18:09:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Mail Today: Моди аз Раҳмон фурудгоҳи низомии Айниро хоҳад хост

Расонаҳои Ҳиндустон бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати ин кишвар мегӯянд, ки яке масъалаҳои матраҳ дар сӯҳбати Нарендра Моди бо Эмомалӣ Раҳмон иҷораи фурудгоҳи низомии Айнӣ хоҳад буд.

furudgohi-ayni_542154.jpgРасонаҳои Ҳиндустон бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати ин кишвар мегӯянд, ки Нарендра Моди дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон фурудгоҳи низомии Айниро барои иҷора хоҳад хост. Фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки боқимонда аз даврони Шӯравист, дар 10-километрии ғарби Душанбе ҷойгир аст ва соли 2007 бо сармояи Ҳиндустон таъмиру бозсозӣ шуд.

Нарендра Моди, нахуствазири Ҳиндустон шоми 12 июл вориди Душанбе шуда, бо мақомоти кишвар, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот анҷом хоҳад дод. Моди тақрибан як ҳафта боз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба сар мебарад ва сафараш ба минтақаро бо боздид аз Тоҷикистон хотима мебахшад.

Mail Today 12 июл бо такя ба қавли манбааш дар ҳукумати Ҳиндустон навишт, ки яке аз масъалаҳои матраҳ дар сӯҳбати Модӣ бо оқои Раҳмон иҷораи пойгоҳи низомии Айнӣ будааст. Ин манбаъ гуфта, ки ҳарчанд Деҳлӣ дар ҳашт соли пеш фурудгоҳи Айниро таъмиру бозсозӣ кард, аммо таҳти фишорҳои Русия наметавонад, чархболу нерӯҳояшро ба он ҷо бибарад. "Дарёфти пойгоҳи ҳарбӣ дар хориҷа, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст. Аммо дар масъалаи фурудгоҳи низомии Айнӣ бояд пеш аз ҳама Тоҷикистону Русия бо якдигар ба тавофқ бирасанд,” - гуфтааст маршал Прадип Васант Найк ба Mail Today.

Ҳиндустону Тоҷикистон аз соли 1992 боз равобити дипломатӣ доранд ва ин кишвар фурудгоҳи низомии Айниро бо харҷи бештар аз 20 миллион доллар бозсозӣ кардааст. Солҳо боз ин сарусадоҳо дар нашрияҳои дохилу хориҷ мечархад, ки гӯё Тоҷикистон фурудгоҳи Айниро барои истифода ба Ҳиндустон додааст, аммо Вазорати дифои кишвар чунин як иттилоъро рад мекунад.

Фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки дар замони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон низ аз он истифода мешуд, имкони қабули ҳама навъи ҳавопаймои низомиеро дорад, ки дар бузургтарин артишҳои дунё мавҷуд аст. Интизор меравад, зимни боздидаш аз Тоҷикистон, Нарендра Модӣ ба як бемористони низомӣ барои 50 кат дар ҳудуди қисми низомии 07017-и Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон низ биравад. Ин бемористони сеқабата, ки бо маблағгузории ҳукумати Ҳинд сохта шудааст, дар октябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣқарор гирифт. Ин бемористони низомӣ бо таҷҳизоти муосири сохти Ҳинд муҷаҳҳаз шудааст ва тибқи тавофуқ, 73 мутахассиси ҳиндӣ дар давоми ду соли оянда ба ҳамкасбони тоҷики худ тарзи кор кардан бо ин дастгоҳҳои тиббиро хоҳанд омӯзонд.

Бо вуҷуди сатҳи начандон бузурги ҳамкориҳои иқтисодӣ, Ҳинд аз лиҳози сиёсӣ аз кишварҳои суннатан дӯсти Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале Душанбе мехоҳад, ҷанбаи иқтисодии дӯстиаш бо Деҳлии навро тақвият бахшад. Аз ҷумла бо истифода аз фурсатҳои муносибе, ки сафари сарвазир Моди ба Тоҷикистон фароҳам меорад.

Тарҳи дигари Ҳинд дар Тоҷикистон марбут ба пойгоҳи ҳавоии Фархори вилояти Хатлон буд. Дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон, пойгоҳи ҳавоии Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, дар ихтиёри Аҳмадшоҳи Масъуд - фармондеҳи нерӯҳои Эътилофи шимоли Афғонистон қарор дошт ва Ҳиндустон ба ҳайси яке аз кишварҳои ҳампаймони ин Эътилоф дар Фархор як бемористони низомӣҳам дошт, ки дар он сарбозони захмии Аҳмадшоҳи Масъудро муолиҷа мекарданд. Аҳмадшоҳи Масъуд баъд аз сӯиқасди соли 2001 низ маҳз ба ҳамин бемористони Фархор оварда шуд ва дар ҳаминҷо ҷон дод. Баъди суқути режими Толибон зарурати ҳифзи пойгоҳи Фархор аз байн рафт.

Қаблан сарвазири собиқи Ҳиндустон Атал Бихари Ваҷпайи низ бо як сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид карда, раисиҷумҳури Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон дар 23 соли раҳбариаш 5 дафъа ва бори охир дар соли 2012 ба Ҳиндустон сафар кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi