21:46:07 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Абдулло Ҳабибов: "Агар заррае хидмат карда бошам, хушбахтам"

Генерал-майор Абдулло Ҳабибов, ки 1-уми майи cоли 1940 таваллуд шуда, ба синни 75 расид, дар гуфтугӯ ба пурсишҳои мо роҷеъ ба роҳи тайкарда ва хотираву андешаҳои имрӯзааш посух дод.

general-abdullo-habibov_124.jpgГенерал Абдулло Ҳабибов аз афродест, ки шебу фарози зиндагияш ба андозаи зиёд бо таърихи кишвар ҳамоҳангу ҳамсадост. Дар давраи Шӯравӣ карйераи ӯ рӯ ба боло буд ва то мақоми яке аз раҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ расид. Аммо замони пуршӯри фурӯпошии Шӯравӣ сарнавишти ӯро низ дигар кард. Вай аз мақомаш барканор гардид ва гӯё ҳама чиро аз нав сар кард.

Дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон аз ҳукумати нав пуштибонӣ намуд ва иҷрои вазифаҳои душвореро дар ниҳодҳои интизомӣ бар дӯш гирифт. Солҳои зиёд аз қонунгузорони мӯътабари парлумон буд ва баъд аз синни нафақа низ аз саҳнаи кишвар дур нашуд, ҳамчун коршиноси масоили амниятӣ дар баҳсҳои зиёд, аз ҷумла барномаҳои мо ширкат меварзид ва акнун ба синни 75 расидааст. Дар зодрӯзаш 1 май ҷаноби Ҳабибов ба чанде аз пурсишҳоямон посух дод.

-Шумо ҳам замони Шӯравӣ ва ҳам дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар зинаҳои гуногуни қудрат кор кардаед. Ҳоло ин ду давраро бо ҳам чӣ гуна қиёс мекунед?

-Ин ду давра хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар давраи Шӯравӣ мо узви як иттиҳодияи бузург будем ва аз нуқтаи назари низомӣ гирем дар Тоҷикистон ба ду кас рутбаи генералӣ медод. Раҳбари комиссариати ҳарбӣ ва вазири умури дохилӣ. Имрӯз бошад, Тоҷикистон як давлати соҳибистиқлол аст. Артиши миллӣ дорад. Тамоми озодиҳое, ки ба дигар кишварҳо мансубият дорад, дар Тоҷикистон низ ҳаст.

Имрӯз агарчӣ як давлати хурд ҳам бошем, лекин узви СММ ҳастем. Дар радифи ҳама кишварҳои хурду бузург мо низ ҳақ дорем. Албатта, ин чизи қиёснашаванда аст. Аммо Шӯравӣ низ хубиҳои худро дошт. Имрӯз дар замони соҳибистиқлолиямон ифтихори дигар дорем. Вазифаҳои дигар дорем. Фикр мекунам, ҳар як тоҷик аз кишварамон ифтихор мекунад.

-Шумо гуфтед, Шӯравӣ хубиҳои худашро дошт. Шӯравиро бештар бо кадом хубиҳояш ба ёд меоред?

-Пеш аз ҳама мо бояд як чизро қайд кунем, ки дар Шӯравӣҳама соҳиби ҷой кор буд. Як системаи хуби таълиму тарбия буд. Ҳар шахсе, ки дар пеши худ як мақсад мегузошт, ба ҳар ҳол метавонист соҳиби он шавад. Имрӯз бошад азбаски бӯҳрони иқтисодӣ хеле зиёд аст, давлати мо он қадар давлати бой нест. Бубинед, ки зиёда аз як миллион тоҷик дар дигар кишварҳо кор мекунанд. Муҳоҷири меҳнатӣҳастанд. Дар Тоҷикистон бошад, муассисаҳои саноатӣ хеле кам ҳастанд. Саноати мо суст аст. Пеш аз ҳама мо бояд гӯем, ки синфи миёнаи мо то имрӯз таъсис наёфтааст.

-Нақши худро дар таҳаввулоти ду ё се даҳаи ахири Тоҷикистон дар чӣ мебинед?

Нақши як нафар дар суботу тараққиёти давлат ҳеҷ аст. Лекин ман ҳар қудрату тавоноӣ ва донише, ки доштам, барои давлату миллатам сарф кардам. Дар кадом вазифа ва самте кор накарда бошам, вазифаи худро ҳалол кор кардаам ва агар заррае ҳам барои рушди кишвар саҳм гузошта бошам, хушбахтам.

-Шумо дар даврае кор кардед, ки рӯйдодҳои феврали соли 1990 ва сипас ҷанги дохилӣ рӯй дод...

-Солҳои 1990 хеле солҳои вазнине буд. Парешоншавии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ҳар ҷумҳурие, ки дар ҳайати Шӯравӣ буд, соҳибистиқлол шуд. Қадамҳои аввал хеле мушкил буданд. Аз он ҷумла дар Тоҷикистон мо. Ҳодисаҳое, ки дар феврали соли 1990 дар Тоҷикистон рух дода буд, он чиро нишон медод? Пеш аз ҳама онро нишон медод, ки мардум мехост, озод бошанд. Мардум мехост истиқлолият ба даст биёрад.

Мардум мехост, ки озодона ба забони худ сӯҳбат кунад ва умуман давлати худро дошта бошанд. Албатта, буданд қувваҳое, ки инро яку якбора қабул надоштанд. Монеаҳои зиёде пеш меоварданд. Заминаи воқеаҳои солҳои 1990 ана ҳамин буд. Аз як тараф мардум намехост ба шакли пешина зиндагӣ кунанд аз ҷониби дигар ҳукуматдорон наметавонистанд, ки мардумро қонеъ намоянд. Маҳз ҳамин чизҳо боиси ба миён омадани шӯришҳо гардид.

-Баъди сар задани ҳодисаҳои февралии солҳои 1990, ки таҳавуллот ба миён омад, боиси шикасти баъзе чеҳраҳо гардид. Аз ҷумла шикасти шумо низ...

-Ман иштирокчии бевоситаи ҳама ҳодисаҳо будам. Таҳлилҳои зиёде низ кардаам. Фикр мекунам, камбуди асосии Тоҷикистони мо дар он буд, ки он вақт раҳбари пурқудрату донишманду хирадманд надоштем. Раҳбари ҷасур надоштем. Ҳодисаҳое шуданду баъдаш раҳбарон ба истеъфо рафтанд ва боз баргаштанд, ҳар яке аз онҳо курсии худашро додан намехост. Талош мекарданд, аз курсии худашон нараванд. Дар бораи халқу ояндаи миллат ҳеҷ яке аз онҳо фикр намекарданд.

Бинобар ин андеша мекунам, ки агар ягон нафари қудратманду дурусттар мешуд Тоҷикистон ба ин роҳ намерафт. Дар бораи ман бошад ё як гурӯҳ одамоне, ки гунаҳкорашон карданд, ин баҳона буд. Баҳона барои ҳамон лаҳза, ки худро бояд сафед мекарданд. Барои онҳо одамоне лозим буданд, ки сиёҳ кунанду гуноҳи худро бар сари онҳо зананд. Аммо хушбахтона санҷиши прокуратура нишон дод, онҳоеро, ки чун табадуллотчиён гунаҳкор мекарданд, асос надошт.

Санҷиш муайян кард, ки он ҳама гапи хушку холӣ будааст. Лекин онҳо аз лаҳза истифода бурда, ҷонашонро хариданд. Замоне, раҳбарони Тоҷикистон истеъфо рафтанд, агар аз қисми ҷавонони дар Кумитаи марказӣ кор мекарда ё дар вилоятҳо раҳбарони нав интихоб мешуд, мумкин онҳо метавонистанд, тақдиру авзои Тоҷикистонро ба тарзи дигар баранд. Тоҷикистон ба ҷангӣ шаҳрвандӣ дучор намешуд.

-Шумо масҷид сохта истодаед. Шумо як коммунист будед ва дар давлате кору фаъолият кардед, ки атеистӣ буд. Ҳоло дар поёни умратон бунёди масҷид чӣ маъно дорад? Оё мехоҳед, бо ин кор дар ёди мардум монед?

-Давлати Шӯравӣ дар ҳақиқат як давлатӣ атеистӣ буд. Ҳарчанд дар қонунҳояш нависта шуда буд, ки ҳар кас метавонад эътиқод дошта бошад, лекин дар асл ин кор мамнӯъ буд. Аммо бо вуҷуди ин бобои ман домуллои хеле калон буд. Дар замони пеш мадраса дошт. Падарам дар назди бобоям хондагӣ буд. Маълумоти хуб дошт. Дар ҳамон давраи Шӯравӣ падари ман намозхон буд. Пинҳонӣ намозашро мехонд. Албатта, моро низ тарбия мекард. Лекин муҳит тавре буд, ки мо узви Ҳизби коммунист будем. Лекин мо дар ягон ҷой намегуфтем, ки астеист ҳастем.

Худоро инкор намекардем. Дар дили ҳар тоҷик дину эътиқод буд. Худоро аз мардуми тоҷик ҳеҷ кас дур карда натавонист. Имрӯз мо озод ҳастем, ҳар одам метавонад дар бораи эътиқодаш ба дин сухан гӯяд. Намоз хонад. Мо, ки ҳоло масҷид бунёд карда истодаем, ба хотири он аст ,ки мардум ҷои хубу озода дошта бошанд барои намоз хондан. Агар гирду атрофи шаҳрчаи моро гирем, мардум дар хонаҳои хеле пасту торик намоз мехонанд. Ин аз як тараф.

Аз тарафи дигар ҳар маҳаллаву ноҳия барои худаш масҷид сохтааст. Мақсади мо низ аз сохтани масҷид он аст, ки як ҷойи шоиста барои мардум омода кунем. Масҷиди мо сеошёна мешавад, то ин ки мардум омада озодона ва бо маданияти баланд намози худро гузоранд. Аз ҷониби дигар онҳо ба ҳам муттаҳид шаванд.

-Милисаи тоҷик бояд аз ислоҳот гузарад, ба назари Абдулло Ҳабибов ҳамчун собиқадори ин соҳа ин ислоҳот чӣ гуна бояд бошад? Чӣ чизро дар бар гирад?

-Вазифаи асосии милиса, ҳифзи шаъну шараф ва озодии мардум аст. Ислоҳоте, ки ҳоло шуда истодааст, якум бояд он кадрҳои хеле қаввӣ ва баландихтисосро дар бар гирад. Содиқ ба миллату Ватан бошанд. Покдаст бошанд. Дуюмаш бояд полис бо мардум робита хеле зич дошта бошад. Полис бояд дар назди мардум ҳисоботдиҳанда бошад. Бояд аз мардум қувва гирад ва бар зидди ҷинояткорон мубориза барад. Кӯшиш кунанд, ки ҳар як шаҳрванд эҳсос намояд, ки милиса ҳифзкунандаи ҳуқуқи ӯст. Ҳимоятгари обрӯи вай аст, на одаме, ки баръаск ба ӯ халал мерасонад. Дар сурати будани ҳама ин чизҳо, ҳамон вақт милиса ба мақсади худ мерасад.

-Ба амнияти Тоҷикистон чӣ хатар таҳдид мекунад? Чун дар ин шабу рӯз ҳам мақомот ва ҳам ҷомеа дар бораи “Давлати Исломӣ” зиёд мегӯянд. Аз зиёд гардидани гурӯҳҳои тундрав дар сарҳади Афғонистон ҳам дорад зиёд хабар дода мешавад...

-Ислом як қувваи хеле бузург аст. Давлатҳои абарқудрат низ инро хеле хуб ҳис мекунанд. Бинобар ин мусулмононро байни худ ҷанг андохта истодаанд. Он қувваҳое, ки имрӯз дар Ироқҷанг карда истодаанду мақсади сохтани як халифатро доранд, ҳамаи инҳо бо роҳбарии кадом қувваи асосие ҳаст. Он қувваи асосие, ки онҳоро идора мекунад, метавонад тезии қувваи исломиҳоро ба ҳар тарафе хоҳад, равона кунад. Ҳоли ҳозир дар Афғонистон ҳам вазъ хеле муташаниҷ аст. Ором нашудааст. Ҳарчанд қувваҳои иттиҳоди НАТО бо мақсади ором кардани вазъ дар Афғонистон бештар аз 10 сол он ҷо буданд, аммо ҳеҷ коре аз дасташон наомад.

Коре накарданд. Афғонистон ҳар тавре буд, аз он бадтар шудааст. Имрӯз тибқи хабарҳо дар Афғонистон қувваҳое пайдо шуда истодаанд, ки давомдиҳанда ё идомаи ҳамон ИГИЛ (ДОИШ) ҳастанд. Барои ҳамин албатта хатар ҳаст. Дар ин сурат мо гуфта наметавонем, ки хатар вуҷуд надорад. Давлати мо хеле солҳост, ки дар амният зиндагӣ доранд. Ба муваффақиятҳо ноил мегардад. Мавқеи худро пайдо кардааст, ки ин ба баъзе кишварҳо намефорад. Бино бар ин мо бояд дар дохили кишвар зичтар муттаҳид шавем, то қудрату қувваи низомие, ки дорем, тавонанд амнияти Тоҷикистонро таъмин кунад.

Генерал-майор Абдулло Ҳабибов 1-уми майи моли 1940 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Дониш давлатии милли Точикистон, Академияи фанҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав мебошад. Абдулло Ҳабибов номзади илми таърих буда, ба ҳайси мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, референти калони дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, сардори шӯъбаи сиёсии ВКД, Раиси кумитаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, Муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, Мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва вакили мардумии Тоҷикистон, кор кардааст. Ҳоло бознишаста аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi