13:10:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Рӯйхатҳои ҳизбии интихоботи порлумонӣ чӣ асрори ниҳон доранд?

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ин ҳафта анҷуманҳои пешазинтихоботии худро баргузор ва феҳрасти номзадҳои худро эълон мекунанд.

kmir-majlis-695485755Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз 13 то 16 декабр анҷуман баргузор намуда, рӯйхатти номзадҳои худ ба парлумонро аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ мушаххас мекунанд. Бино ба иттилои пешакӣ, ки дар ихтиёри “Озодӣ” қарор гирифт, ин навбат низ онҳо аз ҳамон шеваи “бобоӣ” – и худ кор мегиранд. Аҳзоб он номзадҳоеро пешниҳод мекунанд, ки дар гузашта низ рӯйхати ҳизбиашонро “зеб” медоданд, онҳоеро, ки зоҳиран барои ҳизб раъйи заруриро наоварда буданд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, рӯйхатти номзадҳояшро рӯзи 16 декабр анҷумани ҳизб маълум мекунад, аммо бино ба иттилои пешакӣ, ин руйхатро раҳбари ҳизб, ҳоло вакили парлумон сарварӣ хоҳад кард.

Ба қавли худи Муҳиддин Кабирӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ рӯйхаташро аз аъзои сиёсатмадори ҳизб тартиб хоҳад дод. Вай афзуд, зарурати ҳузури номзадҳое аз хориҷи ҳизб дар он вуҷуд надорад, магар ин ки чунин иродаро анҷумани ҳизб надошта бошад: “Агар шоирон, академикҳо ва шахсиятҳои маъруф дар ин рӯйхат бошанду барои ҳизб раъйи бештар оранд, аммо таҷрибаи кор дар парлумонро надошта бошанд, ин ҳам ба парлумон ва ҳам ҳизб нафъ надорад. Ин як анъанаи Шӯравӣ аст, ҷалб кардани говдӯшу коргарону намояндагони дигар касбу кор. Ҳоло вазъ тамоман дигар аст ва бархӯрди ҷиддиро талаб мекунад.”

Ҳизби исломии Тоҷикистон дар порлумон ду ҷой дорад, ки якеро раиси ҳизб ва дигареро ноиби ӯ соҳиб шудаанд. Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон низ тақрибан дар ҳамин вазъ қарор дорад. Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон, аз ветеранҳои парлумони Тоҷикистон аст, ки се навбат ба ин сӯ бо муовинаш Исмоил Талбаков ҳизбашонро дар парлумон намояндагӣ мекунанд.

Вай мегӯяд, комилан хилофи аз шахсиятҳои раъйовар ё ҷавонони технократ тартиб додани рӯйхати ҳизбаш аст. Ва меафзояд, Ҳизби коммунист аз ҳамаи ҳизбҳои дигар фарқ мекунад, зеро мехоҳад низоми ҷамъиятиро аз сармоядорӣ ба сотсиалистӣ тағйир диҳад ва барои ин афроде заруранд, ки ба ғояҳояш вафодоранд: "Аз шахсиятҳову ҷавонон чӣ фоида аст? Нест. Ҷавон аст, пир аст, шахсият ҳаст, нест, ба идея содиқ бошад. Ин ҷамъияте, ки ҳоло зиндагӣ мекунем, ҷамъияти коммунистҳо нест. Ҷамъияти сармоядорон аст, ки сари коргару деҳқон чормағз мешикананд,” - мегӯяд ҷаноби Шабдолов.

Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон ё тавре мегӯянд, ҳизби ҳоким, ки ки аксари курсиҳои порлумонро ишғол кардааст, ҳисобу китоби худро дорад ва ба назар мерасад, тағйире дар низоми вурудаш ба сабқати интихоботӣ вуҷуд надорад. Ҳизби халқӣ – демократӣ мегӯяд, рӯйхати қаблии номзадҳояш мушаххас шуда, ҳоло рӯи мизи раиси ҳизб, ҳамзамон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ба қавли Усмон Солеҳ, сарвари шуъбаи робита бо ҷомиа, ин як рӯйхатест, ки 90 дарсад аз чеҳраҳои нав ва ба таври истисноӣ, аз аъзои ҳизб иборат аст: “Дар рӯйхате, ки барои баррасӣ пешниҳод кардем, ҳамагӣ аъзои ҳизб ҳастанд. Раис ҳанӯз дар ин бора назари худро иброз надоштаанд. Бо ин вуҷуд, рӯзи шанбе (13 декабр) маълум мешавад. Варианти охирин ҳам дар дасти мо нест, дар ихтиёри роҳбарият аст.” - Гуфт ҷаноби Усмон дар сӯҳбат бо мо.

Номе, ки аз ин руйхат ҳоло расонаӣ шудааст, Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маориф ва ҳоло ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст. Дар гузашта ҲХДТ асосан рӯйхаташро аз чеҳраҳое тартиб медод, ки мансабдор буданд ва ин як гуна ҷойбаҷойгузории кадрҳои ҳизбӣ низ буд. Аз рӯи ин схема, мансабдор депутат мешавад ва то бознишастагӣ дар ҳамин симмат мемонад.Аз таҷрибаи ду интихоботи қаблии парлумонӣ дар солҳои 2005 ва 2010 бармеояд, ки аксари 16 номзади ҳизби ҳоким намояндаи билқувваи парлумон ҳастанд.

Дар ҳоле, ки аҳзоби таҷрибадор бо чеҳраҳои барои худ мақбул, аммо барои ҷомиа маъмулӣ ва ошно ба пешвози интихобот мераванд, ҳизби “миёнасол”  – Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон низ боз ба як набарди дигар омодагӣ мегирад. Ин ҳизб, ки онро дар Тоҷикистон ҳизби «Интеллигенция» ҳам ном мебаранд дар тамоми талошҳои ахири худ барои дарёфти курсие дар порлумон муваффақ набудааст. Дар гузашта аз ин ҳизб рӯзноманигорон, соҳибкорон, додрасҳо ва дигарон низ вориди сабқатҳои интихоботӣ шуда буданд, аммо дастболо нашуданд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, мегӯяд, социалистҳо мухолифи пешниҳоди номзадии шахсиятҳои маъруф нестанд, аммо гумон намеравад, ки нафаре бихоҳад дар заминаи ҳамкорӣ бо ҳизби мухолифин бо ҳукумат мушкил пайдо кунад. “Мо шахсиятҳо ва рӯшанфикронро даъват мекунем, аммо онҳо бо мақомот мушкил пайдо мекунанд, ё иродаи сиёсӣ надоранд ва ё дигар омилҳоеро мисол оварда, аз номзад шудан аз ҳизби мо худдорӣ мекунанд ва мекӯшанд, аз Ҳизби халқӣ – демократӣ пешниҳод шаванд,”- гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон ҳизбе, ки бештар ба ҳукумат таваҷҷуҳ дорад, 8 нафарро барои порлумони оянда номзад интихоб кардаат. Исми ин 8 нафар дар нишасти анҷуман эълон мешавад. Аммо аз ҳоло маълум аст, ки ҷойҳои аввал дар рӯйхат ба раиси сотсиалистҳо Абдуҳалим Ғаффоров ва муовини ӯ Зариф Наимов таалуқ мегирад. Дар ин рӯйхат як акдемик низ ҳаст, ки узви ҳизб нест.

Ҳамин тавр, дар суҳбат бо мо раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Саидҷафъар Усмонов гуфт, ки барои интихобот омодагии ҷиддӣ мегиранд ва ҳоло сари руйхати ба як иттифоқи назар наомадаанд. Ӯ эҳтимоли пешниҳод шудани шахсияти маъруфи ғайриҳизбиро, ки барои ҳизб раъйи мардумро орад, баъид намедонад.

Намояндагони Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, ки дар интихоботи соли 2010 соҳиби ҷой дар парлумон шуданд, мегӯянд, руйхати номзадҳояшонро дар анҷуманҳояшон маълум хоҳанд кард. Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ дорад, ки теъдоди дақиқи онҳоро ба ҷуз худи ҳизбиҳо касе насанҷидааст, вале ҳамагӣ аз даҳҳо ҳазор нафар ном мебаранд.

“Озодӣ”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi