19:11:02 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИХРОҶИ ПАНҶ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ МИСР

 

Мақомоти ниҳодҳои интизомию амниятии Миср тасмим гирифтаанд панҷ тан аз атбоъи Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кунанд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин панҷ нафар донишҷӯёни Донишгоҳи Исломии ал-Азҳари Қоҳира будаанд, ки на аз тариқи вазорати маорифи Тоҷикистон, балки мустақилона барои таҳсил ба Миср рафтаанд.


Давлаталӣ Назриев, сухангӯйи ин вазорат рӯзи шанбе, 6 июн, ба Би-би-сӣ гуфт, ки Шавкат Кимсанов ва Хуршед Эрматов ба иттиҳоми рафтори номатлуби мазҳабӣ ва Фаридун Гулов, Идибек Зиёвиддин ва Аламшо Шарифов барои нақзи муқаррароти буду бош дар Миср дар авохири моҳи гузашта аз сӯйи ниҳодҳои зирабти ин кишвар боздошт шуда буданд. Ба гуфтаи оқои Назриев мақомоти ниҳодҳои интизомию амниятии Миср аз сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Қоҳира хостаанд то барои ба ватан бозгардонидани шаҳрвандони тоҷик мусоъидат кунад.


Дар назар аст, пули бозгашти ин донишҷӯён аз ҷониби хонаводаҳояшон пардохт шуда ва сафорати Тоҷикистон дар Миср дар таҳияи асноди зарурӣ ва ҳалли соири масоили марбут ба бозгашти ин афрод ба ватан кумак намояд. 


Тибқи иттилоъи расмӣ шаби 27 бар 28-и майи соли ҷорӣ ниҳодҳои интизомии шаҳри Қоҳира дар ноҳияи Мадинат-Насри ин шаҳр, ки умдатан донишҷӯёни Донишгоҳи Исломии ал-Азҳар ба сар мебаранд, амалиёти бозрасӣ анҷом додаанд. Дар ҷараёни ин амалиёт даҳҳо тан аз атбоъи кишварҳои мустақили ҳамсуд, бо шумули 15 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Пас аз бозрасии асноди боздоштшудагон 10 тан аз атбоъи Тоҷикистон озод шуда ва дар мавриди панҷ нафари дигар тасмими ихроҷ аз Миср иттихоз шудааст.


Тибқи гузоришҳо рӯзи 2 майи соли ҷорӣ миёни донишҷӯйи тоҷикистониву осетиёӣ задухӯрде рух дода ва баъдан аз ҳар ҷониб беш аз дувист нафар алайҳи якдигар сангар гирифтаанд. Ниҳодҳои интизомии шаҳри Қоҳира аз задухӯрди густарда миёни донишҷӯёни тоҷику осетиёӣ ҷилавгирӣ карда ва ба думболи он ба бозрасии фаъолияти донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ пардохтаанд.


BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi