| ЛАТИФ ПИДРОМ: «МАН АГАР АДЛ ХОСТААМ, БАРОИ ҲАМА АҚВОМ ХОСТААМ» |
| Мақолаҳо - Сиёсат | |||
| 30.11.2009 02:27 | |||
|
Дар оғози ҳамоиш устод Мӯъмин Қаноат, яке аз бузургтарин шоирони имрӯзи тоҷик, дорандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ аз таърихи тоҷикони Бадахшон, ба хусус тоҷикони Дарвоз, ёдовар шуда, қайд намуд, ки то замони табартақсими миёни Русияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир дар охири асри 19-и мелодӣ суратгирифта, ин мардум ҳарчанд дар ду тарафи соҳили Панҷ зиндагӣ мекарданд, вале табааи як кишвар ба ҳисоб мерафтанд, бо ҳам рафту омад доштанд.
Муборизаи Латиф Пидром, ки имрӯз барои адлу инсоф ва баробариву баробарҳуқуқӣ садо баланд мекунад, ин идомаи ҳамон пайкору муборизаи ҷадду бобокалонаш барои озодӣ ва ҳақиқат мебошад.
Мирзо Шукурзода нависанда ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик иброз намуд, ки наздик ба бист сол аст, ки Латиф Пидромро мешиносад ва аз кору пайкори ӯ огаҳӣ дорад. Мирзо Шукурзода қайд намуд, ки муборизаҳои Латиф Пидром низ мисли муборизаҳои халқи тоҷик характери дифоӣ доранд. Онҳо ба хотир дифоъ аз ҳайсияти миллӣ ва обрӯйи миллӣ сурат мегиранд. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба муқобили миллати дигаре нигаронида нашудаанд. Дар ҳамин ҳол Шукурзода аз фаъолияти шоирии устод Пидром низ чанд сухани ноб гуфт.
Латиф Пидром баъди ҳозиринро бо фарорасии Иди Қурбон муборакбод гуфтан ва изҳори ташаккурӣ кардан аз ҳамбастагие, ки зиёиёни тоҷик дар дифои ӯ нишон доданд, иброз дошт, ки амалкарди як сол пеши зиёиёни тоҷик дар ҳимояи ӯ вокуниши густурда чи дар расонаҳои хабарии Афғонистон, ва чӣ дар расонаҳои хабарии ҷаҳон доштааст. Дар ин замина гирдиҳамоиҳое ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар хориҷ аз он сурат гирифтааст.
Мақомоти давлатии Тоҷикистон дар асоси он пешниҳодҳое, ки зиёиёни кишвар доданд, тамосҳое бо давлати Афғонистон гирифтанд ва ба он мусоидат намуданд, ки қазия бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл ёбад. Сипас Латиф Пидром сабаби ба чунин мушкилот мувоҷеҳ шуданашро дар он иброз дошт, ки як гурӯҳи нирӯҳои ифротии сиёсӣ талошҳои ӯро барои дифоъ аз ҳуқуқҳои мардуми муқимии Афғонистон нодуруст шарҳу эзоҳ дода, ӯро душман эълон карданд ва барои сари ӯ 200 ҳазор дулори амрикоӣ ҷоиза таъйин намудаанд.
Хушбахтона, ҷаҳон кӣ будани ифротиёнро зуд шинохт ва маҳкум кард. «Ман агар адл хостаам, барои ҳама ақвом хостаам»-, мегӯяд Латиф Пидром. Дар ин навори видеоие, ки пешкашатон мешавад, лаҳзае аз суханронии Латиф Пидром дар ин нишаст сабт гардидааст.
Дар идомаи сӯҳбати хеш Латиф Пидром ба суолҳои сершумори хабарнигорони тоҷик, ки дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд, дар бораи вазъи кунунии Афғонистон ва минтақа посух дод.
Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»
|














