ИНТИҚОДИ АФВИ БАЙНАЛМИЛЛАЛ АЗ ТОҶИКИСТОН
Созмони Афви Байналмиллал (Амнести Интернешнол) дар гузориши худ дар бораи вазъи занони Тоҷикистон аз давлати ин кишвар хостааст, хушунати хонаводагиро ҳамчун ҷиноят ҷиноят пайгирӣ кунанд. Ин гузориш дар бораи вазъи вахими ҳуқуқи занони тоҷик дар хонавода садо баланд карда ва менависад: “Занон дар Тоҷикистон дар оила дучори лату кўб, таҳқир ва таҷовуз мегарданд, аммо мақомоти давлатӣ дар ин масъала муносибати ҷомеаро инъикос менамоянд ва дар рўй додани хушунат дар хонавода худи занонро гунаҳкор меҳисобанд.”
Дар ин гузориш исрор шудааст, ки “Ба занон ҳамчун ғулом ва моликияти оилаи шавҳар муносибат мекунанд. Онҳо намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд, зеро мақомоти давлатӣ дар ин мавридҳо оштӣ додани зану шавҳарро вазифаи худ медонад.” Дар ин гузориш мехонем, ки тақрибан 30 то 50 дарсади занони Тоҷикистон ба таври муназзам мавриди хушунат қарор мегиранд.
Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид низ рӯзи 24 ноябр дар Душанбе гузориши худро дар бораи хушунат алайҳи зан дар Тоҷикистон муаррифӣ кард. Созмони Милал ҳам монанди созмони Амнести Интернешнол фақр, бекорӣ дар ҷомеаи мардсолориро аз авомили аслии хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон унвон мекунад.
Дар ин гузориш вазъи феълии занони кишвар бо даврони Иттиҳоди Шӯравӣ муқоиса шудааст. "Шуравӣ биҳишт барои занон" Таъкид шудааст, сатҳи даромад дар Тоҷикистон дар даврони шӯравии пешин бар асоси шохиси Барномаи Рушди СММ “мутавассит” буда ва занон, бахусус, модарони серфарзанд аз имтиёзоти фаровони иҷтимоъӣ бархурдор буданд ва аз сӯйи давлат кумакпулӣ дарёфт мекарданд.
Ҳамчунин, синну соли издивоҷ барои духтарон 18 сол муқаррар шуда ва мавориди бисёрникоҳӣ ё бисёрзанӣ ва издивоҷи иҷборӣ мамнӯъ маҳсуб мешуд. Ин ҳамоиш ба ибтикори давлати Тоҷикистон, дафтари минтақавии Идораи Комисариёи Олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон ва Институти “Ҷамъияти Кушода”-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимнан, Яқин Уртук, намояндаи вижаи Созмони Милал пас аз дидор аз Тоҷикистон дар соли гузашта ва таҳқиқу бозрасии вазъи занони тоҷик ин гузоришро таҳия карда ва барои баррасӣ ба иҷлосияи Маҷмӯъи Умумии ин созмон пешниҳод карда буд.
Дар гузориш омадааст, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 арзишҳои даврони шӯравӣ аз миён рафта ва тавассути таблиғоти динӣ арзишҳои мардсолорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон зуҳур кардааст.
Ба гуфтаи Фиона Фрейзер, намояндаи Дафтари минтақавии Идораи Комисариёи СММ дар умури ҳуқуқи башар, “вазъи феълӣ дар Тоҷикистон занонро ба мутеъ будан ва сари итоъат фуруд овардан дар назди шавҳар ва хонаводаи ӯро тақозо мекунад.”
Аз сӯйи дигар, мавориди бисёрзанӣ ва издивоҷи бармаҳал дар ҳоли афзоиш буда ва ҳудуди 40 дар сади духтарони синфҳои болоӣ дар манотиқи рустоӣ аз мадорис хориҷ шудаанд. Хонуми Фрейзер мегӯяд, ки дар канори ин авомил вобастагии иқтисодӣ ва ноогоҳии фазояндаи занон аз ҳуқуқҳои худ, онҳоро дар баробари хушунат осебпазир сохтааст.
Эътирозоти занон ба хушунат
Дар гузориши вижаи намояндаи Созмони Милал таъкид шудааст, ки умдатан занҳои Тоҷикистон дар эътироз ба мавориди фаровони хушунат даст ба худкушӣ, умдатан аз роҳи худсӯзӣ мезананд. 70 дар сади занҳо дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, ки кӯшиши худкушӣ кардаанд, далели ин амалро ба мавориди лату кӯб аз ҷониби шавҳар ва озору азияти аъзои хонаводаи ӯ марбут хондаанд. Тибқи иттилоъи расмӣ, дар соли 2007 дар ин вилоят123 ҳодисаи худкушӣ сабт шудааст, ки дар 74 маврид ин амал аз сӯйи занҳо иттифоқ афтодааст.
Яқин Уртук, намояндаи вижаи Созмони Милал дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон аз зиндони занона дар шаҳри Норак дидан кардааст, ки дар он ҷо занони қотил низ ба сар мебаранд. Хонуми Уртук дар гузориши худ таъкид кардааст, ки ин занҳо ба манзури интиқом аз мардони дилозор ё ба хотири ҳифозат аз худ аз қатл кор гирифта ва ба муддати аз 7 то 20 сол равонаи зиндон шудаанд.
Ба эътиқоди Яқин Уртук ин гуна занҳо, ки фарзандони хурдсол доранд, бояд мавриди афв қарор бигиранд. Зимнан, тибқи Қонуни афви соли ҷорӣ куллияи занҳо, бо шумули занҳои ба қатл дастзада афв шуда ва муддати адои ҷазои онҳо коҳиш ёфтааст.
Посухи давлати Тоҷикистон ба гузориши СММ
Давлати Тоҷикистон бахши аслии нуқоти гузориши Яқин Уртук, намояндаи вижаи Созмони Милал дар мавриди хушунат алайҳи зан дар ин кишварро воқеъбинона ва бештари тавсияҳои онро қобили қабул хонд. Абдуқодир Исматов, муъовини раиси бахши кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки посухи давлати Тоҷикистон ба гузориши СММ-ро муаррифӣ мекард, гуфт, ки дар Қонуни Асосии ин кишвар баробарии ҳуқуқи зану мард замонат дода шудааст.
Бо ин вуҷуд оқои Исматов эътироф кард, ки ҳоло дар ҷомеъаи Тоҷикистон мафкураи мардсолорӣ ҳукмфармо буда ва умдатан, зан ба унвони кадбонуи хонавода ва модари фарзандон талақӣ мешавад. Аммо бештари ширкаткунадагони ҳамоиш посухи давлати Тоҷикистон ба гузориши намояндаи СММ дар бораи хушунат алайҳи зан дар ин кишварро ноқис хонда ва гуфтанд, ки дар он ба бисёре аз масоили мавриди баҳс ва пешниҳодот посухе дода нашудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси созмони “Бонувони таҳсилкарда” давлат ба пешниҳоди СММ дар мавриди таъсиси паноҳгоҳҳо барои занони аз хушунат осебдида посухе надодааст. Амнести Интернешнол, созмони дигари ҳуқуқи башар ки ҳамзамон гузориши худро дар бораи ин мушкил интишор кард, низ давлати Тоҷикистонро дар иҷро накардани тааҳудоти байналмиллалиаш дар ин замина интиқод кард.
Таъкиди аслии ин созмон дар пешниҳод ба давлати Тоҷикистон дар ин бора бар он аст, ки бархурди ниҳодҳои пулис ба мавориди таҳқир, таҷовуз, лату кӯб ва ҳама гуна хушунати хонаводагӣ бояд тағйир ёбад ва муртакибони ин ҷиноёт ба унвони ҷинояткорон мавриди пайгарди қонунӣ қарор бигиранд.
Абдуқодир Исматов, муъовини раиси бахши кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки барои таъсиси паноҳгоҳҳо маболиғи ҳангуфте зарур аст ва дар шароити феълӣ будҷаи ин кишвар имкони тахсиси ин миқдор маблағро надорад.
Вай гуфт, ки ба далели мушкилоти молӣ пешнависи қонуни “Ҳимоят аз зӯроварӣ дар хонавода” низ, ки дар он таъсиси паноҳгоҳҳо барои занону кӯдакони аз хушунати хонводагӣ осебдида пешбинӣ шудааст, то ҳол тасвиб нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Набиҷон Самадов, корманди Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки ба манзури иҷрои тавсияҳои гузориши СММ дар бораи ҷилавгирӣ аз издивоҷи бармаҳалл ва дар канор мондани духтарон аз таҳсил, ду мавзӯъи издивоҷи духтарон танҳо пас аз синни 20 солагӣ ва таҳсилоти ҳатмии 12 сола дар мадориси ин кишварро баррасӣ мекунад.
Ҳамзамон, масъулони давлати Тоҷикистон гуфтанд, ки посухи феълӣ ба гузориши намояндаи СММ дар бораи хушунат алайҳи зан дар ин кишвар комил набуда ва қарор аст, гузориши расмӣ дар ин замина баъдан ба СММ ироа шавад. Гузоришҳои Амнести Интернешнол ва СММ дар бораи вазъи вахими ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон дар ҳоле мунташир шудаанд, ки 25 ноябр мусодиф бо Рӯзи Ҷаҳонии мубориза бо хушунат алайҳи занон аст.
Би-Би-Си