20:13:28 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Зайд Саидов: "Дар ин "спектакл" дигар ширкат намекунам"

Зайд Саидов ва вакилони мудофеъаш гуфтаанд, ки ба нишони эътироз аз ширкат дар идомаи мурофиаи парвандаҳои алайҳи ин соҳибкори шинохта даст мекашанд.

zayd-saidov-54785214.jpgЗайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав рӯзи 23 октябр дар мурофиа, ки аз 12 сентябр пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе идома дорад, муҳокимаи парвандаҳояшро якҷониба номида, гуфтааст, ба нишони эътироз дигар намехоҳад дар мурофиа ширкат кунад. Вакилони мудофеъ мегӯянд, ин баёнияи эътирозиро Зайд Саидов баъди он пахш кард, ки додраси парванда Шавкат Абулхайров дархости онҳо барои ташхиси ДНК-и Зайд Саидов ва кӯдаки духтареро, ки Зайд Саидовро ба таҷовуз ба номуси ӯ айбдор мекунанд, радд кард.

Зайд Саидов ҳамин тавр, аз ҳар се вакилаш хостааст, ки дигар дар ин додгоҳе, ки ҳукмаш, ба гуфтаи ӯ, “аз пеш маълум ва ҳаллшуда аст,” ширкат накунанд. Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов рӯзи 23 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт,  ки онҳо низ ҷараёни додгоҳро яктарафа мешуморанд ва ба назари муваккили худ дар мавриди худдорӣ аз идомаи ширкат дар ин, ба таъбири ӯ, “спектакл” розианд.

Додрас Шавкат Абулхайров баъди ин баёнияи эътирозии Зайд Саидов дар мурофиа то рӯзи душанбеи 28 октябр танаффус эълон кардааст. Наздикони Зайд Саидов аммо мегӯянд, агар бархӯрди ҳайъати раисаи додгоҳ ба тарзи муҳокимаи парвандаи ӯҷиддан тағйир наёбад, гумон аст, ки Зайд Саидов ё вакилони ӯ дар мурофиаи баъдӣ ҳозир шаванд.

Шӯҳрат Қудратов мегӯяд: “Мо мехостем, ки ташхиси мустақили ДНК анҷом шавад дар ягон кишвари Аврупо ва ҳама шакку гумонҳо дар бораи падари он кӯдак будан ё набудани Зайд Саидовро аз байн бардорад. Вақте дархости мо барои ДНК аз тарафи додгоҳ радд шуд, раддияе ки додем, он ҳам радд шуд, Зайд Шерович изҳорот дод, ки додгоҳ парвандаҳоро яктарафа мебинад, ваҷҳҳову далелҳои моро ба инобат намегирад ва қонеъ намекунад, аз ин рӯ, ман ба ин додгоҳ ва объетивонаву ҳаматарафа ва аз рӯи қонун баррасӣ шудани парвандаам бовар надорам ва хоҳиш мекунам, маро аз толор берун карда, мурофиаро дигар бе иштироки ман гузаронед.”

Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, муваккили онҳо бо ин изҳорот эътирози худ ба раванди муҳокимаи парвандаашро баён кард. Зайд Саидов гуфтааст, “маро ҳукми қатл медиҳед, ё ҳар ҳукми дигар, бе ширкати ман ҳукматонро бигиред. Вақте додгоҳ яктарафа аст, ҳузури ман дар инҷо чӣ лозим аст? ”

Ба гуфтаи вакилони Саидов, додраси парванда Шавкат Абулхайров иддаои ӯ дар бораи яктарафа гузаштани муҳокимаро рад карда, дар мурофиаи рӯзи 23 октябр гуфтааст, ин қазияро ӯ тибқи қонун дида истодааст. Аммо, мегӯяд Шӯҳрат Қудратов, “ба моҳ зоҳиран ҳа-ҳа мегӯянд, вале дар асл то имрӯз ягон ваҷҳу далели моро на қонеъ кардаанд ва на ба инобат гирифтаанд. Ҳамаи дархостҳои мо ҳаллношуда, гӯё дар дасти баррасӣ боқӣ мондаанд.”

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон муҳокимаи парванда бидуни ширкати нафари муттаҳамро низ пешбинӣ мекунад. Аммо муттаҳамро маъмулан бо қарори додгоҳ ба далели, барои мисол, маризӣ ё халал расондан ба ҷараёни муҳокима аз ҳаққ ё масъулияти ширкат дар муҳокимаи парвандааш маоф мекунанд. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, дар чунин ҳолат низ вакилони нафари муттаҳам бояд дар додгоҳ ҳузур дошта бошанд: “Лекин Зайд Саидов азъ мо ҳам хост, ки дигар дар мурофи ширкат накунем. Аз тарафи дигар, чанд ҳаракати муҳими додгоҳӣ ҳаст, ба мисли сухани охирин, ки бидуни он, додгоҳ наметавонад ҳукмашро содир кунад. Дар ин шароит, ростӣ, намедонем, ки додго оё чӣ хоҳад кард?”

Мурофиаи парвандаҳои Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав аз 12 сентябр дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ пушти дарҳои баста идома дорад.

Дар ҳоли ҳозир, алайҳи Зайд Саидов бар асоси 10 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номуси ноболиғе ки ба синни 14 нарасидааст(моддаи 138), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, ва боздошти ғайриқонунӣ парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу  боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси  Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сипас аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ширкатҳояш дар соҳоте, чун саноати мармар, ҷавоҳирот ва сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон пешгом буданд.

Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо моҳе баъд мақомот аз шурӯъи чандин парванда алайҳи ин соҳибкор хабар доданд ва ӯ рӯзи 19 май баробари баргаштанаш аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе, дастгир шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi