05:52:49 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ АЪЗОИ ДИГАРИ ҲИЗБУТТАҲРИР ДАР СУҒД

 

 

Дар пайи амалиёти кормандони интизомӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, як узви гурӯҳи мамнӯъи Ҳизбуттаҳрир боздошт шудааст. Он гуна, ки Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 8 июн ба Би-би-сӣ гуфт, Миркамол Комилови 30 сола, сокини маҳаллаи 12 -уми шаҳри Хуҷанд, шаби гузашта дар маҳалли зисташ, аз сӯи кормандони бахши мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи ин вилоят, боздошт шудааст. 

Ба гуфтаи оқои Асадуллоев, аз хонаи оқои Комилов, се нусха китоби "Низоми ислом", ки ақоиди Ҳизбуттаҳрирро таблиғ мекунад, ва теъдоде аз шабномаҳои ин ҳизб кашф ва мусодира карда шудааст.

Сухангӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон гуфт, "таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас кардааст, ки ин фард дар тавзеъи шабномаҳо ва адабиёти мазҳабии Ҳизбуттаҳрир дар миёни бархе аз сокинони шаҳри Хуҷанд, даъват барои узвият дар ин ҳизб ва бунёди давлати исломии Хилофат аз тариқи ҷиҳод нақши умда доштааст."

Ҳамакнун алайҳи Миркамол Комилов тибқи бандҳои 187 ва 307 қонуни ҷазо ё кайфарии Тоҷикистон, барои "ширкат дар таъсиси созмони ҷиноӣ" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти қонунии Тоҷикистон" парванди ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он аз сӯи гурӯҳи бозрасон ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас кардааст, ки оқои Комилов, қаблан бо чунин иттиҳомоте, муҷрим шинохта шуда ва равонаи зиндон шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, оқои Комилов, пас аз раҳоӣ аз зиндон бо даъвати Илҳомҷон Мирхолов, раҳбари гурӯҳи муташаккили Ҳизбуттаҳрир дар Хуҷанд, аз моҳи январи соли ҷорӣ дубора ба ин ҳизб пайваста ва ба аъмоли ғайриқонунии худ идома додааст.

Зимнан, Миркамол Комилов, 17-умин узви гурӯҳи муташаккили Ҳизбуттаҳрир дар вилояти Суғд аст, ки аз сӯи маъмурони интизомӣ ва амниятӣ боздошт мешавад. 

Амалиёт барои ошкор ва дастгир кардани аъзои гурӯҳи муташаккили марбут ба Ҳизбуттаҳрир, дар вилояти Суғд дар авохири моҳи гузашта оғоз шуда буд ва дар ин муддат теъдоде аз аъзои ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Чкаловск ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ин вилоят боздошт шуданд.

Ҳарчанд масъулони Вазорати кишвари Тоҷикистон дар мавриди теъдоди дақиқи аъзои ин гурӯҳ изҳори назаре намекунанд, аммо ба гуфтаи онҳо амалиёт барои ошкор кардан ва боздошти аъзои дигари ин гурӯҳ дар қаламрави ин вилоят ҷараён доштааст.

Ба гуфтаи ин масъулон амалиёти боздошт, бар асоси "нишондод" -и афроди дастгиршудаи узви ин гурӯҳи ба гуфтаи вазорати кишвар ҷиноӣ сурат мегирад.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi