01:59:13 03-уми Июни 2025 сол

АЪЗОИ ҲУКУМАТ ДОРОИҲОИ ХУДРО ЭЪЛОМ МЕКУНАНД

Вазъи молии мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз ин пас таҳти назорати ниҳодҳои андоз ё молиёт қарор хлҳад гирифт. Порлумони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 28 октябр бо ислоҳи қонун “Дар бораи Ҳукумат” куллияи аъзои кобинаи давлатро муваззаф кард, ки ҳамасола ба ниҳодҳои андоз вазъи молии худро эълом кунанд.

 

Ҳамчунин, аз ин ба баъд онҳо муваззаф шудаанд дар бораи дороиҳои худ ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳанд. Ҷумъа Давлатов, раиси Раёсати хидмати давлатии Тоҷикистон, зимни муъаррифии ин ислоҳот дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки ҳадафи аслӣ аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз мавориди фасод аст. Ба гуфтаи вай, ҳамакнун вузаро, муъовинон, руасои кумитаҳои давлатӣ ва ожонсҳо ва муъовинони онҳо зимни интисоб ба вазифаҳо бояд дар бораи вазъи молӣ ва дороиҳои худ гузориш диҳанд.

 

Баъдан, ҳамасола ин мақомот бояд дар бораи дороиҳои худ ба бахшҳои кумитаи андоз дар маҳалли зисти худ эъломия супоранд ва ба Ҳукумат гузориш диҳанд. Инъомҷон Охунов, узви порлумони Тоҷикистон, зимни пуштибонӣ аз ин ислоҳот гуфт, ки ҳарчанд дар қавонини дигари кишвар эъломи вазъи молии кормандони давлатӣ ҳатмист, вале ҳамакнун аъзои Ҳукумат низ ба сурати қонунӣ ба иҷрои ин муқаррарот муваззаф шудаанд.

 

Шерхон Салимзода, мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва дар гузашта раиси Ожонси мубориза бо фасод ва назорати молӣ, гуфт, ки “воқеъан ин муқаррарот ба мубориза бо мавориди фасод дар миёни аъзои Ҳукумати Тоҷикистон мусоъидат хоҳад кард.” Оқои Салимзода низ таъйид кард, ки ҳадафи аслии ислоҳи қонун дар бораи Ҳукумат фароҳам кардани шароити ҳуқуқӣ барои мубориза бо фасод аст.

 

Вале бархе аз аъзои порлумон ва коршиносон зимни пуштибонӣ аз ин ислоҳот гуфтанд, ки бисёре аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон дороиҳои худро ба исми пайвандонашон сабт кардаанд ва ба ин далел натоиҷи ислоҳи ин қонун чандон муассир нахоҳад буд. Вале чунин ба назар мерасад, ки давлати Тоҷикистон дар ин робита низ иқдомоте анҷом хоҳад дод.

 

Аз ҷумла, дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи порлумон ба қонун дар бораи бозрасӣ тағйироте ворид карда шуд, ки бар мабнои он, бозрасон аз ҳаққи таҳқиқ ва ошкор кардани “дороиҳои пинҳоншудаи” афроде, ки дар иртикоби ҷароим мазнун ҳастанд, бархурдор шуданд. Ба ин тартиб, дороиҳои “пинҳоншудаи” мақомоте ҳам, ки ба фасод муттаҳам хоҳанд шуд, ошкор ва мусодира карда мешаванд.

 

Дар ҳамин ҳол, мушаххас нест, ки Президент Раҳмон, ки ҳамзамон раиси Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, низ ба ниҳодҳои андоз ё молиёт дороиҳои худро эълом хоҳад кард ё хайр.

 

Ҷумъа Давлатов, раиси Раёсати хидмати давлатии Тоҷикистон, гуфт, ки ин ислоҳот танҳо иқдоме барои ҷилавгирӣ аз мавориди фасод дар ниҳодҳои давлатӣ нест. Ба гуфтаи вай, лоиҳаи ислоҳи қонуни Тоҷикистон дар бораи хидмати давлатӣ низ таҳия шудааст, ки бар мабнои он, аз ин ба баъд як шахс метавонад дар як мақом танҳо то панҷ сол ифои вазифа кунад ва сипас бояд ба симати дигаре таҳвил шавад.

 

Бо ин ҳама, соҳибназарон мегӯянд, ки ҳарчанд аз чанд сол пеш ба ин сӯ давлати Тоҷикистон бар зарурати тақвияти мубориза бо фасод дар ниҳодҳои давлатӣ таъкид мекунад, вале то ҳол дар ин замина ба дастовардҳои чашмрасе муваффақ нашудааст. Таъсиси Ожонси мубориза бо фасод дар соли 2007, ки дар оғоз коршиносон аз он истиқбол карда буданд, ҳоло ба гуфтаи онҳо, маъмулан танҳо ба мубориза “бо муъаллимон ва пизишкони фасодкор” машғул аст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854