13:52:05 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ним моҳ то интихобот: шикасти панҷу пирӯзии яке

Баъди ин дигар ҳарчӣ бигӯем ё на, интихобот лаззати пешинаи худро гум кард. Охири ҳафтаи гузашта КМИР ба дахости Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди сабти номи номзади мухолифон Ойниҳол Бобоназарова посухи рад дод. Аммо посухи дар нигоҳи аввал қонунӣ: шумораи имзоҳо нокифоя. Ва баъд: Ситоди Бобоназарова маълумотномаи имзоҳои ҷамъоваришударо сари вақт ба КМИР пешниҳод нанамуд.

to-intikhobot-565454Дигар аз интригаҳои пасипардагии интихоботӣ низ зиёд ҳарф зада шуд ва кас баъзан дар ҳайрат мемонад, ки ба кадоме аз он бовар кунад. Чунончӣ, ҳафтаи гузашта баъзе аз нашрияҳои кишвар сабти ном нашудани Бобоназароваро бозиҳои пасипардагии ҲНИТ номиданд ва баъзе аз таҳлилагрон дар ин амр бохти минбаъдаи ҳукуматро диданд. Бохти муҳим латма ба обрӯи байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ойниҳол Бобоназарова бояд сабти ном мешуд ва дар сабқати интихоботӣ ширкат менамуд. Зеро бино ба таҳлили ИНИТ 5% имзо аз шумори умумии интихобкунандагон на 210 ҳазор, балки ҳамин 201 ҳазоре мешавад, ки барои Бобоназарова ҷамъоварӣ шуд. Ҳатто Раҳматилло Зойиров дар Анҷумани ҳизбаш изҳор дошт, ки шумораи имзоҳо дар ҳоли мавриди назар будани ҳамин 5% беш аз он буд, пас КМИР бояд инро ба назар мегирифт.

Ҳафтаи гузашта коршиносон сари масъалаи ҷамъоварии имзоҳо зиёд баҳс карданд ва аксаран бар ин назаранд, ки зарфи 2 ё 3 рӯз аз ҷониби ҳизбҳои ба истилоҳ кисагӣҷамъоварии ин миқдор имзо амалан номумкин буд. Масалан, чӣ гуна метавонист ҳизби демократе, ки ҳатто дар сатҳи роҳбарӣ иттиҳод надорад, дар як муддати кӯтоҳ ин миқдор имзоҳоро ҷамъ оварад?

Ё Ҳизби аграрӣ, ки тӯли ин чор солу панҷ соли охир ба ягон мушкили кишоварзон ва деҳнишинон расидагӣ накардааст ва исми он танҳо дар арафа ва рӯзҳои интихобот ба забон ронда мешавад, чӣ гуна метавонад иддио кунад, ки дар ин як муддати кутоҳ миқдори зарурии имзоҳоро гирд овардааст? Танҳо метавон иддиои Ҷонишини Раиси Ҳизби ҳоким Сафар Сафаровро мантиқӣ шумурд. Вай гуфт, ки ин ҳизб ҳоло 230 ҳазор аъзо дорад ва агар ҳамин аъзои ҳизб ҳам имзои худро диҳанд, беш аз 210 ҳазор мешавад. Ба дигар маънӣ, Сафар Ғаюрович тақаллуб дар ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби ҳизбро рад мекунад.

Аммо дар мавриди ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби ИНИТ низ ҳадсу гумонҳо зиёданд. Кам нестанд касоне, ки инро ҳам бозии пасипардагии Ҳизби наҳзати исломӣ медонанд ва бар ин назаранд, ки ҳизб, ки худ ташаббускори пешбарии номзадии Бобоназарова буд, нахост бо президенти амалкунанда дар рақобат қарор гирад. Ин гурӯҳ соҳибназарон ҳадс мезананд, ки имзоҳои зарурӣҷамъоварӣ шуда буданд, вале Ситоди он ба КМИР пешниҳод накард.

Аммо роҳбарияти ИНИТ эълон медорад, ки фишорҳои мақомот омили аслии ҷамъоварӣ нашудани имзоҳои лозим шуданд ва барои ин даҳҳо шаҳодате дар даст дорад, ки бо гузашти замон зина ба зина шикоят кунад. Ва чуноне номзад Бобоназарова изҳор медорад, аз тақаллубу фишорҳо ҳатто ба созмонҳои байналмилалӣ ва Кумитаи ҳуқуқи башари СММ мехоҳанд муроҷиат кунанд.

Ҳарчанд баъид аст, ки ин ба ҷуз латма ба имидҷи сиёсӣ ва байналмилалии президент чун кафили озодиҳои шаҳрвандӣ таъсири дигаре дошта бошад. Зеро ин худ як марҳилаи ҳассоси байналмилалист. Муддаиёни демократия ва шаффофияти интихоботу риояи ҳуқуқи башар худ андармони мушкилоти хуруҷ аз Афғонистонанд. Дар ин марҳила баъид аст кишваре бо зери суол бурдани шаффофияти интихобот дар Тоҷикистон ба мушкили афғонистонии худ мушкили дигарро зам кунад.

Ҳамчуноне таҳлилгари масоили Эрон ва Осиёи Марказӣ, директори пажуҳишгоҳи таҳқиқоти сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои Русия Игор Панкратенко мегӯяд, “на танҳо Русия, балки Чин ва ҳатто ИМА моил ба тағйири сарвари давлат дар Тоҷикистон дар ин марҳила нестанд. Аввал ин ки ҳамвазни Раҳмон шахсе дар олами сиёсати Тоҷикистон буруз накардааст. Аз сӯи дигар президенти Тоҷикистон ин шабу рӯз амнияти сармоягузориҳои Чинро таъмин мекунад, ҷонибдори ҳузури низомӣ ва татбиқи як силсила тарҳҳои иқтисодии Русия мебошад. Ва ИМА низ то замони хуруҷи комил аз Афғонистон ба ивазшавии Раҳмон манфиатдор нест”.

Рейтинги байналмилалии ҳукумати Раҳмон баъди интихобот

Вале наметавон гуфт ба қайд гирифта нашудани Бобоназарова ба обрӯи сиёсии Ҳизби халқӣ-демократӣ ва бахусус сарвари он бетаъсир мемонад. Агар Бобоназарова сабти ном мешуд, худи ҳукумат ҳам дарк мекард, ки миёни мардум то кадом ҳад обрӯ дорад ва барои ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир медид.

Зеро пирӯзии Раҳмон ҳатто дар сурати иштироки Бобоназарова низ кафолат дошт ва ба ин ҳеҷ шаку тардиде вуҷуд надошт. ҲХДТ метавонист захираву имкониятҳои воқеъӣ ва сатҳи пуштибонии мардумро таҳлил мекард, ки ин ба нафъи он буд.

Аз сӯи дигар бино ба гуфтаи таҳлилгари шинохтаи тоҷик ПарвизМуллоҷонов “иштироки Бобоназарова сатҳи норозиён аз ҳукуматро муайян мекард. Яъне, бо иштироки хонум Бобоназарова мо мефаҳмидем, ки захираи эътирозӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст.

Нафароне, ки ба Бобоназарова овоз медоданд, он тоифаи мардум ҳастанд, ки як ҳисси эътирозӣ доранд ва онро бо воситаи овоз додан ба Бобоназарова иброз мекарданд. Иштирок накардани Бобоназарова ба фоидаи ҳукумат нест. Чун  ин ба рейтинги Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ таъсири манфӣ мерасонад”,-мегӯяд ӯ.

Таҳрими сотсиал-демократҳову шубҳаи Шоҳиён

Дар ҳоле, ки ИНИТ ҳанӯз дар мавриди ширкаташ дар интихобот тасмим нагирифтааст ва ё тасмим ҳам гирифта бошад эълон накардааст, Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар анҷумани навбатии худ, ки рӯзи 12 октябри соли равон дар қароргоҳи ин ҳизб баргузор гардид, ба қароре омад, ки агар то 1 ноябри соли равон  номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба қайд гирифта нашавад, интихоботи президентии Тоҷикистонро байкот хоҳад кард. Ин ягона изҳороти шадидуллаҳн дар мавриди интихоботи қарибулвуқӯъи Тоҷикистон буд. Сотсиал-демократҳо аз аввалинҳо шуда аз таҳрими интихобот сухан карданд.

Ва мӯҳлат ҳам муайян карданд: то 1 ноябр. Аммо бегоҳии рӯзи ҷумъаи гузашта хабар расид, ки КМИР ба дархости Кабирӣ дар мавриди сабти номи номзади ИНИТ посухи рад дод. Рӯзе пештар Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси КМИР ба хабарнигрон гуфта буд, ки Бобоназарова амалан номзади Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст, зеро пешбарии номзад тибқи Конститутсия ҳақи аҳзобу созмонҳои сиёсӣ ва  ҷамъиятист. Аммо давлат Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳтхоҳро ба расмият намешиносад ва эътироф надорад.

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ нишон дод, ки метавонад як нерӯи созандаи сиёсӣ дар кишвар бошад ва ҳатто тасмим гирифта шудааст, ки тадриҷан он ба як ҳизби нави сиёсӣ табдил ва сабти ном гардад. 

Охири ҳафтаи гузашта таблиғоти пешаинтихоботӣ расман оғоз гардид ва тавре Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР иттило дод, номзадҳо дар 41 шаҳру навоҳӣ бо интихобкунандагонашон мулоқот хоҳанд кард. Барои таблиғот аз тариқи телевизион ба номзадҳо 30 ва барои шахсони боэътимоди онҳо 20 дақиқа вақт ҷудо шудааст.

КМИР ба ҳар номзад 25 ҳазор сомонӣҷиҳати таблиғ ҷудо кардааст. Вале ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд барои таблиғи номзади худ то 200 ҳазор сомонӣ маблағ сарф намоянд. 

Ба сурати умум сокинони кишвар худро ба интихоботи навбатии президент омода месозанд. То баргузории он каме бештар аз ду ҳафта боқӣ мондааст.

Ва пӯшида ҳам нест, ки аз миёни ин шаш номзад имкони бештар боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон дорад. Зеро аз миёни ин ҳама соҳибнуфуз ҳам ӯсту хидматкарда ҳам.

«Рӯзгор» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi