14:00:57 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Алим Шерзамонов: “Ман раҳбарии тазоҳургарони Хоруғро ба ӯҳда дорам”

Раиси ҳизби Сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон мегӯяд, баъд аз кушта шудани ҷияни худ дар ҳодисаҳои ахири Хоруғ, раҳбарии тазоҳуроти эътирозиро ба ӯҳда гирифт.

sherzamonov 54689545Алим Шерзамонов, раиси ҳизби Сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон рӯзи ҷумъа, 23 май дар сӯҳбати телефонӣ бо мо аз шаҳри Хоруғ гуфт, ки раҳбарии намоиши эътирозиро ба ӯҳда гирифтааст. Ба иддаои ӯ, феълан дар майдони марказии Хоруғ “аз ду то се ҳазор нафар аз ҳисоби сокинони Хоруғ ва манотиқи атроф, ҳамчунин фаъолони ҷамъиятӣ” қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, ин тазоҳурот, ки аз рӯзи 22 май ба ин сӯҷараён дорад, “пешакӣ ташкилшуда ё банақшагирифташуда” нест.

"Ҳадафи асосии гирдиҳамомадагон ин аст, ки аз силоҳ истифода нашавад. Сохторҳои қудратӣ ҳамаи парвандаҳоро ба таври яктарафа таҳқиқ мекунанд. Ахиран онҳо дар маркази шаҳр тирпарронӣ намуданд. Мо талаб дорем, ки гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мо мехоҳем, ҳамаи масъалаҳо ба таври осоишта ҳал шаванд. Ин ягона воситаест, ки тарафи муқобилро маҷбур кунем, дар чаҳорчӯби қонун амал кунанд," - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ.

Ҷаноби Шерзамонов ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро дар тирандозии маркази шаҳри рӯзи 21 май гунаҳКор кард. Он рӯз дар маркази шаҳри Хоруғ амалиёти боздошти гурӯҳи эҳтимолии қочоқбарони маводи мухаддир баргузор шуд, ки ба бенизомиҳову эътирозҳо печид. Дар натиҷа, се нафар кушта ва шаш нафар маҷрӯҳ шуданд, тазоҳургарон биноҳои додгоҳ, додситонии кулл ва идораи полисро оташ заданд.

Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, дар ин ҳодиса ҷияни мактабхонаш кушта шуд. Ба гуфтаи вай, Иброҳим Паллаеви 18-сола вақте аз хиёбони марказӣ гузашта шоҳиди сӯхтор шуд, оқибат қурбони тири дайду гардид. Ба иддаои ӯ, Иброҳим аз тири тарканда, ки “силоҳи мамнӯъ” шумурда мешавад, кушта шудааст.

Дар мавзӯи музокироти дирӯзаи Шералӣ Хайруллоев, ёвари президент дар масоили амниятӣ ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила бо намояндагони тазоҳургарон вай чунин гуфт:

"Бо пешниҳоди раисони вилоят ва шаҳр ду нафар аз тазоҳургарон назди онҳо ба қароргоҳи баталйони Вазорати мудофеаи Тоҷикистон дар канори шаҳри Хоруғ рафтанд. Мо хостем, ки маҷлисҳои таъҷилии ғайринавбатии шаҳрӣ ва вилоятӣ баргузор гарданд, вале мутаассифона, ин талабҳои мо қабул нашуд."

Алим Шерзамон мегӯяд, ки ба унвони “як сокини Хоруғ ва шаҳрванди Тоҷикистон” баромад карда, мехоҳад, ки ҳукуматро водор созад, аз рӯи қонун амал кунанд.

Радиои Озодӣ аз ӯ инчунин пурсид: ба саволҳо оид ба ин ки то куҷо дар пушти эътирозгарон тараф ё кишварҳои беруна қарор доранд, ки манфиатдори ба ҳам задани суботи Тоҷикистонанд, чӣ посух медиҳад? - Шерзамонов чунин гуфт:

Ман ба ин бовар нестам, ки кадом кишваре хостори ташаннуҷи авзоъ дар Тоҷикистон бошад. Ин ноӯҳдабароии ҳукуматҳои маҳаллӣ ва марказӣ аст. Ноӯҳдабароии худро бори давлатҳои дигар ё гурӯҳҳои сияҳкор мекунанд. Соли 1992-юм қувваи сеюм мегуфтанд. Шояд ман ҳам ҳоло гӯё аз намояндагони ҳамин “қувваи сеюм” бошам. Инҳо шояд ишора ба Русия, Ӯзбакистон дошта бошанд. Ва охири мулоқоти намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ҳам бо баъзе намояндаҳои  ҷомеа ҳам нишон дод, ки онҳо кадом давлатро, ки бошад, гунаҳгор кардан мегиранд, - гуфт Алим Шерзамонов.

Алим Шерзамонов баъди ҳодисаҳои тобистони соли 2012 муддате дар Русия буд ва, ба гуфтааш, моҳи сентябри соли 2013 ба Тоҷикистон баргашт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi