11:19:47 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Аз нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар

Соли 2013 дар муассисаҳои наркологии ҷумҳурӣ 7176 бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 198 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, гуфта шуд дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 6-уми феврали соли 2014 роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ барпо кард. Қайд карда шуд, ки аз соли 1994 то 2013 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 102 тоннаву 151 кг маводи нашъаовар мусодира гардид, аз ҷумла 33 тонна героин, 36,1 тонна афюн ва 31,6 тонна бангдона.

rustam-nazarov_544545.jpgСоли 2013 дар қаламрави Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи нашъадор 43 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудаанд, ки 36 нафари онҳо табааи Афғонистон, 4 шаҳрванди Қирғизистон ва якнафарӣ аз Эрон, Русия ва Қазоқистон будаанд. Дар хориҷи кишвар бошад, ба гумони ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъадор 258 шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудааст. Аз ин теъдод 225 нафар дар Русия, 20 тан дар Ӯзбекистон, 12 нафар дар Қирғизистон ва як нафар дар Қазоқистон боздошт шудаанд. Дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ  ва Россия дар давраи аз соли 1996 то соли 2013 205,5 тонна маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ (героин ва афюн) мусодира гардид, ки аз ин ҳисса 67,2 тонна ё 33 дар сад ба Тоҷикистон рост меояд. Ҳиссаи Россия 28 дар сад, Қазоқистон 6 дар сад Туркманистон 15 дар сад ва Ӯзбекистон 13дар садро ташкил менамояд.

Дар соли 2013 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 936 ҷинояти вобаста бо муомилаи ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки ин 5 дар сади миқдори умумии ҷиноятҳои содиршударо ташкил менамояд. Дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 6 686 килограмму 534 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ин назар ба соли 2012 11,8 дар сад зиёд аст. Соли 2010 миқдори маводи нашъаовари мусодирашуда 3 902 кг-ро ташкил намуд, ки ин назар ба соли 2013 71,3 дар сад кам аст.

2-agenty 454554Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бевосита ва дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ва хориҷӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 385 килограмму 458 гр маводи нашъаовар мусодира гардид.Аз ҷумла дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 933 килограмму 823 гр маводи нашъаовар мусодира шудааст.

Аз ин ҳисоб маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ – 298 килограмму 33 гр мебошад, ки ин назар ба натиҷаи соли 2012 2,3 маротиба зиёд аст ва маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона - 635 килограмму 490 гр мусодира гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Агентӣ дар соҳаи пурзӯр намудани мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки бо муоилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар робита доранд, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа фаъолияти 28 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба таркиби он 79 ҷинояткор дохил шуда буд, қатъ гардида, 2 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ нобуд карда шуд.

Ба ҳамаи саволҳои рӯзноманигорон директори Агентӣ генерал Рустам Назаров ҷавоби муфассал дод. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Агентӣ 9 амалиёти муштараки байналмиллалӣ гузаронида шуд. Азҷумла, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 6 амалиёти муштарак гузаронида шуд. Чор лабораторияи истеҳсоли героин нобуд карда шуд, 8 қочоқчии маводи нашъаовар боздошт гардид.

3-agenty 454554Бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия як амалиёти муштарак гузаронида шуд, аз муомилоти ғайриқонунӣ 12 килограмму 419 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 11 килограмму 907 гр героин мусодира гардид. Бо Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқи Хитой як амалиёти муштарак бо усули “интиқоли назоратшаванда” гузаронида шуд. Дар натиҷа 3 килограмму 536 гр героин мусодира шуд ва 2 шаҳрванди Нигерия боздошт гардиданд. Бо Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон 1 амалиёт гузаронида шуда 3 килограмму 280 гр маводи нашъаовар мусодира гардид, 1 нафар боздошт шуд.

Тибқи иттилои директори Агентӣ генерал Рустам Назаров соли гузашта ду корманди агентӣ, аз ҷумла як нафар барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва нафари дуюм барои қаллобӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi