А.Антонов: "Давлати исломӣ" ба марзи Тоҷикистон расидааст
Ноиби вазири дифои Русия аз ҳузури нерӯҳои "Давлати исломӣ" дар марзи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, Маскав барои муқобила бо ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ёрӣ дода, Русияро ҳимоят хоҳад кард.
Анатолий Антонов - муовини вазири дифои Русия аз ҳузури нерӯҳои "Давлати исломӣ" дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар додааст. Вай рӯзи 9 апрел дар саҳифаи Твиттери вазорати дифои Русия навиштааст, "бо ёрӣ додан ба Тоҷикистон, мо Русия ва, ҳамин тавр, кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъиро, ки муттаҳидони моянд, ҳимоят хоҳем кард."
Ин мақоми баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ки дар вазорати дифои он кишвар умури равобити байналмилалиро бар ӯҳда дорад, 27 январи соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо Шералӣ Мирзо – вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин бора ишора карда ва гуфта буд, "Тоҷикистон форпости мо дар мубориза бо терроризм ва чолишҳову таҳдидҳои дигар аст" ва вазорати дифои Русия "тамоми кори аз дасташ меомадаро хоҳад кард, то нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурқувват, қудратманд, пурҳаракат, ҳирфаӣ ва муҷаҳҳаз бо таслиҳот ва техникаи низомии муосир бошад."
Сарони ситодҳои кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ рӯзи 9 апрел дар як нишаст дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд гуфтанд, барои муқобила бо таҳдиди эҳтимолии созмони "Давлати исломӣ" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омодаанд. Генерал-майор Зариф Шарифзода, сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон ин нишастро "босамар" хонд ва гуфт, мавзӯи асосӣ вазъ дар Афғонистон ва таҳдиди нерӯҳои "Давлати исломӣ" буд.
Валерий Семериков, муовини дабири кулли СПАД ё ОДКБ, фаъол шудани нерӯҳои "Давлати исломӣ"-ро дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро "таҳдиди ҷиддӣ" барои амнияти на танҳо кишварҳои узви ин созмон, балки тамоми ҷаҳон унвон кард. Ӯ дар посух ба саволи Озодӣ дар бораи он ки ин созмон чӣ чораҳои мушаххасе ҷиҳати муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолии ин созмон рӯи даст гирифтааст, гуфт, "дарвоқеъ, фаъол шудани ин созмон дар марзи Тоҷикистону Афонистон ба назар мерасад ва мо ҷиҳати бартараф кардани таҳдиди он ба амнияти кишварҳои узви ин созмон омодаем ва нерӯи кофӣ дорем."
Генерал Семериков афзуд, "яке аз масъалаҳои муҳим, ба назари ман, таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон аст. Зимнан, дар мавриди расондани ёриҳои фанниву низомӣ ба Тоҷикистон барвақт, соли 2013, дар Сочӣ тасмим гирифта шуда буд ва қисмати аввали ин ёриҳо аз сӯи бархе кишварҳо расонда шудааст."
Муовини дабирик улли СПАД дар мавриди таъмини нерӯҳои худи ин созмон бо аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ афзуд: "Имрӯз чунин тарҳ вуҷуд дорад. Ҳоло барои амалӣ кардани ин тарҳ маблағҷустуҷӯ мешавад. Аммо, гумон мекунам, соли 2016 оғоз мешавад. Ҳамчунин тарҳҳои дуҷониба байни кишварҳои узви СПАД ҷиҳати ироаи ёриҳои низомӣ вуҷуд дорад."
Русия дар пойгоҳи низомии 201-и худ дар Тоҷикистон ҳафт ҳазор низомӣ дорад ва мехоҳад шумораи онҳоро то 9 ҳазор дар чанд соли оянда афзоиш диҳад. Ба назар мерасад, Русия дар кишварҳои узви СПАД дар зимни пешомади эҳтимоли муқобила бо нерӯҳои тундгаро умдатан рӯи нерӯҳои маусаллаҳи худ такя хоҳад кард.
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ моҳи гузашта дар як нишаст дар Душанбе гуфта буд, дар сурати зарурат нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ин созмон то се рӯз ба марзи Тоҷикистон хоҳанд расид. Ин изҳороти Бордюжа норозигии Кобулро ба вуҷуд овард ва мақомҳои афғон гуфтанд, агар таҳдиде аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳаст, ҳарду ҳамсоя омодаанд муштаракан гуруҳҳо нобуд кунанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 10 апрел дар Тошканд ҷаласаи 26-уми Шӯрои минтақаии сохторҳои зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд ба кори худ оғоз карда, мавзӯи мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароиро баррасӣ хоҳад шуд. Ба ин созмон Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистону Чин шомиланд.
«Озодӣ»