20:40:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Оғози "таҳқиқи дохилӣ"-и нопадидшавии Гулмурод Ҳалимов

Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодисаи нопадид шудани собиқ сардори ОМОН, полковник Гулмурод Ҳалимов оғоз кардааст.

vazorati-korhoi-dokhila-651.jpgКормандони Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба пажӯҳиши қазияи нопадид шудани сардори собиқи дастаи таъиноти махсуси ин вазорат ё ОМОН, сарҳанг Гулмурод Ҳалимов пардохтааст. Дар ин бора ба мо як манбаи мӯътамад дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ин манбаъ, ки аз зикри номаш дар матбуот худдорӣ кард, рӯзи 14 май ба мо гуфт, баъд аз пахш шудани хабарҳои зидду нақиз дар васоити ахбори ом оид ба нопадид шудани полковник Гулмурод Ҳалимов ва дархости наздикони ӯ ВКД ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст. Вай афзуд, ин тафтишот дар марҳилаи аввал дохилӣ буда, онро Раёсати амнияти дохилии вазорат дар уҳда дорад. Вале натиҷаи он ба расонаҳо иттилоъ дода хоҳад шуд. Куҷо будани сарҳанг Ҳалимов аз аввали моҳи май ба ин сӯ яке аз сархатҳои расонаҳост ва бархе аз онҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки полковник Ҳалимов шаҳодатномаи хидматӣ ва силоҳи худро дар коргоҳаш гузошта, нопадид гаштааст.

Дар ин робита фарзияҳои гуногуни ғайб задани сарҳанг Ҳалимовро нашр шудаанд. Бино бар онҳо сардори собиқи ОМОН гӯё ба ҷанҷгҷӯёни ДОИШ дар Сурия пайвастааст, дар сафари хидматӣ берун аз кишвар аст ё рухсатии худро дар Туркия идома медиҳад.

Пайвандони Гулмурод Ҳалимов мегӯянд, ӯ субҳи 23-уми апрел бо ваъдаи он ки пас аз 3 рӯз бармегардад, аз хона берун шуда, то ҳоло бенишон аст. Назир Ҳалимов, бародари 28-солаи Гулмурод Ҳалимов имрӯз, 12-уми май дар сӯҳбат ба мо нопадид шудани ӯро тасдиқ кард ва гуфт, телефонаш хомӯш аст, аз худ хабаре надодааст, вале афзуд, вай нақшаҳои зиёд дошт ва ҳаргиз дар андешае набуд, ки ба Сурия равад.

Рӯзи 8 май як манбаи наздик ба Вазорати корҳои дохилӣ ба мо гуфт, ки ба Сурия рафтани Гулмурод Ҳалимов раҳбарони ин вазорат ва дигар мақомоти интизомии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Ин манбаъ мегуфт, ҳануз сабаби аслии аз Вазорати корҳои дохилӣ рафтани полковник Ҳалимов рушан нест ва маълум нест, ки вай барканор шудааст ё фирор кардааст. Як манбаи дигари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегуяд Гулмурод Ҳалимов дар Маскав аст ва аз тафсилоти бештар худдорӣ карда мешавад.

Вале сешанбеи 12 май хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба нақли ҳамсӯҳбатони худ гуфт, ӯ вақтҳои охир ба “Давлати исломӣ” ва сохтору ақидаҳояш таваҷҷуҳ нишон дода, ба таблиғи ақидаҳои он пардохтааст ва даҳ нафарро ба ивази маблағ ба Сурия бурдааст. Манобеи мо сарҳанг Ҳалимовро ҳамчун як шахси ботақво ва намозхон тавсиф мекунанд.

Ба навиштаи ин оҷониси хабарӣ, “дӯстони Ҳалимов гуфтанд, ӯ вақтҳои охир аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти ДОИШ, ақидаи онҳо ва амалиёти ҷангияшон маълумоти комил ҷамъоварӣ мекарад. Вай фанатики ДОИШ шуда буд ва ақидаҳояшро дар миёни одамони наздикаш низ паҳн менамуд.”

Дӯстони сарҳанг гуфтаанд, машварати онҳо дар бораи ин ки аз чунин ақида даст бикашад, ӯро асабонӣ мекард. Аммо Назир, бародари сарҳанг мегӯяд: "Он қадар сахт мазҳабӣ набуд. Гоҳ намозҳояшро мехонд ва гоҳ намехонд. Дар ҳамаи амалётҳо, Помиру Ғарм бародарам иштирок мекард, он ҷо ба фикрам дар хавфу хатар тамоман ба намозхонӣҳам намерасид. Ин ҷо мисли дигарон намоз мехонд. Ҳатто касеро фишор намеовард, ки намоз хон ё нахон. Агар ақидааш дигар мешуд, моро маҷбур ба намозхонӣ мекард. Бубинед, ки ман додараш ҳастам, вақте намоз мехонд, ман менишастам, аммо боре намегуфт, ки ту чаро намоз намехонӣ."

Хабаргузориҳо бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти қудратӣ гуфтааст, "Гулмурод Ҳалимов аз ҳисоби шаҳрвандони бекори Тоҷикистон даҳ нафарроо низ бо худ ба Маскав бурдааст ва онҳоро рӯзи 2 май дар фурудгоҳи байналмилалии “Шереметево”-и Маскав ба мушоҳида расидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Икром Умарозода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, дар бораи дар куҷо будани Ҳалимов иттилое надорад. Вай фақат бо овардани ин ҷумла ки чизе намедонад, ба сафи нерӯҳи ДОИШ пайвастани Ҳалимовро рад ё тасдиқ накардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi