18:07:24 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Паёми телевизионӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи бисту ҳаштуми июл моҳи шарифи Рамазон, яъне моҳи тоату ибодат ва мағфирату бахшиш анҷом меёбад ва барои тамоми мусулмонони олам иди саиду мубораки Фитр фаро мерасад.

2014-28-07-tabrikot

Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо яке аз суннатҳои бисёр муқаддаси динӣ ба шумор мераванд, зеро онҳо таҷассуми беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, раҳму шафқат, некиву накӯкорӣ ва дигар аъмоли хайру созанда мебошанд.

Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба аёдати беморону мусибатдорон мераванд, ятимону муҳтоҷонро дастгирӣ мекунанд, ба арвоҳи гузаштагон дуои хайр мефиристанд ва аз даргоҳи Худои мутаол ба хешу наздикон саломативу хушрӯзӣ, бахту саодат ва барои Ватани маҳбуби худ суботу оромиро талаб менамоянд.

Муҳимтарин фазилати ин рӯзи саид аз он иборат аст, ки мардум онро баъди иҷрои яке аз фаризаҳои ислом - доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол мегиранд.

Зеро Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи шодиву сурур, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ муқаррар кардааст.

Дар ин лаҳзаҳо, ки мо дар арафаи ин иди мубораки суннатии мардумамон, яъне иди саиди Фитр қарор дорем, ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар оромиву осоиш, хушҳоливу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Моҳи Рамазон таҷассумгари ваҳдати аҳли ҷомеа буда, дар давоми асрҳо ба густариши дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият, раҳму шафқат ва ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар миёни одамон мусоидат кардааст.

Ин моҳ ва иди саиди Фитр мардумро, пеш аз ҳама, барои анҷом додани корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқ, худшиносиву худошиносӣ ва кумаку дастгирии ҳамдигар ҳидоят месозад.

Дар мавриди фазилатҳои ин иди муборак Расули акрам мефармоянд: «Ва чун шаби иди Фитр, ки шаби ҷавоиз ном дорад, фаро расад, Аллоҳи таоло подоши амалкунандагонро бидуни ҳисобу шумурдан бибахшад. Ва чун субҳи рӯзи ид фаро расад, Худованд фариштагонро ба ҳамаи шаҳрҳо бифиристад».

Дар ин рӯзи саид нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан, аз Парвардигор оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро талаб кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо мебошад.

Дигар фазилати муҳимме, ки бузургони таҳаммулгаро ва сулҳдӯсти мо адои онро дар рӯзи иди Фитр фармудаанд, авфи гуноҳҳо ва бахшиши ҳамдигар буда, тибқи фармудаи онҳо аслан ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки беш аз се рӯз дар дил кинаро нигоҳ дорад.

Яке аз амалҳои хайре, ки дар давраи моҳи шарифи Рамазон ба ҷо оварда мешавад, тоату ибодат ва адои дигар амалҳои мансуб ба тавбаву авфи гуноҳ мебошад, ки онҳо тибқи муқаррароти дини мубини ислом бояд самимонаву сидқан иҷро карда шаванд.

Муаллими бузурги ахлоқи ҳамида - Шайх Саъдӣ дар ашъори ахлоқиву тарбиявии худ доир ба сидқан иҷро намудани тоату ибодат аз ҷониби мусулмонон гуфтааст:

Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,

Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.

Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони мо ҳифз менамояд ва риояи онҳоро кафолат медиҳад.

Дар ҷомеаи озоду демократие, ки бунёд карда истодаем, мо имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи таъриху фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои дини мубини исломро доир ба дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон густариш дода, анъанаву маросимҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллии ватани азизамон рангу таровати тоза бахшем.

Зеро ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад.

Мо як маротиба даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем ва ҳаргиз фаромӯш намекунем, ки амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ ба мо бар ивази чӣқадар хисороти ҷониву молӣ муяссар шудааст.

Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва ҳам дар рӯзҳои дигар суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома бахшида, барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик дуои хайр мекунанд.

Тибқи фарзиёти ислом пардохти фитри рӯза дар моҳи мубораки Рамазон воҷиб шумурда шуда, ин амал бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад. Олимони фиқҳи исломӣ додани фитри рӯзаро пеш аз адои намози ид кори савоб донистаанд.

Зеро амалӣ намудани фазилатҳои ҳамидаву писандидаи моҳи шарифи Рамазон, аз қабили эҳсону сахо, дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон кори ниҳоят хайр ва амали басо нек мебошад.

Бинобар ин, эҳсону накӯкорӣҳамчун яке аз фазилатҳои ахлоқӣ бояд ба як хислати фитрӣ ва амали доимии инсонҳо табдил гардад.

Дар ояти 60 сураи «Тавба»-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст.

Дар ин сарчашмаи муътабар илова ба садақаи фитр инчунин садақаи фарз ва садақаи ҷавонмардӣ борҳо зикр ва таъкид шудааст.

Ҳамчунин дар андарзномаҳои уламо ва аҳли адаби мо дар боби ба кӣ роиҷ будани қабули садақа ва фитри рӯза омадааст, ки инсони солим, яъне дорои тани бутун ва қуввати кор ҳаққи гирифтани садақаро надорад.

Фазилат ва ҳикмати дигари иди саиди Фитр, ки ҳамчунин муҳимму арзишманд мебошад, расидан ба қадри неъмат ва шукргузорӣ аз он аст.

Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус дар ин рӯзи мубораку хуҷаста сабақҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро ҳамеша дар ёд дошта, барои сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву оромии Ватани азизамон ва осудагии ҳар хонаводаи халқи Тоҷикистон кӯшиш менамояд.

Ҳамчунин як масъалаи муҳимро бори дигар хотирнишон месозам, ки мо бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем.

Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!

http://president.tj/



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi