22:29:35 05-уми Июни 2025 сол

БАДАХШОН ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН

«Ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллии соли 2010 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мӯҳлати муқарраршуда ва дар фазои созандагию бунёдкори таҷлил хоҳад шуд.

 

Барои ба истифода қарор додани иншооти ҷашнӣ ва мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил додани Бадахшон тамоми неруи ақлонӣ, созанда ва бунёдкоронаи хешро сафарбар менамоем»,- иброз намуд Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим. Қодири Қосим иброз дошт, ки ҳоло мутобиқи нақша дар вилоят 131 адад иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла мактабу литсеӣ, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои фарҳангӣ, варзишгоҳҳо, биноҳои маъмурӣ, корхонаҳои саноатӣ, нерӯгоҳҳои хурди обӣ бунёд карда шудаанд, ки маблағи умумии сохтмони онҳо 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.

 

Тибқи нақша танҳо соли 2009 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 31 мактаби нави замонавӣ сохта, ба истифода дода мешавад, ки сохтмони 20 тоаш аллакаӣ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ба итмом расидааст.

 

Ғаӣр аз ин дар қаламрави вилояти мазкур бо маблағи зиёда аз 130 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ мешаванд, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба рушди минтақаҳои Кӯҳистони Бадахшон мусоидат намуда, боиси болоравии некӯаҳволии мардум мегардад. Танҳо соли равон дар вилоят 265 гектар заминҳои нав аз худ карда мешаванд ва минбаъд мутобиқи нақшаи мазкур ҳар сол на камтар аз 300 гектар заминҳои ташналаб шодоб мегарданд.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, оид ба баланд бардоштани суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи иншоот, тезондани навсозии роҳҳои мошингарди шаҳри Хорӯғ, таҷдиди варзишгоҳи марказии он, омода кардани лоиҳаи нерӯгоҳи обии Санобод, бунёди корхонаҳои коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, пашму пӯст, меваю сабзавот ва умуман иҷрои пурраи нақшаи чорабиниҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки иҷроиши онҳо вазифаи ҷонии мост.

                

Бояд гуфт, ки барои рушди соҳаҳои дар боло зикр гардида, аз ҷумла дар ҳамбастагӣ бо Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, «Тоҷикматлубот» ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Роштқалъа сехҳои коркарди сангҳои ороишӣ, сехи мурғпарварӣ дар шаҳри Хоруғ, ду сехи дӯзандагӣ ва мармари Даштак дар ноҳияи Ванҷ, сехҳои истеҳсоли обҳои нӯшокӣ дар Дарвоз ба фаъолият шурӯъ карданд.

 

Инчунин сехҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва сехи таъмири механикӣ барои таъмири трансформаторҳо, генераторҳо ва зерстансияҳои Ширкати энергетикии Помир фаъолияташонро васеъ намуданд. Бо маблағгузории соҳибкорони вилоят сохтмони сехи хишт дар ноҳияи Ванҷ, сехи мурғпарварӣ ва аз навсозии фабрикаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Шуғнон идома дорад.

 

«Ин корҳои амалӣ ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2008 ба маблағи 96,9 миллион сомонӣ ва дар нӯҳ моҳи соли 2009 ба маблағи 20 миллион сомонӣ ва ташкили 250 ҷоӣҳои нави корӣ аз ҳисоби сехҳои нави маҳсулотбарорӣ мусоидат менамоянд»,- таъкид намуд Қодири Қосим. 

 

Инчунин Раиси Вилоят иброз кард, ки бо мақсади ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ баҳри амалӣ намудани лоиҳаи барқарорсозии корхонаи оҳану бетонӣ, маркази хизматрасонии маишӣ дар шаҳри Хоруғ, бунёди сехи коркарди мева дар ноҳияи Ванҷ зиёда аз 26 лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия гардида, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои дохил намудан ба барномаи давлатии инвеститсионию кӯмаки техникӣ ва ҷиҳати дарёфти сармоягузорӣ пешниҳод карда шуданд.

 

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сохтмон-заминаи асосии пешравии иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар вилоят бо суръат рушд ёфта истодааст. Мо хеле миннатпазирем, ки новобаста аз вазъияти мураккаби молиявии мамлакат, мувофиқи дастури Сарвари давлат тамоми иншоотҳо муназзам маблағгузорӣ карда шуданд.

 

Дар зарфи 9 моҳ як қатор иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, бо маблағгузориҳои буҷети давлатӣ, соҳибкорон ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ба истифодабарӣ дода шуданд. Новобаста аз бӯҳрони молиявӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маблағгузории соҳаи сохтмон дар маҷмӯъ беш аз 59 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28 фоиз зиёд буда, аз ин 40 миллион сомонӣ маблағгузории давлатӣ, 17,3 миллион сомонӣ инвеститсияи хориҷӣ ва 1,8 миллион сомонӣ маблағгузории хусусӣ мебошад.

 

Дар ин давра дар шаҳри Хоруғ бинои замонавии бозори нав бо маблағгузории хусусӣ бо 328 ҷоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, инчунин як бинои муосири маркази савдо, 18 адад мактаб бо 102 синфхона ва 2704 ҷоӣ, 8 адад иншооти соҳаи тандурустӣ, 3 адад иншооти соҳаи фарҳанг ба истифодабарӣ дода шуданд, ки аксарияти онҳо бо маблағҳои буҷети сохта шуданд.

 

Соли равон барои кишоварзони вилоят соли бофаӣз омад. Кишоварзони вилоят ба мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат оиди эълон намудани солҳои 2008-2010 марҳилаи аз бӯҳрон баровардани соҳаи кишоварзӣ, беҳтар гардонидани таъминоти мардум, пеш аз ҳама бо орду- гандум ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ, самаранок истифода бурдани замин ва рӯёнидани ду ҳосил аз заминҳои обӣ, мувофиқи Барномаҳои миёнамӯҳлати рушди соҳавӣ корҳои натиҷабахш анҷом доданд.

 

Мувофиқи ҳисоботҳои пешакии мутахассисони соҳа, имсол зиёда аз 15 ҳазор тонна зироатҳои ғалладона, 47,3 ҳазор тонна картошка 16,9 ҳазор тонна сабзавот, 15,3 ҳазор тонна мева истеҳсол мегардад, ки нисбати соли гузашта аз 5 то 10 фоиз бештар мебошад. Дар 9 моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори ҳаӣвони шохдори калон 4 фоиз, бузу гӯсфанд 3,6 фоиз, насли гусола 2,9 фоиз, барраю бузғола 2,3 фоиз мутаносибан зиёд гардидааст

 

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти молиявии вилоят сол то сол васеъ шуда истодааст. Соли 2009 буҷети умумии вилоят нисбати соли 2008 ба маблағи 28,0 миллион сомонӣ, ё 52 фоиз зиёд гардид. Иҷрои буҷети вилоят дар 9 моҳи соли равон ба ҳолати 1 октябри соли 2009 аз рӯи даромадҳои худи ба андозаи 108,7010 таъмин гардид. Дар қиёси нақшаи 11 миллиону 224,1 ҳазор сомони, 12201,6 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст. 

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба дастгири ва рушди соҳаи соҳибкорӣ дар давраи ҳисоботӣ диққати ҷиддӣ доданд. Дар вилоят ассотсиатсияи соҳибкорон фаъолият дошта, дар соҳаи истеҳсолот, хизматрасонӣ ва савдо ҳиссаи соҳибкорон беш аз пеш зиёд мегардад. Умуман бо ибтикори соҳибкорон сохтмони бештар аз 15 иншооти иҷтимоӣ идома доранд.

 

Дар асоси дастурҳои Президенти мамлакат дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ташкили ҷоӣҳои нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва бо он ҷалб намудани шумораи ҳарчи бештари бекорон дар маркази диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят қарор дошта, дар миқёси вилоят аз ҳисоби ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, бунёди боғҳои нав, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, равнақи сохтмон ва рушди соҳибкорӣ дар соли 2008 ҳамагӣ 4271 ҷоӣ ва дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 6393 ҷоӣҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, ки аз ҷумлаи он 714 нафарашон машғули истеҳсоли маҳсулоти хонагӣ мебошанд.

 

Соли 2008 аз ҳисоби гранти Президентӣ 7 лоиҳа ба маблағи умумии 140 ҳазор сомонӣ амалӣ шуданд. Ба ҳолати 1 октябри соли 2009 аз тарафи бонувон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ 50 лоиҳа таҳия шуда, ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд ва панҷтои онҳо бо гранти Президентӣ дастгирӣ ёфтанд.

 

Инчунин 15 ададӣ мошинаҳои дарздузӣ ба ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ва Мурғоб аз тарафи Кумита дар ҳамкори бо дигар ташкилотҳо дастрас карда шудааст. Чунин дастгириҳо ба паӣдо намудани ҷоӣҳои нави корӣ мусоидат карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худиро афзун мегардонад.

 

Инчунин маблағгузории соҳаи маорифи вилоят сол аз сол меафзояд. Дар соли 2009 барои пешбурди соҳа 40,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин нисбати соли 2008 64 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра барои таҳкими заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ - тарбиявии вилоят диққати асосӣ дода шуда, аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳо бо таҷҳизот ва китобҳои дарсӣ таъмин гардиданд. 

 

Марҳилаи аввали компютеркунонии мактабҳо дар қаламрави вилоят натиҷабахш анҷом ёфта, тибқи квотаи Президентӣ аз вилоят дар маҷмӯъ 1199 нафар ба таҳсил фиристонида шуда, имсол боз 127 нафар довталаб ба донишгоҳҳо дохил гардиданд.

 

Барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳои вилоят аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2008 2,7 миллион сомонӣ, аз буҷети ҷумҳуриявӣ аз 29 сентябри соли 2008 3,9 миллион сомонӣ, инчунин аз буҷети соли 2009 1,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

 

Дар соли 2009 барои пешбурди соҳаи тандурустӣ 15,3 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нисбати соли 2008 53 фоиз зиёд мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, 30 адад нақлёти хизмати таъҷилӣ ҷyдo гардида, хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Хоруғ ва тамоми ноҳияҳои вилоят сифатан беҳтар гардид.

 

Барои сохтмони иншооти соҳаи тандурустии вилоят аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 23 сентябри соли 2008 маблағи 2 миллиону 153 ҳазор сомонӣ ҷyдo гардида, таъмиру азнавсозӣ дар иншоот идома доранд. Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ ва таъмири беморхонаҳои марказии вилоят, ноҳияҳои Дарвозу Baнҷ, Рушону Ишкошим ва Мурғоб идома дошта, беморхонаи минтақавӣ дар ноҳияи Роштқалъа, бунгоҳи тиббӣ ва беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон, беморхонаи минтақавии деҳоти Язгуломи ноҳияи Baнҷ аз таъмир бароварда шуда, ба наздикӣ сохтмони бинои шӯъбаи таваллудхонаи шифохонаи вилоятӣ шурӯъ мегардад.

 

Дар бобати омодагӣ ба зимистони дар пеш истода дар вилоят корҳои муайян ба иҷро расонда шудаанд. Муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ аз ангиштсанг ва ҳезум пурра таъмин гардида, дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят 44 нуқтаи фурӯши ангиштсанг ва 11 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият доранд, ки дар онҳо 1512 тонна ангиштсанг ва 20 тонна гази моеъ захира ва ба фурӯш бароварда шудааст.

 

Бояд таъкид намоям, ки нақшаи чорабиниҳои қарори мазкур аз 61 банд иборат буда, аз он 10 банд пурра иҷро гардида, доири дигар бандҳо корҳо идома доранд. Боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Бадахшон меҳмонони ҷашни Ваҳдатро бо дастовардҳои бузурги меҳнати, оғуши гарм истиқбол гирифта, ин ҷашни миллиро дар сатҳи баланд доир хоҳанд намуд.

 

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854