23:41:56 13-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сафари наздики Оқохон дар айни 20-солагии аввалин дидораш аз Тоҷикистон

Аз замони аввалин сафари Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ба Тоҷикистон бист сол гузашт. Ӯ моҳи майи соли 1995 вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар Ишкошим бо сокинон сӯҳбат анҷом додааст.

oghokhon-98124545Аз замони нахустин сафари Шоҳзода Оқохони чаҳор, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ба Тоҷикистон бист сол гузашт. Сокинони Бадахшон ҳар сол 25 майро ҳамчун "Рӯзи нур" ҷашн мегиранд ва мегӯянд, ки сафари аввалини Оқохон дар рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ ба онҳо нур оварда ва садҳо нафарро аз гуруснагиву дармондагӣ наҷот додааст.

Торнамои "Исмаилимейл" рӯзи шанбе бо нашри як матлаб гуфт, сафари нахустини Оқохони чаҳор ба Тоҷикистон баъди боздидаш дар моҳи январи соли 1995 аз Маскав, дар моҳи майи ҳамон сол сурат гирифта ва мавзӯи сӯҳбаташ кумак ба сокинон будааст.

Дар аксҳое, ки ин торнамо нашр кард, Оқохони чаҳор ҳангоми суханронӣ дар ноҳияи Ишкошим ва дар иҳотаи гурӯҳи бузурги сокинони Бадахшон тасвир ёфтааст. Ба навиштаи "Исмаилимейл", ин замоне буд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам пошид ва пайравони исмоилия дар қисмати ғарби Тоҷикистон имкон пайдо карданд, бо имоми худ дар иртибот шаванд.

Беш аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби исмоилия дар вилояти Бадахшон ва Душанбеву баъзе аз навоҳии Хатлону Суғд ба сар мебаранд. То кунун пешвои исмоилиҳо чанд бор бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, дар маросими ифтитоҳи Маркази исмоилия, бузургтарин маркази пайравони ин мазҳаби шиа, ҳам иштирок кардааст.

Ӯҳафтаи гузашта дар як номаи худ ба Темур Сариев, нахуствазири нави Қирғизистон, гуфт, ки моҳҳои наздик барои боздид аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Осиёи Марказӣ хоҳад рафт. Ӯ гуфтааст, дар ҷараёни ин сафараш бо корҳои сохтмонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шҳари Хоруғи Тоҷикистон, Нарини Қирғизистон ва Текелии Қазоқистон ошно хоҳад шуд.

Қарор буд, ин сафари Оқохони чаҳор ба Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми ифтитоҳи пули Шоҳон - Хоҳон миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Шӯробод сурат бигирад. Аммо ба далели таъхиркорӣ дар корҳои сохтмонӣ ин сафари ӯҳам ба ақиб уфтод ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, Оқохони чор баъд аз моҳи майи соли 2015 дар ҳар вақти барояш мувофиқ метавонад аз Тоҷикистон боздид кунад. Хабарҳое низ ҳастанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Оқохони чаҳор ҷашни имсолаи ваҳдати миллиро дар Бадахшон бигузаронанд, аммо ин иттилоъро мақомот расман тасдиқ накардаанд.

Шоҳзода Карим Оқохони 4, ки аз соли 1957 имоми 49-уми исмоилиҳост, сармоядор ва аз афроди бонуфузи ҷомеаи имрӯз маҳсуб мешавад ва ба ҳарфи ӯ на танҳо пайравони мазҳаби исмоилия, балки сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои олам ҳам гӯш медиҳанд. Шоҳзода Оқохон муассиси минтақаи фароғатии Порто-Черво дар ҷазираи Сардинияи Итолиёст, ки аз мавзеъҳои дӯстдоштаи истироҳати миллиардерҳои олам мебошад.

Ӯ соли 1957 аз сӯи маликаи Бритониё Елизаветаи ду бо унвони "Аълоҳазрат" ва ду сол баъд аз сӯи шоҳи Эрон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ бо унвони "Аълоҳазрат шоҳ" мушарраф шудааст. Пешвои исмоилиҳо соли 1967 Бунёди Оқохонро таъсис дод ва аз соли 1983 ба ин сӯ - муассис ва раиси Донишгоҳи Оқохони Покистон низ ҳаст.

Бунёди Оқохон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад. Ин бунёд аз соли 1993 ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъол аст. Ширкати “Tcell” яке аз бузургтарин андозсупорандагони Тоҷикистон аст, ки ҳар сол мустақим ба буҷаи Тоҷикистон 100 миллион доллар ворид мекунад ва ҳам Бонки микромолиявӣниз ба ин бунёд тааллуқ дорад. "Серена-Душанбе" аз меҳмонхонаҳои Оқохони чаҳор гуфта мешавад.

Ҳоло дар Душанбе бузургтарин Маркази исмоилиён, ки дар 25 ҳазор метри мураббаъ ва дар маркази шаҳр қомат афрохтааст, низ фаъол мебошад. Пойдевори ин биноро ҳанӯз дар соли 2003 Карим Оқохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд, вале сохтмони он то соли 2009 идома кард. Ин бино бо сармояи Бунёди Рушди Оғохон сохта шуда ва нахустин чунин як марказ дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi