ШИРКАТИ ҲИЗБИ СОТСИАЛ - ДЕМOКРAТ ДАР ИНТИХОБОТ
Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Хоруғ изҳор дошт, ки бо вуҷуди норизоятиҳо аз бархе меъёрхои таъиншудаи интихобот, ба вижа «гаравпулӣ» ин ҳизб номзадҳояшонро дар ҳар ду ҳавзаи интихоботии Бадахшон вориди рақобат хоҳад кард. Оқои Зойиров манотиқи шарқу шимол ва маркази Тоҷикистонро аз ҳавзаҳои умдаи муборизоти сиёсии ҳизби сотсиал-демократ арзёбӣ кард.
Ӯ афзуд, шурои сиёсии ҳизби сотсиал-демократ ахиран дар як баёния ба раиси ҷумхур, Маҷлиси Олӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйдихӣ, аҳзоби сиёсӣ ва раъйдиҳандагони кишвар пешниҳодотеро дар мавриди интихобот ироъа кардааст.
Аз ҷумла, ин ҳизб хостор шуда, ки бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти ҷуғрофиёӣ, ҳамлунақлӣ, бебарқӣ ва амсоли инҳо дар Тоҷикистон замони баргузории интихоботи порлумонии соли 2010 аз фасли зимистон ба баҳор ва дар оянда ба охири сол интиқол ёбад. Оқои Зойиров гуфт, ӯ дар ҷараёни сафараш ба Бадахшон бо эҳсоси сардии шадиди ҳаво дар ин минтақа ба дурустии ин пешниҳод мутмаинтар шудааст.
Ӯ ҳамчунин пас аз се моҳи кор ба мураххасӣ рафтани аъзои порлумонро риъоят нашудани қавонини меҳнати Тоҷикистон аз сӯйи ин ниҳоди қонунгузор арзёбӣ кард. Ба эътиқоди ӯ тағйири замони интихоботи порлумон дар Тоҷикистон ин мушкилро низ аз байн хоҳад бурд.
Гуфта мешавад, масъулони ҳизби куммунист дар Тоҷикистон ин пешниходи ҳизби сотсиал-демократро «амре мантиқӣ», аммо бо таваҷҷуҳ ба «тамдид шудани ваколати аъзои порлумон хилофи бандҳои қонуни асосӣ» унвон кардаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, бархе аз намояндагони ҳизби халқӣ-демократ дар Бадахшон бо таваҷҷуҳ ба беҳбуди зиндагии иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум дар фасли сармо зимистонро мувофиқтарин фасл барои баргузории интихоби аъзои порлумон шумурда ва гуфтаанд, ки ҳеҷ зарурате ба тағйири замони баргузории интихобот вуҷуд надорад.
Шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва афроди ғайриҳизбӣ ба комиссияи марказии интихобот, баргузории ҷудогонаи интихоботи порлумон аз интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, ба таълиқ андохтани узвият ё раёсати ҳизб аз сӯйи афроди соҳибмақом ва истифода накардан аз нуфузашон ба нафъи ҳизб дар замони интихобот, иҷозаи ширкат ба нозирони аҳзоби сиёсӣ дар марокизи раъйдиҳӣ (участкахо), коҳиши маблағи гарав ба миқдори 20 ҳадди ақалли музди кор ва ба номзадхо бозпас гардонидани он дар сурати ба даст овардани 5 дарсади раъйи интихобкунандагон аз ҷумлаи дигар пешниҳоте будаанд, ки шурои сиёсии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ироъа кардааст.
Ба эътиқоди раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ниҳодхои масъул барои баррасии ин пешниҳодот вақти кофӣ дар ихтиёр доранд ва пазириши онхо барои баргузории интихоботи шаффоф, озод ва демократӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Рахматилло Зойиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ӯ ба унвони райиси Консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон ва бо хадафи баргузории як семинори марбут ба масоили ҳуқуқӣ ба Бадахшон сафар кардааст. Гуфта мешавад, ин семинор тибқи як тарҳи Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон бо ҳадафи тақвияти институти омбудсмен дар 7-минтақаи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Фаррухи Сайидҳасаншоҳ,
хабарнигори маҳаллӣ аз Бадахшон, Би-Би-Си