18:42:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Кабирӣ: Сабр бароямон натиҷаи мусбат дод

"Тарафдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо вуҷуди идомаи фишорҳо дар ҳоли афзоиш аст."

tajik politician 458787Дар ин бора Маҳмудҷон Файзраҳмон, сухангӯи ин ҳизб ба дунболи ҷаласаи моҳонаи Шӯрои сиёсии ҳизб дар шаҳри Душанбе, ба мо хабар дод. Ба гуфтаи сухангӯи ин ҳизб намояндагони ҲНИТ дар манотиқи мухталифи кишвар дар ҷаласаи мазкур ширкат дошта ва дар бораи фаъъолияти ҳизб гузориш доданд.

Бино ба иттилоъи Маҳмудҷони Файзраҳмон "Тибки гузориши шуъбаи омор ва назорати ҳизб, бо вуҷуди идомаи фишорҳо, нишондодҳо дар мохи август нисбат ба моҳи июн ду баробар афзудааст. Таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҳизб аз тарафи қишрҳои гуногун, ба хусус, ҷавонон бештар гаштааст."

Оқои Файзраҳмон мегӯяд, ки арзёбии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизб аз ин гузоришҳо мусбат будааст.

Оқои Кабирӣ дар ин маврид аз ҷумла гуфтааст: "Сиёсати пешгирифтаи мо, яъне, пеша кардани сабр ва таҳаммул дар баробари монеъаҳо ва фитнаҳо натиҷаҳои худро дода истодаанд ва дар оянда натиҷаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Амалҳои носанҷида, ғайриқонунӣ ва фитнаангези баъзе доираҳо таваҷҷуҳи мардумро (ба ҳизб) бештар гардонд ва саволҳоро ба вуҷуд овард, ки чаро алайҳи як ҳизби қонунии кишвар чунин иқдомҳо якбора огоз гаштанд. Оё дар як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд чунин кор имкон дорад?"

Оқои Кабирӣ афзудааст: "Таҳлили вазъ ва талош барои пайдо кардани ҷавоб ба ин савол мардумро ба хулоса меорад, ки инҷо ҳатман мушкилие вуҷуд дорад. Вале, дар кист ин мушкил? Модоме, ки Наҳзат сиёсатҳояшро тибқи қонун ва бо назардоршти манфиъатҳои милливу давлатӣ ва дур аз фитнаву эҳсосот пеш мебарад, пас мушкил дар касонест, ки ин ҳама мушкилотро ба вуҷуд меоваранд. Ин ҳама боиси шинохти беҳтар ва таваҷҷухи хубтари мардум гаштааст, ки дар нишондодҳои ахир инъикос ёфтаанд."

Дар ҷаласаи рӯзи душанбеи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин мавзӯъи омодагӣ ба интихоботи парлумонии феврали соли 2015 ва роҳҳои тақвияти кори хизбӣ баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилоъи Маҳмудҷони Файзраҳмон дар ин замина сӯҳбат аз мавориди маҳдудиятҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ ба ҳангоми баргузории ҷаласаҳои ҳизб дар минтақаҳо буд.

Масъулони ҲНИТ тасмим гирифтаанд, ки дар замина ба Вазорати адляи Тоҷикистон расман номае эътирозӣ бифиристанд.

Ба иддаъои масъулони ҳизб мақомоти маҳалӣ ба дархости расмии намояндагии ҳизб дар минтақаҳо, дар бораи иҷроаи толор барои ҷаласа ҷавоби мусбат надода ва ҳамзамон аз баргузории ин ҷаласот дар манозили шахсӣҷилавгирӣ мекунанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолифи давлати ин кишвар буда ва дар солҳои ахир танишҳои зиёди лафзз ва додгоҳӣ бо ниҳодҳои мухталифи давлатӣ дошт.

Ин ҳизб иддаъо дорад, ки муассисоти давлатии шаҳру манотиқи кишвар ва родию телевизиюни Тоҷикистон пайваста ва ҳадафмандона алайҳи ин ҳизб дар миёни мардум бо истифода аз имконоти давлатӣ таблиғоти тӯҳматомез анҷом медиҳанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi