01:13:11 03-уми Июни 2025 сол

30 ДАРСАДИ МАҚОМОТ УЗВИ ҲИЗБИ ҲОКИМ

Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон аз даъвати анҷумуни пешазинтихоботии худ хабар дод. Ин дар ҳолест, ки Президент Раҳмон, ки раҳбарии ин ҳизбро ба ӯҳда дорад, баргузории интихоботи мунсифона ва шаффофи порлумонӣ дар моҳи феврали соли ояндаро замонат додааст. Давлаталӣ Давлатзод, муъовини аввали раҳбари ин ҳизб ба саволҳои ҳамкорамон Искандари Фирӯз дар ин замина посух додааст:

-Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи ахири раёсати Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон гуфта буд, ки баргузории интихоботи озод, шаффоф ва мунсифонаро замонат медиҳад. Оё ин маънии онро дорад, ки интихоботҳои қаблӣ чунин набуданд?

-Не. Чунин арзёбӣ нодуруст аст. Раҳбари Тоҷикистон бо ин гуфтаҳои худ кафолат (замонат) додааст, ки баробарии куллияи аҳзоби сиёсии кишвар дар интихоботи қарибулувуқуъро таъмин месозад. Яъне, он кас мехоҳанд, ки ҳамаи ҳизбҳо бо ҳуқуқи баробар ва бо истифода аз шароити қонунӣ дар интихобот мушорикати фаъол дошта бошанд. Ва мавзӯъи дигар ин аст, ки раъйдиҳии озоди мардум низ замонат дода мешавад.

Ин ҳарфҳои президент ҳамчунин аз ин маънӣ бархурдор аст, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ва аҳзоби сиёсӣ аз ҳуқуқи яксон бархурдоранд. Яъне Президент Раҳмон ба унвони зомини иҷрои Қонуни асосии Тоҷикистон, риъояти қавонини кишварро замонат додааст.

Ҳадаф аз ин гуфтаҳо ин аст, ки агар куллияи аҳзоб қонунҳои интихоботии кишварро риъоят кунанд, пас мо аз баргузории интихоботи демукротик, шаффоф ва озод метавонем ҳарф занем.

Мутассифона, имрӯз ҳизбҳое ҳастанд, ки дар интихоботи оянда танҳо ба тағйири қонуни интихобот умед доранд. Вале бояд дарк кунем, ки ислоҳи қонуни интихобот худ аз худ пирӯзии ҳизберо таъмин намекунад. Агар ҳизби сиёсӣ хоҳад, ки ба порлумон ё маҷлисҳои маҳаллӣ роҳ ёбад, бояд зиёд заҳмат кашад. Ин аст роҳи дурусти пирузӣ.

-Яъне, ба ин тартиб, Шумо бо пешниҳоди бархе аз аҳзоби мухолиф барои ислоҳи қонуни интихоботи порлумонӣ мувофиқ нестед?

-Ҳоло агар ҳатто ислоҳи қонунро мехоста бошем, имкони тағйири муфодди он вуҷуд надорад. Зеро, фурсате барои ин амр намондааст. Яъне дигар набояд ба умеди ислоҳи ин қонун бошем.

Аслан, қонуни феълӣ қабл аз интихоботи соли 2005 таҳия ва тасвиб шуда буд. Ва бояд бигӯям, ки зимни таҳияи он намояндаҳои куллияи аҳзоби кишвар ширкат доштанд. Ҳамчунин, ин қонун бо машварати созмонҳои байналмилалӣ ва бо истифода аз қавонини мушобеҳи кишварҳои пешрафта таҳия шуд ва бояд бигӯям, ки ба назари ман, бо мавозини байналмилалӣ мутобиқ аст. Коршиносони хориҷӣ низ чунин изҳори назар кардаанд. Ба ин далел, метавон гуфт, ки ин қонун ҳануз муассир аст.

-Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон ҳизби ҳоким аст ва мавзӯъе, ки ҳоло матраҳ аст, ин аст, ки оё ин ҳизб дар интихоботи оянда аз фишангҳои давлатӣ истифода хоҳад кард ё хайр?

-Дар ҷаласаи ахири раёсати ҳизби мо президенти кишвар, бавижа дар боби ин мавзӯъ изҳори назар карданд ва бар ҷилавгирӣ аз ин амр низ таъкид шуд. Вале бояд бигӯям, ки Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон ҳоло ниёзе ба истифода аз зарфиятҳои ниҳодҳои давлатӣ надорад.

Мо 120 ҳазор узв дорем ва теъдоди ҷонибдорони мо низ бамаротиб бештар аз ин рақам аст. Аз сӯйи дигар, мо аз ду сол пеш ба ин сӯ ба интихоботи соли оянда омодагӣ дорем. Зеро эҳсос мекунем, ки дар интихоботи оянда муборизоти шадиде сурат хоҳад гирифт. Ҳамзамон, ҷаноби олӣ (президент) низ таъкид доранд, ки дар интихоботи оянда риъояти меъёрҳои демукротик бештар шавад.

-Вале, оқои Давлатзод, Шумо метавонед иқрор кунед, ки дар гузашта аз фишангҳои -давлатӣ дар тадорукоти интихоботӣ истифода нашудааст?

-Метавонам як нуктаро таъкид кунам. Агар дар гузашта мавориди нақзи қавонин дар ҷараёни интихобот мушоҳида шуда бошад, ин ҳама аз надонистани қонун буд. Ҳам аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам аз ҷониби мақомоти давлатӣ. Зеро, вақте қонунро намедонед, риъояти он низ душвор аст.

Мутаассифона, чунин маворид дар гузашта мушоҳида мешуд, ки маҳз аз надонистани қавонини кишвар камбудиҳое ҷой доштанд. Ба ин далел, ҳоло ҷониберо дар ин қазия мазнун донистан кори дуруст нест, зеро мизони маърифати ҳуқуқии ҳар ду ҷониб низ дар сатҳи пойин қарор дошт.

Дар зарфи ду соли ахир мо талош кардем ин мушкилро аз байн бубарем ва сатҳи дониши ҳуқуқии аъзои худро боло бубарем. Тақозои раҳбари ҳизб ҳам аз он иборат аст, ки сатҳи дониши ҳуқуқии аъзои ҳизби мо бояд баландтар аз дигарон бошад.

-Вале бештари мақомоти Тоҷикистон аъзои ҳизби ҳалқи демукрот ҳастанд ва ин амр худ шароитро барои истифода аз фишангҳои давлатӣ фароҳам мекунад.

-Бояд бигӯям, ки дар миёни мақомоти кишвар танҳо ҳудуди 30 дарсад узви ҳизби мо ҳастанд. Ҳарчанд дар бархе аз ниҳодҳо ё вазоратхонаҳо ин рақам ҳатто пойинтар аст.

-Магар, куллияи вузарои Тоҷикистон аъзои ҳизби шумо нестанд?

-На. Танҳо ҳудуди 25-30 дарсади вузаро ва муъовинон дар кобинаи давлати Тоҷикистон узви ҳизби мо мебошанд. Ба унвони мисол, ҳатто нахуствазири Тоҷикистон ба ҳизби ҳалқи демукрот ҳеч рабте надорад ва то ҷойе, ки иттилоъ дорам, Оқил Оқилов узви ҳизби кумунист мебошанд. Батозагӣ, раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба симати вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон интисоб шуд.

-Вале ба эътиқоди коршиносон, мақомоти маҳаллӣ дар ҷараёни интихобот ва тадорукоти интихоботӣ маъмулан аз ҳизби ҳоким ҷонибдорӣ мекунанд. То ҷойе иттилоъ дорем, Президент Раҳмон низ дар ин бора таъкид доштааст.

-Бояд бигӯям, ки ҳудуди панҷ сол аст, ки мақомоти вилоятҳо ва навоҳӣ дигар ба фаъолияти бахшҳои ҳизби мо дар минтақаҳо рабте надоранд. Дуруст аст, ки дар гузашта онҳо раҳбарии ҳизби моро дар минтақаҳо ба ӯҳда доштанд, вале панҷ сол қабл аз ин симатҳо барканор шуданд.

Ҳоло раҳбарии бахшҳои ҳизби халқи демукрот дар минтақаҳоро шахсони мустақил ба ӯҳда доранд. Ҳоло метавон гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ дигар вазифаҳои ҳизбӣ надоранд.

-Шумо дар сӯҳбат аз теъдоди 120 ҳазор аъзои ҳизби халқи демукрот ишора кардед. Вале, пӯшида нест, ки бархе аз онҳо танҳо ба хотири дарёфти симате узви ҳизби Шумо шудаанд.

-Дар се-чаҳор соли ахир мо ҳудуди 20 ҳазор нафарро бо сабабҳои гуногун аз суфуфи ҳизб ихроҷ кардем. Яке агар барои номувофиқатияш бо аҳдофи ҳизби мо ихроҷ шуда бошад, дигаре барои ришваситониву фасодкорӣ.

Пӯшида нест, ки дар миёни аъзои ҳизби мо нафароне низ буданд, ки танҳо ҳадафҳои хусусии худро дунбол мекарданд ва зимни ришваситонӣ низ боздошт ва муҷозот шуданд.

Мо бар ин назарем, ки дар назди қонун ҳама баробар ҳастанд, хоҳ узви ҳизби халқи демукрот ва ё ҳизби дигаре. Узвият дар ҳизби мо наметавонад боъиси дарёфти имтиёзоте бошад.

-Аз интихоботи ояндаи порлумонӣ чӣ интизориҳо доред? Фикр мекунед теъдоди феълии сандалиҳои худро дар Маҷлиси Намояндагон ҳифз мекунед ё хайр?

-Батакрор мегӯям, ки муборизоти сиёсӣ дар интихоботи оянда хеле сахт хоҳад шуд. Раҳбари давлат низ ба шиддат гирифтани муборизоти сиёсӣ дар ин интихобот алоқаманд аст. Аз ин рӯ, ҳадафи нахустини мо ин аст, ки теъдоди феълии намояндаҳои ҳизби худро дар порлумон ҳифз кунем ва барои афзоиши теъдоди онҳо низ талош хоҳем кард. Вале аз сӯйи дигар, коҳиши намояндаҳои худро дар порлумон низ қабул хоҳем дошт. Мо ба раъйи мардум эҳтиром дорем ва ҳар гуна натоиҷи интихоботро мепазирем.

-Фикр мекунед кадом ҳизбҳо дар порлумони оянда намоянда хоҳанд дошт?

-Ба назари ман, ҳоло куллияи азҳобе, ки талоши ҷиддӣ ва хоҳиши ҷиддӣ доранд, аз имкони интихоб шудан ба порлумон бархурдор ҳастанд. Интихоботи оянда чунин шароитро фароҳам хоҳад кард.

Дар бораи он ҳизбҳое, ки ба порлумон раҳ меёбанд, наметавонам изҳори назар кунам. Вале мутмаинам, ки бо дарназардошти шароити мусоъиде, ки раҳбари давлат фароҳам кардааст, дар интихоботи оянда ҳар як ҳизб метавонад дар порлумон намоянда дошта бошад. Ва аз ин бояд истифода кард.

-Аз посухҳои шумо сипосгузорам.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854