17:26:18 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Э.Раҳмон: "Нерӯҳои мусаллаҳ дар таги хайма таъсис ёфта буд"

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар таги хайма таъсис ёфта ва имрӯз ба нерӯи қавӣ табдил ёфтаанд.

emomali-rahmon 698544545Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 27 май зимни суханронӣ ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси неруҳои сарҳадӣ дар Кохи Ваҳдат -и шаҳри Душанбе гуфт, ки "таъсиси нерӯҳои мусаллаҳ, ба хусус марзбонӣ дар он замон осон набуд. Чун ҳеҷ меросе аз замони шӯравӣ барои Тоҷикистон намонда буд. Ман дар таги хайма нируҳои мусаллаҳро таъсис додам ва ҳатто вазирро аз хориҷи кишвар оварда таъин кардам."

Оқои Раҳмон дар идома гуфт, "вақте ман сари қудрат омадам, вазорати дифоъ надоштем, ягон генерал надоштем, як сарбоз надоштем, ҳатто як милтиқи чубин надоштем. Хуб дар ёд дорам, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вақте мо ҷавононро ба хизмат даъват мекардем, вақте афсарону сарбозон бе хӯроки хуб ба ватан хизмат мекардан, ман боварӣ доштам, ки ояндаи хуб дорем"

Ба таъкиди ҷаноби Раҳмон, ҳамакнун нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар айни камолот буда ва рӯз аз рӯз тавоно мешавад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки "ҳамакнун дар ин ду даҳсола нерӯҳои марзбонӣ ба 20 ҳазор расидааст ва шароиту имконот барои фаъолияти нируҳои мусаллаҳ фароҳам мешавад."

Ҳатто ба гуфтаи раиси ҷумҳур, ҷиҳати омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ҳазорҳо ҷавононро барои таҳсил ба донишкадаву донишгоҳҳои хориҷӣ фиристодаанд. Ҳамчунин дар донишкадаи марзбонии Тоҷикистон ҳоло 600 тан ба таҳсил фаро гирфта шудааст.

Аммо ба таъкиди ҷаноби Раҳмон, "дар шароити ҷаҳони имрӯз, ки таҳаввулоти мураккабу печидаро ба ҳамроҳ дорад, аз ҳар як сарбозу афсари нируҳои мусаллаҳ, ба хусус марзбонӣ ҳушёриву зиракиро талаб мекунад."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаи таъмини суботи марзу бум ба ҳамкории нерӯҳои марзбон бо ниҳодҳои зирабти кишварҳои ҳаммарз таъкид кард ва гуфт, бояд ҳамкориҳо ба хотири таъмини суботу амният дар кишвар ва минтақа густариш пайқо кунанд.

Ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ду даҳсолаи ахир бо кӯмаки кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ даҳҳо посгоҳо ва дидбонгоҳои марзӣ таъмиру бозсозӣ шуда, ки ҷиҳати омодагии ҳар чӣ бештари нируҳои марзбон дар мубориза алайҳи қонуншиканиҳо, ба хусус убуру мурури ғайриқонунии гурӯҳҳои мусаллаҳ, қочоқбарои маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб кӯмак мекунад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба хатарҳои ҷаҳонӣ, ба хусус густариши тероризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфта, таъмини суботу амнияти марзҳои кишварро вазифаи муқаддаси нерӯҳои амнияти миллӣ ва марзбонон унвон кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар поёни маҷлиси ботантана ба муносибати 20 - умин солгарди таъсиси нируҳои марзбонӣ, ба чанде аз афсарону сарбозон мукофотҳои давлатӣ таёдим намуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi