07:37:42 22-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сабақҳои як интихобот

Дар ин соатҳову лаҳзаҳо, ки нашри нави "Рӯзгор" ба дасти хонанда мерасад, ба маросими қасамёдкунии Президент омодагиҳо дар ҷараёнанд. Албатта, ҳоло сабақ аз гузашта ба ёди касе намеояд, чун ҳама саргарми тантанаи пирӯзианд. Ва номзадҳои мағлуб ҳам чандон аз мағлубият ҳарф намезананд, чун ба ин аз қабл омода буданд ва медонистанд, ки аз мағлубонанд. Танҳо аз хориҷи кишвар ба камбудиҳову норасоиҳо ва нақзи ҳуқуқи интихобкунандагон ишораҳо мерасанд.

Пирӯз якеву мағлуб панҷ

tabrikot-454787

Интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон тавре интизор мерафт, бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расид. Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон то зӯҳри рӯзи 7 ноябр натиҷаи ниҳоиро эълон кард: Эмомалӣ Раҳмон бо дарёфти 83,6 дар сади овозҳо муҷаддадан ба курсии президентӣ нишаст.

Аз миёни рақибонаш танҳо Исмоил Талбаков, номзади ҳизби коммунист муваффақ ба дарёфти 5 фоизи овозҳо шуд. Номзади кишоварзон Толиб Бухориев 4,5 дар сад овоз гирифт ва Саидҷаъфар Исмонов (номзади Ҳизби демократ), ки мегуфт ниме аз овозҳоро ба худ ихтисос хоҳад дод, ҳамагӣ муваффақ ба дарёфти 1 фоизи овози интихобкунандагон шуд.

Дигар ҳама пушти сар монд, мухолифон ба даъвоҳои худ гӯши шунаво наёфтанд, то охирин рӯзҳо, ки ба умед буданд давлат ба гузаште дар мавриди сабти номи номзадашон розӣ мешавад, ин кор сурат нагирифт. Саҳнасозиҳои мақомот ва мушкилэҷодкуниҳо дар раванди ҷамъоварии имзоҳо низ пушти сар монд. Ба назар мерасид мухолифони давлат зина ба зина ин ҳама мушкилотро тай карданд ва дарсҳои омӯзандае аз интихоботи сол бардоштанд.

Ва дарси муҳим: низоми ҳокимият ба ҳиҷ ваҷҳ ҳозир нест ҳатто қадре ихтиёроти худро аз даст бидиҳад. Ва боз: бори дигар собит шуд, ки то замоне қонуни интихобот тағйир наёбад, ба шаффофият умед бастан ва бовар кардан ба ҳар гуна ваъдаҳои интихоботи одилона амалан номумкин аст. Муддати ин ҳафт соли оянда нерӯҳои демократӣ ва исломӣ ва ҳамаи он гурӯҳҳо ва шахсиятҳое, ки зери ливои ИНИТ гирди ҳам омада буданд, талош бояд кунанд, то дар кишвар низоми интихобот тағйир дода шавад.

Рӯзноманигор ва таҳлилгари шинохтаи рус Аркадий Дубнов дар як баррасии коршиносона чандин паҳлуи интихоботи Тоҷикистон ва дурнамои ҳузури аҳзоб дар ин гуна маъракаҳои тақдирсозро ба риштаи таҳлил кашид ва дар мавриди қонуни интихобот навишт, ки "парламони мураттаб аз вакилони ҳизби Халқӣ демократӣ пайваста мекӯшад аз ворид кардани тағйирот дар қонуни интихобот худдорӣ кунад ва пешниҳоди мухолифонро дар он маврид, ки ҳайати комиссияи интихоботиро намояндагони аҳзоб ва номзадҳои мустақил низ намояндагӣ кунанд, нодида мегирад. Ҳоло ки чунин нест, пас чӣ гуна метавонанд коммунистони Тоҷикистон овозҳои ба дастовардаи номзади худ Исмоил Талбаковро, ки вақтҳои охир бо ҷуръати ваъдаҳо то ҳадде маъруфият низ касб кард, бишморанд"?

Ҳамчуноне Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбате иброз дошта буд, эҳтимол дорад ИНИТ чун ҳизб ё ҳаракати нави сиёсӣ сабти ном гардад. Яъне, омодагии ба ҳизб табдил додани иттиҳоди ду ҳизби сиёсӣ: исломиён ва сотсиал-демократҳо ва шахсиятҳои ҷудогона оғоз шудааст.

Табрики давлатҳо

Аз нахустин рӯзи эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ номаву барқияҳои шодбош аз сарони кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои обруманди байналмилалӣ бориданд. Хабар дода мешуд, ки аз аввалинҳо шуда президенти  Узбакистон Ислом Каримов, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Афғонистон Ҳомид Карзай Эмомалӣ Раҳмонро табрик карданд.

Дафтари матбуотии сардори давлат дар гузоришоти худ дар ин замина менависад, ки сарвари давлати Русия дар барқияи табрикотии хеш робитаҳои Русия ва Тоҷикистонро анъанавӣ ва дӯстона номидааст ва гуфтааст, ки "мехоҳам ҳавасмандиро барои идомаи кори самарабахши муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ ба манфиати халқҳои бародарамон ва баҳри таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ изҳор намоям".

Президенти Туркия Абдулло Гул гуфтааст, ки "натиҷаи интихобот ба халқи Тоҷикистон хайру саодат меорад. Равобити дӯстонаву бародаронаи байни кишварҳо" ва халқи ду мамлакат "дар самтҳои гуногун рушду таҳким меёбад. Итминони комил дорам, ки дар марҳилаи нав низ саъю ғайрати хешро дар ин ҷода дареғ нахоҳед дошт".

Алмосбек Атамбоев, президенти Қирғизистон дар барқияи табрикотии худ пирӯзии Раҳмонро нишони сатҳи баланди боварии халқи тоҷик ба ӯ... дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон" номидааст.

Усқуфи аъзами Русия Кирилл бо ирсоли паёме, ки аз аввалинҳо шуда телевизиони "МИР 24" пахш намуд, ин интихобро натиҷаи муҳаббати мардум ба сарварашон номидааст. "Муддати солҳои тӯлонӣ мамлакатро роҳбарӣ карда, Шумо муҳаббати мардум ва боварии сокинони кишварро соҳиб шудаед, ки онҳо роҳи интихобкардаи сиёсии Шуморо пуштибонӣ мекунанд".

Ҳамчунин аз номи президенти Украина Виктор Янукович, сарвазири Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон, Амири Давлати Қатар Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Сарвазир ва Вазири корҳои дохилии ин кишвар Абдулло ибни Носир ибни Халифа Оли Сонӣ, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Дмитрий Мезентсев, Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ва котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа низ паёмҳои табрикотӣ расидаанд. Ва номаҳову барқияҳо ҳамоно меоянду меоянд.

Интихоботи Тоҷикистон ба чашми хориҷиён

Нозирони кишварҳои ИДМ ва САҲА ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мухталиф доданд. Нозирони ИДМ интихоботи президентии Тоҷикистонро озоду демократӣ ва холӣ аз тақаллуб ва нақзи ҳуқуқҳои интихобкунандагон ёфтанд.

Вале нозирони САҲА ба камбудиҳои ҷиддие ишора намуданд, ки ҳукуматро лозим меояд барои бартараф намудани онҳо бикӯшад. Аз ҷумла, Гордан Чомич, сарвари нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо интихоботи рӯзи чоршанбеи Тоҷикистонро бидуни алтернатива номид. Вай гуфт, ки дар интихоботи президентии Тоҷикистон гуногунандешӣ ва интихоботи ҳақиқӣ мушоҳида нашуд.

"Ҳарчанд он ором пушти сар шуд, вале он бидуни алтернативаи воқеъӣ буд",- гуфт ӯ. Нозирони байналмилалии кишварҳои аврупоӣ ҳамчунин изҳор доштанд, ки воситаҳои ахбори давлатӣ бартарияти бештарро барои президенти амалкунанда дар қиёс ба номзадҳои дигар таъмин намуданд.

Сарвари миссияи дарозмӯҳлати назорат бар интихобот хонум Параскива Бадеску бошад, қайд кард, ки қисмати бештари тавсияҳои пештараро ҳукумати Тоҷикистон ба назар нагирифт.

Маскав шахсияти дигаре матраҳтар аз Раҳмон дар Тоҷикистон надорад

Сардабири ожонсии иттилоотии "Фарғона" Даниил Кислов дар сӯҳбат бо "НП" гуфтааст, ки "интихобот дар Тоҷикистон дар мавқеъи нерӯҳои сиёсии кишвар таъсири чандоне нахоҳад дошт ва Тоҷикистонро дигаргуние интизор ҳам нест. Раҳмон муддати 7 соли оянда кишварро идора хоҳад кард, ҳарчанд вай аллакай 21 сол аст, ки роҳбарӣ мекунад. Дар айни замон ягон шахсияти дигар наметавонад ба тахту тоҷи вай дастдарозӣ кунад".

Ин коршинос умуман дар ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ягон дигаргунии шабеҳи инқилобро мушоҳида намекунад. Ҳарчанд Русия мекӯшад пойгоҳҳои ҳарбии худро дар минтақа ҳифз кунад, вале ба гумони ин коршинос барои Маскав пуштибонӣ аз низомҳои худкома ба манфиат нест.

"Ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик ягон дигаргунии сиёсӣ рух намедиҳад, вале баъдан комилан имкон дорад. Ба шарофати он ки Русия имкон медиҳад миллионҳо сокини ин кишвар соҳиби кор шаванд, Тоҷикистон фоидаи иқтисодӣ ба даст меорад, аз ин рӯ шӯришҳои гуруснагон, ки ба ивазсозии низом сабабгор шаванд, пешбинӣ намешавад".

Ин таҳлилгар дар иртибот ба муносибати Тоҷикистону Маскав менависад, ки он самимиву дилгармкунанда нест. Вале Маскав низ дар ин марҳила шахсияти дигареро матраҳтар аз Раҳмон дар Тоҷикистон надорад. Аз сӯи дигар Раҳмон басо возеҳу рушан ба Маскав фаҳмонд: маҳз ӯ шахсияти калидӣ дар сиёсати Тоҷикистон аст. Ва пешрафти манфиатҳои Русия ва кафолати шарикӣ дар остонаи хуруҷи НАТО аз Афғонистон маҳз аз ӯ вобаста аст.

Ҳамзамон бо кашол додани мӯҳлати имзои созишномаи низомӣ вай кӯшид, ки мухолифонаш то остонаи Кремл нараванд ва ягон иттиҳоди зидди ӯро созмон надиҳанд. Имрӯз Раҳмон метавонад пирӯзиашро тантана кунад. Дар дохили кишвар ҳамсанги ӯ сиёсатмадори нерӯманд вуҷуд надорад. Дар хориҷ чун шарики муносиб дида мешавад. Ва ҳарчанд бино ба шаҳодати маводҳои интишордодаи WikiLeaks Вашингтон аз сиёсати ӯ интиқод мекунад, вале ИМА дар айни замон дар ҷустуҷӯи пешвои алтернатив дар Тоҷикистон нест. Ин боз дар ҳолест, ки мушкили хуруҷ аз Афғонистон домангири ӯст",-мегӯяд ӯ.

Ҳамин ақидаро ба таври дигар Аркадий Дубнов низ талқин кардааст ва зимнан қиссаеро аз замони Сталин ёд мекунад. Раиси вақти нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ Фадеев шикоят мебарад, ки ҳамкасбонаш ӯро гӯш намекунанд. Аммо доҳӣ посухаш медиҳад: нависандаи дигар барои шумо, рафиқ Фадеев, ман надорам, бо ҳаминҳо кор кунед". Ва ин таъкиди Сталинро ба имрӯзи Тоҷикистон нисбат медиҳад, ки шахсияти дигари матраҳтаре нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон нест. Ва ба эълони КМИР дар мавриди он ки дар интихобот 86,8 дар сади сокинони болиғ ширкат карданд ва аз ин миён Эмомалӣ Раҳмон 83,6 фоизи овозҳоро дарёфт намуд, ба назари шубҳа менигарад.

Вале аз сӯи дигар ба андешаи рӯзноманигори шинохта Эмомалӣ Раҳмон то ҳадде машруияти худро аз даст дод. Зеро касе шак бар он надошт, ки Раҳмон метавонад ҳатто ба рақиби миёни дигарон маъруфиятдошта низ пирӯз ояд. Ва ин афрод бар ин назаранд, ки дур андохтани як зани дар Тоҷикистон маъруф аз ширкат дар интихобот иштибоҳи ҳукумат буд. Вале сабаби инро на иродаи худи Раҳмон, балки соҳибмансабони маҳаллӣ медонанд, ки бо монеъагузорӣ барои ҷамъоварии имзо ба ҷонибдории номзадии Бобоназарова хостанд ба Ҷаноби Олӣ писанд оянд".

Даъват ба адл ё маслиҳат?

Созмони байналмилалии Афви Байналмилал (Amnesty International) президенти тозаинтихобро ба эҳтироми ҳуқуқи инсон даъват намуд. Дар "Меморандум барои президенти тозаинтихоби Тоҷикистон: эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқи инсон", ки Amnesty International дар таърихи 8 ноябр интишор дод, ба зарурати хотима бахшидан ба қонуншиканиҳои густарда нисбати ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва аз ҷазо дур мондани шахсони гунаҳкор, тағйири қонун, таҷриба ва анъанаҳое, ки барои нақзи ҳуқуқи инсон шароиту ҳавасмандӣ фароҳам меоваранд, таъкид шудааст. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки "президент бояд ба ҷараёни ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон дар кишвар, аз ҷумла ба ислоҳоти низоми адолати судии ҷиноӣ ва эҳтироми ҳуқуқ ба озодии баён роҳбарӣ кунад".

Даъвои Amnesty International бар ин аст, ки дар Тоҷикистон тӯли солҳои охир озодиҳои шаҳрвандӣ нақз шудаанд, шахсони гунаҳгор аз ҷазо дур мондаанд, вакилони мудофиа наметавонанд ба таври шоиста вазифаҳои худро дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи гумонбарон иҷро намоянд, таъқиби ҷабрдидагон ва шоҳидон мушоҳида мешавад, дар муассисаҳои ислоҳӣ шиканҷа ва кирдорҳои бераҳмона истифода мешаванд ва ғайраву ҳоказо. Ва ин созмони бонуфузи байналмилалӣ на аз ҳукумат, балки шахсан аз президенти тозаинтихоб даъват кардааст, ки барои роҳ надодан ба ин гуна камбудиҳо шахсан ислоҳотро роҳбарӣ намояд.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi