, ки рӯёрӯ бо ҳукумат бошанд. Ба ин далел, интизор доштем, ки номзадии эшонро ҳукумат бидуни мушкил сабти ном хоҳад кард.

Вале ин орзуи мо низ шикаст хӯрд ва ба ин натиҷа расидем, ки ҳар нафаре ки бидуни мувофиқа бо ҳукумат пешбарӣ шавад, номзадияш сабт намешавад. Агар ҳатто 210 ҳазор имзо ҳам ҷамъоварӣ мекарданд, ҳатман камбудие пайдо мекарданд.

Ҳадди ақал назди 10-15 нафаре, ки имзо гузошта буданд, рафта ва таҳдидашон мекарданд ва талаб мекарданд, ки аз тақаллубӣ будани имзоҳои худ шаҳодат бидиҳанд. Ва ин наворҳоро тавассути шабакаҳои телевизиюнӣ намоиш дода ва боз ҳам алайҳи нерӯҳои ислоҳталаб тавҳинҳои ҷадид пахш мекарданд.

-Пас, баргузории чунин интихоботе бо чӣ меанҷомад ва чӣ зарурате дошт?

-Ин интихобот ба гунаи раъйпурсӣ аст. Аслан вақте, ки дар кумисиюнҳои интихоботии қитъавӣ (марокизи раъй), ки сарнавишти раъйдиҳӣ дар он ҷо ҳал мешавад, узвияти намояндагони аҳзоби сиёсиро иҷоза надоданд, рӯшан буд, ки ин интихобот шаффоф ва демукротик намешавад. Ва аслан, ба эътиқоди ман, дар ин интихобот аз 18 то 25 дарсади раъйдиҳандагон ширкат мекунанду халос.

-Мардум интизориҳое доранд, ки номзади пирӯз дар интихобот барои бехбуди вазъи зиндагии мардум талошҳое ба харҷ хоҳад дод. Пас, Шумо ояндаи Тоҷикистонро баъд аз ин интихобот чӣ гуна мебинед?

-Ҳам аз дидгоҳи сиёсӣ ва ҳам аз дидгоҳи шаръии исломӣ худованд вазъи ҳеҷ қавме, ҳеҷ миллате, ҳеҷҷомеъаеро тағйир намедиҳад, агар ин қавм ё ҷомеъа аз дохил хостори тағйирот набошад.

Ман қабул дорам, ки бахши зиёди ҷомеъаи Тоҷикистон аз вазъи феълӣ розӣ нестанд – яъне аз адами (набуди) нерӯи барқ дар тӯли шаш моҳ, аз фасоди густарда, аз адами (набуди) адолати додгоҳӣ, аз мудохилаи мақомот дар зиндагии хусусӣ розӣ нестанд.

Аммо норозигии онҳо ба дараҷае, ки хостори тағйирот бошанд, шакл нагирифтааст. Аз ин хотир, аҳзоби сиёсӣ, ҷомеъаи маданӣ ва ғайра бояд заҳмат бикашанд, ки аз роҳи эволютсионӣ (такомулӣ) раванди ислоҳотхоҳиро дар ҷомеъа роҳандозӣ кунанд, ки ҷонибдорони бештаре пайдо кунад.

Дуруст аст, ки ин кор хеле душвор аст ва заҳмати зиёде мехоҳад, вале чораи дигаре нест.

-Мақоли русие ҳаст, ки ҳар қавм пешвои худро сазовор аст. Пас, ба назари Шумо Тоҷикистон ин ҳукуматро сазовор аст?

-Бале. Ва ин танҳо мақоли русӣ нест, ин ҳадиси пайғамбари Худо низ ҳаст, ки гуфта мешавад - шумо чӣ хеле ки бошед, мисли шумо нафаре раҳбари шумо мешавад.

-Барои мусоҳиба сипосгузорам, комёб бошед.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi