21:47:27 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боздошти Шӯҳрат ба Шӯҳрат чӣ меорад: Шӯҳрат ё зиндон?

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошти Шӯҳрат Қудратовро фишор ва дахолат ба кори вакилони мудофеъ номиданд, вале мақомот мегӯянд, ба гунаҳкории ӯ шак надоранд.

1-shuhrat-qudratov 21478784Шӯҳрат Қудратов, ки ҳамчун вакили дифоъ аз қонун ва ҳуқуқҳимоят мекард, акнун бо гумони ришва дар боздошт ба сар мебарад. Онҳое, ки ӯро ба тундравӣ ё “лофи далерӣ” айбдор мекарданд, мегӯянд, чунин рӯзро чашмдор буданд. Вале онҳое, ки дар симои вай як вакили шуҷоъ ва фаъоли сиёсии оштинопазирро медиданд, бори дигар ба табиати низоми мавҷуда дар Тоҷикистон ишора мекунанд.

Шахсияти Шӯҳрат Қудратов то андозае ҳарду тарафи ин ақидаҳоро ғизо медиҳад. Вай ҳамеша талош кардааст, мӯҳтавои парвандаи афроди зери ҳимояташ ва ҷараёни қазовати он ҳадди аксар расонаӣ шавад ва гоҳе ин кӯшиш саршор аз эҳсосот будааст. Ҳампешаи ӯ Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, “вақте медид, ки қонун дидаву дониста зери по мешуд, ҳатман ба ғазаб меояд”.

Аз сӯи дигар ҳамчун фаъоли ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон Шӯҳрат Қудратов мухолифи ошкорои ҳукумат аст ва ин низ ба кори вакилияш таъсир дорад. Аммо чизҳое низ ҳаст, ки зоҳиран, аз гузаштаи ӯ меоянд.

Вай соли 1977 дар Душанбе, дар хонаводаи хидматчии давлатӣ ба дунё омада, дар фазои ин шаҳр ба воя расид ва ба гуфтаи ҳамсолонаш, навраси якрав ва то андозае “бесар” будааст. Баъд аз хатми Академияи вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Омски Русия ба Душанбе баргашт ва корманди Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шуд. Аммо пас аз ду сол лейтенант Қудратов ин корро тарк кард ва дар Русия муҳоҷири корӣ шуд. Баъд аз ин бу Душанбе баргашт ва ҷӯёи кор дар Консортсиуми ҳуқуқшиносони Раҳматилло Зоиров шуд.

Марат Мамадшоев, муҳаррири бахши русии Оҷонси хабарии “Озодагон”, ки таҷрибаи чандинсолаи кор бо Шӯҳратро дорад, мегӯяд, агар Шӯҳрат шахси зотан дигаре мебуд, дар вақташ кори худро дар ниҳодҳои умури дохилӣ раҳо намекард ва вакил намешуд. Ба ақидаи Марат, Шӯҳрат натавонист ба низоме, ки дар ин соҳа ҳукмрон буд, хӯ гирад: ”Системае, ки дар асл на ҳомии қонун аст, балки манфиати элитаи ҳокимро дифоъ мекунад. Ин гуна низоми милиса аз он ормонҳое, ки вай дар мавриди ин ниҳод дошт, комилан дур буд. Бинобар ин вай довталабона аз кор дар ин ниҳод даст кашид.”

То замоне ки вакили додгустарӣ шавад, Шӯҳрат дар риштаҳои дигаре низ худро озмуд. Футбол, ки як шуғли дӯстдоштааш буд то  ба довари бозиҳои футбол расонд ва ӯҳатто узви Кумитаи доварони футболи Тоҷикистон буд.

2-shuhrat-qudratov_21478784.jpgДар иттиҳодияи вакилони ҳуқуқие, ки Зоиров таъсис дода буд, Шӯҳрат ба зудӣ “хушкор” ва “шогирди тезомӯз” буданашро нишон дод ва кори вакилӣ гузашт. Дар оғози кораш вай чандин парвандаи иқтисодии соҳибкоронро дар додгоҳ ба пирӯзӣ расонд. Пайванд гаштани номи ӯ бо парвандаҳои пурсарусадоро Раҳматуллоҳ Зоиров ба он рабт медиҳад, ки аз бими “сиёсӣ” нашудани онҳо, вай ин қазияҳоро бар дӯши Қудратов мегузошт.

Симои Шӯҳрат Қудратов ҳамчун вакили дифоъ ӯ махсусан дар муҳокимаҳои Зайд Саидов – вазири пешини саноат ва соҳибкори шинохта, Ёқуб Салимов - вазири собиқи корҳои дохилӣ ва аз мухолифони давлат, Ҷӯрабек Охунов - молики ширкати бинокории “Мовароуннаҳр”, Диловаршо Қосимов, нафари муттаҳам дар қатли язнаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Димон Ашӯров – айбдоршудаи ширкат дар ҷангҳои соли 2012-и Хоруғ ва даъвои байни бозори “Зарнисор” ва шаҳрдории Душанбе дурахшид. Ҳарчанд дар ҳамаи ин парвандаҳо ҳамчун вакил вай шикаст хӯрд, то хурдтарин ҷузъиёти онҳоро ба гӯши ҷомеа расонд ва батакрор эълом дошт, ки ҳамаи ин ҳукмҳо “ноодилона ва ғайриқонунӣ”-янд.

Дар қазияи Зайд Саидов вай раиси Оҷонсии зидди фасод Абдуфаттоҳи Ғоибро ҳадафи ҳамлаҳои расонаии худ қарор дод ва дар Фейсбук эълон кард, омода аст аз  ҳуқуқҳои Шаҳрзода Абдуллоева -- келини Абдуфаттоҳи Ғоиб дар додгоҳҳимоят кунад, ки гуфта мешуд пас аз ҷудоияш бо Шоҳрух Саидов аз хона бо як тифли хурдсол ронда шудааст. Дертар боз Ғоиб ва зердастони ӯро масъули “фирор”-и соҳибкор Низомхон Ҷӯраев донист. Дар ҳамин шабака яке паси дигар раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро танқид мекард ва аз ҷумла дар рӯзи Паёми солонаи ӯ навишт, ки беҳтар аст, ҷаласаҳои ҳукуматиро акнун дар хонааш гузаронад, чун ҳамаи аъзои ҳукумат хешу наздиконашанд.

3-shuhrat-qudratov 21478784Саймиддин Дӯстов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Индем” ва ношири ҳафтаномаи “Нигоҳ” мегӯяд, Шӯҳрат фаротар аз як вакили мудофеъ амал мекарду руҳи инқилобиро талқин мекард ва мехост дар кишвар ислоҳот сурат гирад: “Лекин ман наметавонам гуфт, ки Шӯҳрат Қудратов як нафари донишманд ва дурандеш аст. Вале гуфта метавонам, ки Шӯҳрат ҷасорат дорад ва ин ба ӯ имкон дод, ки ҳамчун вакили мудофеъ ном барорад. Чунки вай ба ҳимоят аз касоне мепардохт, ки вакилони дифои қаторӣ ба он ҷуръат намекарданд. Вале дар охир ӯқурбонии бозии бузург, ки ҳадаф аз он шикастани Зайд Саидов ба ҳайси соҳибкор ва сиёсатмадор аст, шуд.”

Бо вуҷуди нокомиҳои зиёд ва бо зикри пирӯзиҳои каме дар парвандаҳои хурд, ҳампешагони Шӯҳрат Қудратов мегӯянд, бо талошҳои ӯ ва чанд тани дигар, ба ҳар ҳол вазъи додгустарӣ дар Тоҷикистон каму беш тағйир кард ва “чанд ваҷаб пеш рафт”.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, чанд сол пеш назари ягон додрас ё додситон вакилро намегирифт ва ин ширкаткунандаи раванди додгоҳӣ бештар “ба ном” буд. Ҳоло чунин нест ва додрасҳо аз шунидани номи вакилоне чун Шӯҳрат ба андеша меафтанд, талош мекунанд, мурофиаро беҳтар ба роҳ монанд. Ҳатто дар парвандаи Зайд Саидов низ ба вакилон даст дод, то бархе аз иттиҳомотро бекор кунанд. Ҳангоми кор сари ин парванда буд, ки шикоят кард, кормандони Оҷонсии зидди фасод ӯрор дар ҳузури Саидов латукӯб кардаанд. Дертар барояш паёмакҳои таҳдидомез омадааст ва касе акси духтарчаҳои ӯро бардоштаву барояш навиштааст, “ғами худро намехӯрад, ғами фарзандонашро хӯрад.” Ба навиштаи худаш, корманди милиса нимишабӣ ба манзилаш омадааст, ки гӯё бино ба “режими шиносномавӣ” аҳли хонадонашро номнавис кунад.

Зоҳиран ин ҳама ба Шӯҳрат таъсири кам доштааст. Дар бораи сабки кори Қудратов хабарнигори Би-би-сӣ Мардони Муҳаммад мегӯяд: “Вай мегуфт, ки барояш аслан аҳамият надорад зерҳимояаш кист. Вай дифоъ аз зерҳимояашро як вазифаи ҷонии худаш ҳамчун вакили мудофеъ медонист. Бо вуҷуди он ки, зери фишори зиёд қарор дошт ва медонист, ки ӯро чӣ хатарҳо интизор аст. Аммо чун дар даст ҳамеша санаду далел дошт, ҳамеша садо баланд мекард. Ҷасорати вай воқеан намунаи ибрат ба вакилони мудофеи дигар аст.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi