ВОКУНИШИ ТОҶИКИСТОН БА ИДДАОҲОИ УЗБАКИСТОН
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти хабарии вижа имрӯз, 25-уми ноябр, масъалаи хуруҷи Узбакистон аз системаи ягонаи таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказиро «тасмими сиёсӣ» номид. Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳислом Шоҳисоломов се рӯз қабл 23 ноябр дар як брифинг зимни шарҳи хуруҷи Узбакистон аз системаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ гуфта буд, ки ин як тасмими иҷтимоии дохили ин кишвар мебошад.
Дар нишасти хабарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндагони мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» ва Вазорати энержӣ низ ширкат доштанд. Намояндагони ширкати «Барқи тоҷик» ва Вазорати энержӣ даъвои Узбакистон дар мавриди талафоту дуздии барқ аз тарафи мақомоти Тоҷикистонро беасос шуморида, тасмими Узбакистонро дар мавриди хуруҷ аз системаи ягонаро иштибоҳи Тошканд номиданд.
Онҳо таъкид карданд, ки бо вуҷуди он ки хуруҷ аз системаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ бештар ба худи Узбакистон зарар дорад, вале Тошканд дар рӯзҳои сармо, ки барои Тоҷикистон умдатан мушкили барқ пеш меояд, ба хотири эҷоди монеа даст ба ин иқдом мезанад. Ба назари намояндагони Вазорати энержӣ ва ширкати «Барқи тоҷик», бештар аз ҳама Тошканд аз шурӯъи ҷиддии сохтмони нерӯгоҳи барқи обиии Роғун хушнуд нест.
«Озодӣ»