00:50:34 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Суханронии Раҳмону Рӯҳонӣ ва Мамнун дар "Наврӯзи президентҳо" дар Кобул

Дар Кобул ҷашни байналмилалии Наврӯз идома дорад. Дар ин ҷашн меҳмонони баландпоя аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрону Покистон, ширкат доранд.

president-navruz 2014Маросими Наврӯзи байналмилалӣ, ки бо номи "Наврӯзи президентҳо" ҳам маъруф аст, рӯзи 27 март дар Кобул дар Арки раёсати ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва дар он президентҳои Афғонистону Эрон ва Тоҷикистону Покистон Ҳомид Карзай, Ҳасан Рӯҳонӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусайн суханронӣ карданд. Онҳо зимни суханони худ бар тақвияти равобити иқтисодиву тиҷоратии миёни ин кишварҳо ва зарурати мубориза бо терроризм таъкид карданд.

Эмомалӣ  Раҳмон хитоб ба мардуми афғон аз ҷумла гуфт: “Мо аз ҳамаи фарзандони ин хиттаи бостонӣ даъват менамоем, ки манфиатҳои волои ин кишвар ва мардуми худро аз манофеи сиёсӣ, миллӣ, қавмӣ ва минтақавӣ бартар донанд ва ба хотири зиндагии шоистаи мардум гом бардоранд.” Оқои Раҳмон ба унвони намунаи самарбахши ҳамкории кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз бунёди нирӯгоҳҳо, шабакаҳои интиқоли барқ ва лӯлаи газ ёдовар шуд ва гуфт, чунин кор имкони таъмини ниёзмандиҳои рӯзафзуни минтақа бо барқу об, оби обёрӣ ва бо газро фароҳам меорад. Вай ҳамчунин зарурати сохтмони баъзе қитъаҳои роҳи оҳани минтақа ва пайвастани он бо роҳҳои Аврупоро матраҳ кард.

Ҳасан Рӯҳонӣ зимни суханони худ даъват кард, ки ғубору кудурат байни давлатҳо бизудоянд ва танҳо ба ҳамнишинии раҳбарони ин кишварҳо дар Наврӯз иктифо накунанд: “Мо метавонем поягузори як иттиҳоди ҷомеъи минтақаӣ бошем, ки тавсеаву пешрафти миллатҳо ҳадафи муштараки он бошад.” Ҳасан Рӯҳонӣ Наврӯзро ҷашни эътидол хонд, ҷашне ки ба эътидоли шабу рӯз ё табиат дуруст меояд ва гуфт, эътидоли ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои волои СММ буда, бояд эътидоли сиёсат ва табиат бо ҳам тавъам бошанд. 

Мамнун Ҳусайн - раиси ҷумҳури Покистон низ дар бораи сулҳи минтақа ва мубориза бо ифротгароӣ, дар бораи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ сӯҳбат кард.  Пас аз суханрониҳо дар Арки раиси ҷумҳури Афғонистон бахши ҳунарии барномаҳои Наврӯзи байналмилалӣ давом кард.  

Интиқодҳо аз сарфи Наврӯз ва тағйири макони он дар Афғонистон

Барномаҳои ҳукумати Афғонистон барои баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз миллионҳо долларро дар бар мегирад. Ин барнома бисёриҳоро дар Кобул ба ғазаб овардааст ва онҳо ҳукуматро барои кӯтоҳандешӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки кишварро бо чунин кор дар хиҷолат гузоштааст.

 Бозсозии Кохи Пағмон аз як сол ба ин сӯ идома дошт ва он бештар аз 10 миллион долларро дар бар гирифт. Бозсозии ин Кох фақат ба хотири он буд, ки бузургтарин рӯйдоди сол дар Афғонистон - яъне тадбирҳои  марбут ба Наврӯзи байналмиллалӣ дар он ҷо баргузор гардад.

Вале ҳукумати Кобул барои чунин нақшаҳояш дар бораи барномаҳои якрӯзаи наврӯзӣ дар ин маҳали хушманзари табиат  шадидан мавриди интиқод қарор гирифт. Бар асоси барномаҳои аввалия 27 март фақат як рӯз ин ҷашн бояд дар ҳамин Кохи Пағмон баргузор мешуд. Вале рӯзҳои ахир ин нақша тағир ёфт ва ҷашнро ба Кобул ба Кохи раёсати ҷумҳурӣ кӯч доданд ва он ҳам дар шароите баргузор шуд, ки ин қаср ва барномаҳои наврӯзӣ таҳти тадобири шадиди амниятӣ қарор дорад.

Мақомоти расмии ҳукумати Кобул мегӯянд, сабаби ба Кобул кӯч додани барномаҳои наврӯзӣ ин будааст, ки корҳои таъмир ё бозсозии Кохи Пағмон ба поён нарасидааст. Аксарият дар Кобул ин корро натиҷаи камбудӣ дар корҳои раҳбарӣ арзёбӣ мекунанд. Вале ин нуқтаи назар низ вуҷуд дорад, ки гӯё ҳукумат натавонистааст, дар ин маҳал тадобири зарурии амниятиро таъмин кунад, бо вуҷуди ин ки мақомоти расмӣ дар Кобул иддао мекунанд, ки нигарониҳои амниятӣ сабаби кӯч додани Наврӯз ба Кобул нест.

Дар ҷашни байналмилалии Наврӯз тақрибан 700 нафар раҳбарони маҳаллии Афғонистон, раҳбарони боломақоми 11 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Ироқ, Покистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон ширкат доранд. Рӯзи 27 март бо ширкати ин меҳмонони хориҷӣ як нишасти амниятӣ ва тиҷоратӣ низ баргузор мешавад.

Дар барномаҳои наврӯзии 27 март дар Кобул ҳунармандони ҳамаи 11 кишвари ширкаткунанда рақсу таронаҳои миллии худро иҷро карданд. Ҳунармандони маҳаллӣ низ барномае иҷро карданд ва намоишгоҳи осори ҳунари дастӣ низ ташкил шуда буд. Ба меҳмонон ғизоҳои миллии 11 кишвар пешкаш шуд.

Тадобири амниятӣ дар Кобул ҳамзамон шадид аст ва ҳазорон нафар сарбозони артиш ва пулис омодаи баргардонидани ҳар гуна ҳамла мебошанд. Роҳҳои аслии Кобул баста шудааст ва ба аҳолии шаҳр машварат додааанд, ки рӯзи панҷшанбе дар хона бимонанд.

Бар асоси нақшаҳои аввалия Наврӯз бояд дар Кохи сетабақаи теппаи Пағмон ва боғҳои паҳновари он баргузор мешуд, боғҳое, ки ба ҳамин ҳадаф дар атрофи Кох бунёд карда буданд. Акнун интизор меравад, ки ин маҳалро дар ихтиёри раёсати ҷумҳурӣ бигзоранд ва гаҳ-гоҳе дар он ҷо аз меҳмонони хориҷӣ пазироӣ кунанд.

Гулоқо Аҳмадӣ - раиси Кумитаи ҳукуматии баргузории ҷашни Наврӯз, мегӯяд, ки сабаби ба Кобул овардани ҷашн ин будааст, ки корҳои сохтмонӣ дар Кохи Пағмон такмил нашудааст. Вале вай нигарониҳои амниятиро истисно медонад.

Аммо дар остонаи ин ҷашн ҳафтаи гузашта вазорати рушди омма ва умури хонасозии Афғонистон, ки масъулияти бозсозии Кохи Пағмонро бар уҳда дошт гуфт, ки бозсозӣ хотима ёфтааст ва “Кох метавонад меҳмононро бипазирад”. Барои ҳамин намояндагони порламон аз тасмими ҳукумат дар бораи овардани Наврӯз ба Кобул ба хашм омадаанд.

Саид Муҳаммад – сокини Кобул мегӯяд, Наврӯз баҳонае буд, ки Афғонистон фарҳанги ғании худро ба намоиш гузорад, вале ҳукумат бо ин тасмими худ афғонҳоро дар хиҷолат гузошт: “Бисёр ҷои шарм аст, давлат ин корро ҷӯр мекард, саҳӣ ва муназзам мебуд, амнияти он ҷоро мегирифт, ки мардум ба Пағмон меомаданд, тамошо мекарданд”.

Ғуломҳусайн Носирӣ - узви порлумон  низ аз тасмими лаҳзаҳои ахир дар бораи тағйири маҳалли баргузории ҷашн интиқод кард ва гуфт: “Пағмон як сол пеш чун маҳалли Наврӯз ба нақша гирифта шуда буд. Ҳукумат пеш аз ҳама бояд дар бораи мушкилоти амниятии ин маҳал фикр мекард. Онҳо саҳлангории худро нишон доданд.”

Абдул Азиз - яке дигар аз сокинони Кобул мегӯяд, ҳукумати Афғонистон  ҳамеша лоф мезанад, ки артишу пулис дорад, амниятро сад дарсад таъмин мекунад, вале ҳар рӯз дар ҳар ҷо ҳамлае анҷом мегирад ва ҳукумат коре бо ин карда наметавонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi