Сергей Лавров: "Набояд касе аз муҳоҷирон сӯистифода кунад"
Русияву Тоҷикистон чаҳор қарордоди ҷадидеро рӯи даст доранд, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо то ҳадди ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 2-юми апрел баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, Душанбе ва Маскав чаҳор қарордоеро рӯи даст доранд, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик кӯмак хоҳад кард.
Ҷаноби Лавров гуфт, бо вуҷуди он, ки то имрӯз барои беҳбуди будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия корҳои назаррасе анҷом шудааст, вале то ҳанӯз дар ин самт мушкилоти зиёде вуҷуд дорад. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, “ҳарчанд дар ин замина аллакай пешрафт дида мешавад, аммо вазифаи аслии мо ин аст, ки муҳоҷиронро аз пушти парда берун бикашем, баробарҳуқуқии онҳоро таъмин намоем, то ҳеҷ кас аз онҳо сӯистифода накунад.”
Ба таъкиди ҷаноби Лавров 4 қарордоде, ки ҳоло рӯи дасти ҷонибҳо қарор дорад, барои қонунӣ кардани фаъолияти муҳоҷирони тоҷик ва рафъи камбудиҳое, ки дар ин росто ҷой дорад, кӯмак хоҳад кард. Ҷаноби Лавров дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, дар баробари баррасии вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ҳамчунин бо президенти Тоҷикистон дар мавриди хатарҳои афзояндаи гурӯҳҳои терористӣ аз сӯи Афғонистон гуфтугӯ кардааст.
Вазири корҳои хориҷии Русия бо ишора ба ин хатарҳо афзуд, Русия омода аст барои таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам созмони СПАД саҳмгузор бошад. Ин мақоми баландпоя мегӯяд, “вобаста ба номӯътадили вазъ дар Афғонистон, ки дар баробари гурӯҳҳои ифротии ИДУ ва Ал-Қоида ҳамчунин “Давлати Исломӣ” низ акнун реша медавонад, мо дар мавриди тавсеаи кӯмаки низомиву фаннӣ ба Тоҷикистон сӯҳбат кардем.”
НИШАСТИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ СПАД ПОЁН ЁФТ
Нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД хостори андешидани иқдомоти амалии шарикон барои кӯмак ба таҳкими марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон шудааст. Нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе бо изҳороти матбуотии Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки раёсати Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД-ро бар ӯҳда дорад, ба поён расид.
Ҷаноби Аслов гуфт, “дар ҷаласа вазъи марбут ба минтақаи СПАД, ба хусус таъмини амният дар Афғонистон ва нигарониҳову хатароти муосир ба таври муфассал баҳсу баррасӣ гардид.”
Ба гуфтаи ӯ, "дар иртибот ба ин масъала ба ҳамтоёни худ роҷеъ ба иқдомоти ин кишвар ба манзури коҳиш додани таъсири нигарониҳо ва хатароти навин гузориш дода ва ба фаъолият ва ҳамкории Тоҷикистон бо ҳукумати Афғонистон баҳои мусбат дода шуд."
Аммо ба таъкиди Сироҷиддин Аслов, раванди иҷрои Қарори Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавриди кӯмак ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон қонеъкунанда нест. Ба ин далел, ҷаноби Аслов гуфт, ки зимни муроҷиат аз шарикон хоста шуд ки ҷиҳати кӯмак ба таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иқдомоти амалиро рӯи даст бигиранд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, “нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои узв дар чорчӯби ин созмон ва инчунин ҳамкории ин созмон бо дигар ташкилоти байналмилалӣ дар умури таъмини амниятро баррасӣ кардааст.”
Дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД, Ивитса Дачич, раиси амалкунандаи САҲА низ ширкат кард. СПАД то кунун таҷрибаи ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дигар ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалиро ба роҳ мондааст. Ба иттилои Сироҷиддин Аслов, дар поёни нишаст чандин қарор ба имзо расид, ки барои таъйид ба Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ироа мешавад.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Cозмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ субҳи рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣқабл аз оғози ин ҷаласа, бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.
Хабарнигори мо аз "Қасри Миллат" хабар дод, ки қабл аз оғози иҷлосияи Шӯрои вазирони кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарони ниҳодҳои дипломатии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия Эдвард Налбандян, Владимир Макей, Ерлан Идрисов, Абдилдаев Эрлан Бекешович ва Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.
Ба дунболи ин мулоқот, вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба бӯстонсарои ҳукуматӣ - маҳали баргузории иҷлоси Шӯрои вазирони кишварҳои узви СПАД рафтанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷиистон қаблан иттилоъ дода буд, ки мавзӯи меҳварии ҷаласаи Шӯрои вазирон баҳси пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақа мебошад.
Барои иштирок дар ин ҷаласа дар баробари намояндаи амалкунандаи САҲА - вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич, инчунин роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча ва директори Маркази САҲА доир ба пешгирии низоъҳо Адам Кобератский даъват шудаанд. Дар ин нишаст дабири кулли СПАД Николай Бордюжа низ ҳузур дошт.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар соли 1992 ба думболи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Тошканд, пойтахти Узбакистон таъсис ёфт. Вале баъдан Узбакистон кишваре, ки мизбони муассисони ин паймон буд, дар соли 1999 ҳамроҳ бо Озарбойҷон ва Гурҷистон ба нишони эътироз аз нокифоягӣ дар фаъолиятҳои он аз ҳайъати паймон хориҷ шуданд. 14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд.
Давлатҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд.
«Озодӣ»